Бонки Ҷаҳонӣ: 10 миллион доллар барои коҳиши мизони фақр ва камбизоатӣ
Созишномаи навбатӣ миёни вазорати молия ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе ба имзо расид.
Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, маросими имзои санад байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба маблағгузории барномаи панҷуми грантии татбиқи чораҳои сиёсӣ ба маблағи 10 миллион доллар сурат пазируфт ва аз ҷониби Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва аз тарафи дигар директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Моту Конишӣ зери ин ҳуҷҷат имзо гузоштанд.
Гуфта мешавад, маблағи мазкур барои дастгирии барномаи ислоҳот дар дурнамои коҳиши мизони фақр ва камбизоатӣ масраф мегардад. Ҳамчунин, гранти мазкур кўмак барои рушди иқтисодиёт ва бевосита барои дастгирии буҷаи мамлакат равона хоҳад шуд. Бурси навбатии Бонки Ҷаҳонӣ дар маблағгузорӣ намудани соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ ба воситаи таъмин намудани шафофият ва самаранокии идораи сиёсати молиявӣ кӯмак мерасонад, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}