Ҳадафи тир қарор гирифтани як сокини Турсунзода
Як сокини шаҳри Турсунзода аз сӯи афроди номаълум ба қатл расидаасат.
Тибқи иттилои ВКД, шаби гузашта шахсони барои тафтишот то ҳанӯз номушаххас вориди манзили зисти Зокирҷон Хидирови 29-сола, воқеъ дар рустои Ободони ҷамоати Раҳмонови ноҳия мазкур гардида, бо истифода аз силоҳи худкори Калашников ӯро ба ҳалокат расонидаанд.
Сарчашма мегӯяд, пас аз анҷоми куштор қотил аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.Аснои азназаргузаронӣ аз ҷойи офат 4-адад тир ва патрони мусалсали «Калашников» дарёфт гардидааст. Барои муайян кардани шахсияти қотил ва дастгиркунии ӯ амалиёти ҷустуҷӯии мақомот идома дорад. {jathumbnail off}