Розиқ Содиқов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Шурообод мегӯяд: «Дар ҳудуди ноҳияи мо кони ангишт мавҷуд аст ва он пурра фаолият дорад. Дар нақша буд то 160 тонна ангишт ва 1443 метри мукааб ҳезум барои зимистонгузаронии мактабҳо омода намоем. То имрӯз бо истифода аз маблағҳои ҷудошуда, тавонистем 130 тонна ангишт ва 1124 метри муккааб ҳезум харидорӣ ва захира намоем. Агар маблағи пешбинишуда ба пуррагӣ таъмин мегашт, захираи сӯзишворӣ пурра ба анҷом мерасид». Ба гуфтаи мудири маориф, кони ангишти Шурообод дар масофаи беш аз 50 километр дуртар аз ноҳия, дар кӯҳистони мушкилгузар ҷойгир будааст ва бо боридани аввалин барф дигар ба ин мавзеъ расидан номумкин аст.
Гузашта аз ин, бо иллати камбуди маблағ маорифчиён натавонистаанд сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва техникӣ харидорӣ ва захира намоянд. Дар ин маврид Амирхон Икромов, шахси аввали ноҳия ҳавола ба дигарон мекунад, дар ҳоле ки ҷанобро зарур аст то аз мақомоти болоӣ барои сари вақт ҷудо намудани ҳаққи ҳалоли сокинони ноҳия бо шумули хонандагону мауссисаҳои тандурустӣ кушиш ба харҷ диҳад. Зеро, барои як кӯдаки хонанда муҳим нест, ки бо айби кӣ ӯ зимистон хунук мехӯрад. Барои ӯ синфхонаи гарм лозим аст.
Мушкили дигари хонандагони шуроободӣ ин камбуд ва ё набудани қувваи барқ ба хусус дар фасли сармо мебошад. Тавре дар боло қайд шуд, аз 54 мактаби фаъол танҳо 6-тоаш бо хатти барқи доимӣ таъминанд. Ба ҳисоби арифметикӣ 48 мактаби дигар бо ҷамъи хонадагонаш аз аввали тирамоҳ тақрибан то анҷоми соли хониш дигар аз он маҳрум мемонанд. Ҷаноби Содиқов мегӯяд, 23 адад генератори барқдиҳанда дар 23 мактаб мавҷуд асту дар ҳолати зарурӣ омодаи коранд. Аммо ба иқрори худи ӯ бо айби камбуди маблағ сӯзишвории дизелӣ захира карда натавонитаанд. Ин дар ҳолест, ки ҳамон генераторҳои «ифтихорӣ» танҳо ба воситаи солярка фаъол шуда метавонанд. Ҳамакнун, сар аз даҳаи охири моҳи сентябр дар ин ноҳияи кӯҳистон интиқоли нерӯи барқ аллакай ба таври меъёр ба роҳ монда шудаасту рӯзона аз соати 10-и саҳар то 17-и бегоҳ (ҳангоми дарсхонии хонандагон) дода намешавад. Воқеан, дар ин кӯҳистон аллакай хунукӣ шудаасту дар синфхонаҳо нишастан низ тоқатфарсо мебошад.
Бояд гуфт, ин иллат хоси танҳо як ноҳия нест. Бегумон, аксари навоҳии Тоҷикистон ба ин мушкил рӯ ба рӯанд, вале ба хотири номаълуме хомӯш мемонанд. Агарчӣ президент Эмомалӣ Раҳмон мунтаззам дар ин бора таъкид мекунанд, вале ҳамоно масъулин аз он нодида мегиранд ва тариқи омор маълумоту гузоришҳои нодуруст ба ҳукумати марказӣ пешниҳод мекунанд. Мисоли оддӣ, ҳамин мушкили Шурообод асту супориши охирини райисиҷумҳур дар ҷаласаи ҳукуматӣ. Боқӣ, қазоват аз шумо аст хонандаи арҷманд.
Аслиддин Достиев, шаҳри Кӯлоб{jathumbnail off}