Амонатбонк: Ҷалби сармояи чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имконпазир аст
Панҷ нафар аз сардорони бахшҳои «Амонатбонк» ба даъвати Чин ба ин кишвар сафар карданд.
Тавре ба «Озодагон» сардори дафтари матбуотии бонки мазкур Одинашо Муродов иттилоъ дод, сардорони филиал ва идораҳои бонки давлатии амонатгузории ҷумҳурии Тоҷикистонро бонки давлатии рушди Хитой ба пойтахти Пекин хондааст. Гуфта мешавад, ин ҳайатро Иддибек Каримов, сардори идораи муомилоти пул, Рустам Алиев, сардори идораи ҳисоббаробаркунӣ, Ҳокимшоҳ Бобоев, роҳбари филиали №04, Сайидалӣ Давлатов, роҳбари филиали №08 ва Мӯҳриддин Сафаров - роҳбари филиали №61 муарифӣ менамоянд.
Манбаъ афзуд, ҳайати мазкур аз 20 то 25 июни соли равон дар кори семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Ӯҳдадории иҷтимоии ҷамъиятҳо» ва конфронси муаррифии «Ҳисоботи солонаи Бонки давлатии рушди Хитой» ширкат менамоянд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки аъзоёни ҳайат дар чорабиниҳои номбурда бо маърӯзаҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар самти муносибатҳои молиявӣ, хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷалби сармояҳои чинӣ ба хоҷагии халқи кишвар баромадҳо хоҳанд кард. Дар конфронси мазкур ҳамчунин, намояндагони дигар бонкҳои аъзои Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ ва ташкилотҳои бонуфизи ҷаҳонӣ ширкат хоҳанд кард.
Маврид ба ёдоварист, «Амонатбонк» ҳамчун намояндаи Тоҷикистон дар Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай фаъолият мекунад ва чорабиниҳои мазкур дар доираи ҳамкориҳои созмони номбурда сурат мегирад.{jathumbnail off}