Маҳбубияти Мавлоно дар арсаи ҷаҳон рӯзафзун аст. Воқеан, ҷаҳон ба ӯ ниёз дорад. ӯро шоирони ҷаҳонӣ шинохтаанд. Шеъри ӯ, андешаи ӯ мақбули пиру барност.
Шумори зиёде аз нависандагон ва шоирони муосир дар ифода намудани амиқи ҳадафу назару дидгоҳи Мавлоно ба онҳое, ки бахту иқболи хондани осори ӯро бо забони форсӣ надоранд муваффақ шуданд, то осори ӯро тарҷума намуда, манзури аҳли завқ намоянд, инчунин дар нерумандии ишқи ӯ ба Худову ба инсоният.
Тарҷумаҳои инглисии муосири Колман Баркс, тарҷумахои хонум Ива ба забони фаронсавӣ, корҳои Анемария Шиммел дар Олмон ва талошу кӯшиши дигарон тавонистанд, ки истиншоку илҳому маъруфияти ӯро ба миллионҳо одамон дастрас намояд. Айни замон дар Фаронса нафаре бо номи Лайли Анвар Чендероф бо тарҷумаи ашъори Мавлоно ба саҳна омадааст. Ива тақрибан 30 китоб дар бораи тасаввуф ва Мавлоно навиштааст, инчунин 50.000 мисраи «Маснавӣ»-ро ба фаронсавӣ тарҷума намудааст, ки ин муҳаббати беандозаи ӯро нишон медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки бино бар хулосаҳои муҳаққиқи эронӣ Ризо Фаррухфол «Мавлоноро нахустин бор дар авохири садаи 19 шарқшиносони бритониёвӣ ба хонандагони инглисзабон муаррифӣ карданд». Ин муҳаққиқ таъкид мекунад, ки «Аз миёни онон (шарқшиносони бритониёвӣ Ф.А.) ва ба тартиби замонавӣ метавон ба Ҷеймс Редҳавс ишора кард, ки дар соли 1888 баргардони мавзуне аз дафтари Маснавӣ мунташир кард». Пас Ҷеймс Редҳавсро метавон чун аввалин мутарҷиме, ки «Маснавӣ»-и Мавлоноро ба забони англисӣ тарҷума кардааст шинохт. Баъдан, А.Винфулд дар соли 1889 3500 байт аз «Маснавӣ»-и Мавлоноро тарҷума кард. Ҳамзамон, Вилсун низ аз мутарҷимоне аст, ки то оғози садаи ХХ ба осори гаронмояи Мавлоно таваҷҷӯҳ зоҳир карда буд. Тарҷумаи густурдаву фаҳехта ва таваҷҷӯҳи хоса ба осори Мавлоно баъдан дар ибтидои асри мозӣ аз ҷониби Николсон ва Арберӣ сурат гирифт, ки тарҷумаи Маснавӣ ва ғазалиёти Шамс аз хидматҳои арзишманнди онҳо мебошад.
Аммо истиқболи густурдаи Мавлоно дар Fарб баъд аз интишори китоби «Забдаи ашъори Румӣ» дар соли 1990 сурат гирифт, ки ин китобро Колман Баркс тарҷума ва омода намудааст.
Мувофиқи сарчашмаҳову нигоштаҳо Мавлоно то ибтидои асри ХХ дар Амрико ва умуман Fарб кам шӯҳрат дошт. Шурӯъ аз солҳои 1920 устоди Донишгоҳи бонуфузи Кембриҷ, профессор Рейнолд Николсон, мутарҷими бузурги дигари Мавлоно дар Амрико, профессор Колман Баркс ба тарҷумаи шеъри Мавлоно ва муаррифии густурдаи ӯ ба хонандагони англисзаббон пардохт. Худи Баркс дар ин маврид мегӯяд “Ашъори ӯ аз огоҳии амиқи баҳамваслии ҳаёту тамоми инсонҳову адён мебошад.
Шӯҳрати Мавлоно на кам аз Шекспир дар ақсои олам аст
Бояд қайд кард, ки дар мавриди чигунагии тарҷумаҳои Колман Баркс низ муҳаққиқон ва мавлавишиносон ихтилофи назар дорнд. Гурӯҳе аз пажӯҳишгарон, аз ҷумла Ризо Фарухфол бар онанд, ки бо вуҷуди он ки «Баркс Мавлоноро дар забони англисӣ аз қафаси танги маҳфили эроншиносӣ ва шарқшиносӣ озод кард (то ибтидои асри ХХ бо вуҷуди мавҷуд будани тарҷимаҳои осори Мавлоно хонандагони зиёд аз он бардошт надоштанд ва он ба ҷомеаи инглисзбон бояду шояд муаррифӣ нашуда буд Ф.А.), аммо ба ин кор ӯро гирифтори қафаси дигар кард, ки ҳамоно салиқаву тафсири шахсии худи Баркс аст». Ҳамчунин Фарухфол хулоса мекунад, ки «Мавлоно дар тарҷумаи Баркс ба сурати маҳфуми маҷъул даромадааст, ки ба ҷои ҳолати рӯҳонӣ ва қудсӣ бештар ҳолати ҷисмонӣ ва заминиро ифода мекунад».
Ба андешаи иддаи дигари муҳаққиқин ба вижа дуктур Фағфурӣ тарҷумаи Колман Баркс аз беҳтарин тарҷумаҳои Мавлоно шинохта шудааст, ки тавонист Мавлоноро ба хонандагони ғайр ба осонӣ муарифӣ кунад.
Метавон иддао намуд, ки Мавлонои кабир буд, ки Барксро соҳибному шаҳир гардонд ва ӯро ба сердаромадтарин шоири амрикоӣ мубаддал кард.
Кукотос бошад, дар бораи тарҷумаҳои Баркс мегӯяд: «Ҳеч мутарҷиме беш аз Баркс ба осори Мавлавӣ вафодор намондааст, дар тарҷумаи ӯ рӯҳи ирфонии шеърҳои Румӣ ҳифз шудааст».
Воқеан, имрӯз танҳо яке аз китобҳои Мавлоно бо тарҷумаи Колман Баркс дар Амрико беш аз сад ҳазор нусха ба фурӯш рафта ва ҳоло Баркс ба барҷастатарин мутарҷими осори Мавлоно ба забони англисӣ шинохта шудааст.
Шаҳром Шиво, шоир, олим, мутарҷими кутуби Мавлоно дар Амрико низ бар он назар аст, ки шӯҳрати Мавлоно беинтиҳост. Ӯ мегӯяд, шӯҳрати Мавлоно лаҳза ба лаҳза рӯ ба афзоиш аст. Ӯ бо масоили иҷтимоии марбут ба инсону ҳаёти ӯ сару кор дорад ва ин масоил метавонад ба 5000 сол қабл нисбат дода шавад ва инчунин метавонад ба 5000 соли дар пеш истода нисбат дода шавад. Ҳарфу сухану шӯҳрати ӯ беинтҳост.
Ростӣ Мавлоно пуле миёни давлатҳову миллатҳову қавмият шинохта шудааст. Чунончи профессор Ива Де-витрей Меэровитч соли 1964 пас аз ошноӣ бо осори гаронбаҳои Мавлоно ба дини мубини Ислом руй оварда, мусалмон гаштааст ва тамоми умр кӯшидааст Мавлоноро ба миллати хеш муаррифӣ намояд.
Маҳбубияти Мавлоно: Чаро ва барои чӣ?
Ба андешаи мо, маҳбубияту мақбулияти Мавлоно аз сӯи табақаи мухталифи ҷомеа ин аст, ки Мавлоно хешро моли ҳама медонад ва инҷоиву онҷоигаро нест. Мардумро ба сӯи ваҳдату сулҳ даъват мекунад. Мазҳабу оини касеро маломат намекунад. Ҳама кешро эътироф мекунад. Дар ин маврид худи Мавлоно мегӯяд: “Ман ба парастишгоҳи яҳудон рафтам, ба калисо ҳам рафтам инчунин ба масҷид хам рафтам, аммо ҳамоно як хел меҳроб дидам, ки дар ҳар се парастишгоҳ вуҷуд дорад ва ман ҳам як хел рӯҳия доштам.” Бубинед, ин гуфта худ таҷассумгару тараннумгари рӯҳи оламгир аст, ки бидуни ин рӯҳ мо ҳечем.
Албатта, Мавлоно бо ишқи хеш тавонист теъдоди аъзами одамонро ҷуфт гардонад. Ӯ тавонист, дили миллионҳо одамони маҷрӯҳу ҳиҷрондидаро мудово кунад. Чунон чӣ Миша Рутенберг хунёгари ботаҷриба, аҳли Сан Франсискои иёлати Калифорнияи Амрико бар ин бовар аст, ки маҳз сурудаҳои Мавлоно ӯро шӯҳрат додааст.
Вилиям Читик, исломшинос ва ирфонпажӯҳ иллати гароиши ғарбиҳо ба Мавлоноро дар ташнагии ғарбиҳо ба маънавият донистааст. Ӯ дар мусоҳибаи тафсилияш бо Муҳаммадалӣ Ниёзӣ дар ёдномае, ки «Анҷумани осори мавоҳири фарҳангӣ» гуфтааст: «Алоқа ва таваҷҷӯҳи ғарбиёни имрӯза ба Мавлоно ҷаҳоди мутаадид дорад. Яке ташнагии онон ба маънавият ҳаст. Ин омили бисиёр муҳим аст. Агар аз лаҳози таърихи ба қазия таваҷҷӯҳ кунем, бояд гӯем Никлосон аз ин ҷаҳат хидмати бузурге ба ғарбиён кардааст». Ӯ ҳудуди панҷоҳ сол пеш «Маснавӣ»-ро ба англисӣ тарҷума кард ва дар шаш ҷилд ба чоп расонид ва ду ҷилди шарҳ низ бар он афзуд, ки тамоми онҳо ба форсӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Муҳаққиқон бар он назаранд, ки ба вуҷуди он ки Франклин Динклуис дар китоби арзишманди Мавлоно: Дирӯз то имрӯз, Шарқ то Fарб, (аз ин китоб ба форсӣ ду тарҷума дар даст аст: 1 – Ҳасан Лоҳутӣ, нашри Номак 1383, 2 – Тарҷумаи Фарҳоди Фараҳманд, нашри соли 1383) нахустин пажӯҳандаи амрикоӣ ҳаст, ки ба тафсил ва ба таври ҷудогона дар фасли чаҳоруми китоби худ ба зиндагӣ ва андешаҳои Шамси Табрезӣ пардохтааст. Вилиям Читик буд, ки дар соли 2003 барои нахустин бор қисмати аъзами мақолоти Шамсро ба англисӣ тарҷума ва дар 2004 мунташир кард.
Воқеан, барои мо, порсизабонон ва ворисони Мавлонои кабир боиси ифтихор ва саодатмандӣ бояд бошад, ки ҷаҳониён Мавлонои моро беҳтарин дӯсти хеш меҳисобанд. Ҷаҳониён дар шеъри ӯ сулҳу оромишро дарёфтанд. Васлкунандаи қалбҳо, пайвандагари тамаддунҳо, пуле миёни миллатҳост ӯ. Китобаш дар рӯйхати пурфурӯштарин китобҳои дунёст.
Мавлонои ақсои олам
Тарҷумаҳои ҷопонӣ, арабӣ, итолиёвӣ, русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, ӯзбакӣ, кирғизӣ, урду, туркӣ, лаҳистонӣ… -осори Мавлоно имрӯзҳо ба бозор меоянд ва мардумони дорои ақоиду кешҳои мухталифро ба самти худ мекашад.
Ӯ имрӯзҳо бо гуфтору шеърҳои нобаш намояндаҳои тамоми миллати дунёро ба сӯи хеш мехонад ва исбот кардааст, ки ӯ -Мавлоно шоири ҳамаи халқҳост, новобаста ба мазҳабу кешу оину дин. Ӯ шаҳрванди ҳамаи мамолики олам аст. Танини шеъри ӯ аз пушти қарнҳо ба гӯш мерасад, ки гуфта:
На шарқиям на ғарбиям, на бариям на баҳриям,
На аз кони табииям на аз афлоки гардонам.
На аз хокам, на аз обам, на аз бодам на аз оташ,
Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад.
На тан бошад, на ҷон бошад , ки ман аз ҷони ҷононам.
Мавлоно дар ҳоли ҳозир лаҳза ба лаҳза, соат ба соат дар ҳоли фатҳи қалбҳову зеҳнҳост, дар ҳоли расидан ба ҳама мушкилоти инсонҳост, ӯ марзҳоро гузашта, то ба қулуби одамон мерасад. Рӯзе нест, ки матлаби тозае аз ӯ дарҷ нагардад.
Ба ин маънӣ, ки:
Боз омадам, боз омадам аз пеши он ёр омадам,
Дар ман нигар дар ман нигар баҳри ту ғамхор омадам.
Моро ба чашми сар мабин, моро ба чашми сар мабин,
Онҷо биё моро бубин, к-инҷо сабуксор омадам.
Мӯҷиби ин ҳама маҳбубияту шӯҳрат ва шаҳиру номдор гардидани Мавлонову осораш дар соири мамолик ин, албатта аз як тараф афлокиву малакутӣ будани андешаи Мавлоно бошад, (андешаи ӯ тавонист ҷаҳонро тағйир диҳад ва самти зиндагии миллионҳо одамонро дигар намояд. Ф.А) аз тарафи дигар ӯ ба қавле орифест дилогоҳ, шоирест дардшинос, ва андешаварест беназир. Андешаҳои дурахшону ирфонию фалсафию афлокии баландеро соҳиб аст.
Рӯҳаш шод ва шӯҳраташ ҷовидон бод!
Фирдавси АЪЗАМ (Хӯҷаев){jathumbnail off}