Бархе коршиносони расонаӣ бо монёвр перомуни ин изҳороти фарди гумном аз таҳдиди эҳтимолӣ ба амнияту оромии кишвар сухан ба миён оварданд. Ҳарчанд ин гурӯҳ дар ҷомеа зиёд шинохта нест, аммо табиист набояд ҳама гуна таҳдид ба ҷомеаро нодида гирифт. Бо таваҷҷӯҳ ба ин амр "Озодагон" ин ҳафта пурсишро чунин матраҳ намуд:
Султони Ҳамад, собиқ корманди амният
Ҳар он нирӯ, ҳатто як фарде, ки ошкоро эълом медорад, ки ба муборизаи мусаллаҳона алайҳи давлат ва ҳукумат бархоста аст ва дигаронро низ ба чунин мубориза даъват мекунад ва ба хусус боз дини мубини исломро шиор кардааст, албатта таҳдид аст. Аз рӯйи он наворҳои видеоие, ки дар шабакаи байналмиалии Интернет сайр доранд, "Ансоруллоҳ" ҳамин гуна нирӯ, ба ҳар ҳол, худро вонамуд кардааст. Вале ин хатар то кадом дараҷа ҷиддӣ ҳаст, ин саволи дигар аст. Зоҳиран агарчӣ он нирӯе нест, ки аз ӯҳдаи безарар карданаш мақомоти дахлдори кишвар баромада натавонад, вале то сурат гирифтани ин кор боиси ташвиши мардум буда ё шуда метавонад. Сабаби ба рӯйхати созмонҳои террористӣ дохил нашудани ин гурӯҳ шояд он бошад, ки ба тозагӣ аз худ дарак додааст ва ниҳодҳои марбутаи кишварҳои абарқудрат ҳанӯз ба он вокуниши расмӣ надодаанд.
Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амнияти дар МТС
Баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки "Ансоруллоҳ" гӯё "Ал-Қоида"-и тоҷикон аст ва Мулло Амриддин онро роҳбарӣ мекардааст. Ҳам Ҳаракати исломии ӯзбакистон, ҳам Ҳизби таҳрир ва ҳам "Ансоруллоҳ"-ро дигар қувваҳои сиёсӣ ба муқобили давлати мо метавонанд истифода кунанд. Ҳар яке аз ин гурӯҳҳо таҳдиде доранд. Ҳамаи гурӯҳҳои террористие, ки номбар шуд, дар хориҷа ташкил карда мешаванд ва ҳадафи муайяне доранд. Ин гурӯҳҳо дар дохили Тоҷикистон пайравоне ҳам доранд. Ягон ҷамъияте нест, ки дар он нафарони норозӣ вуҷуд надошта бошанд. Ҳатто табиат ҳам 5 ангушти инсонро баробар наофаридааст. Барои ҳамин дар ҳар як ҷомеа шахсони норозӣ пайдо мешаванд, ки ба сафи чунин ташкилотҳои террористӣ шомил мешаванд ва ҳадафҳои онҳоро пиёда месозанд. Ҳар як созмону ташкилот, ҳатто ҳизбе, ки расман номнавис мешавад як заминаи муайян дорад. Сабаби ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил нагаштани "Ансоруллоҳ" шояд дар он аст, ки заминаи фаъолияташ дар Тоҷикистон муайян нашудааст. Агар маълум гардад, ки фаъолияти он бар зидди кӣ равона карда шудааст, алайҳи сохти давлатдорӣ аст ё мақсади дигар доранд, сипас тасмим гирифта мешавад. Лекин дар ВАО паҳн шудааст, ки гӯё ин як шохаи "Ал-Қоида" барои Тоҷикистон мебошад. Бар халқи худ боварӣ доштан ва риоя кардани қонунҳои давлат ва эҳтироми урфу одати мардумӣ метавонад аз ҳар гуна сӯиистифодаи гурӯҳҳо дар амон нигоҳ дорад ва амнияти ҷомеа таъмин гардад.
Дар Тоҷикистон як муҳите эҷод шудааст, ки вазъ хеле ором аст ва сокинони Тоҷикистон метавонанд осуда зиндагӣ кунанд. Фикр мекунам, ки ин ба бархе аз ҳамсояҳо ва душманони берунии мо он қадар писанд нест. Барои ҳамин вақтҳои охир дар интернет бисёр хабарҳои гуногун чоп мешаванд, ки дар бораи хатарҳои оянда ба Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд. Ба андешаи ман "Ансоруллоҳ" барои Тоҷикистон хатаре надорад. Танҳо хатаре, ки дар оянда метавонад пайдо шавад ин аз ҷониби Толибони Афғонистон аст. Агар мо имрӯз қувваҳои зеҳниро истифода бурда тавонем, ки бо Афғонистон гуфтушунид сурат бигирад ва ин қудратҳо бар зидди Тоҷикистон нахезанд, фикр мекунам ин хатар низ аз байн меравад. Агар дар маҷмуъ таҳлил кунем тамоми ҷаҳон дар вазъияти ноором қарор дорад ва ҷаҳон ба як марҳилаи нав гузашта истодааст. Агар он воқеаҳои дар Либия рухдодаро таҳлил кунем ё ин ки ҳодисаҳои Яман, Миср ва Сурияро ба назар гирем, гуфтан мумкин аст, ки имрӯз абарқудратҳо метавонанд дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон тақдири ин ё он давлатро бидуни пурсишу иҷозаи Созмони миллали муттаҳид ё созмонҳои дигари байналмиллалӣ бо хости худ ҳал кунанд. Фикр мекунам, ки таҳдиди зиёд аз ин ҷониб аст.
"Ансоруллоҳ" ҳамчун инъикоскунандаи ҳаракатҳои ифротгаро ва ифодакунандаи манфиатҳои онҳо албатта як андоза хатар дорад. Хатари идеологӣ вуҷуд дорад, вале дар нисбати худи созмон мо хабаре надорем, ки дараҷаи хатари он чун як нерӯ то кадом андоза аст. Шояд як созмони бофтаву сохта бошад ё эҳтимол ягон қувваи хориҷиест, ки мехоҳад ба воситаи ин гуна изҳороти сунъии худ таъсир расонад. Маълум нест, ки даъвоҳои ин созмон то кадом ҳад асоснок аст. Аз ҷумла, даъво доштанд, ки таркиш дар бинои милисаи Хуҷандро онҳо ташкил кардаанд, вале ягон далели мушаххасе дар ин бора вуҷуд надорад. Фикр мекунам, ки шумораи аъзои ин гурӯҳ зиёд нест, вале аз гуфтору рафторашон эҳтимол задан мумкин аст, ки бо Ҳаракати исломии ӯзбакистон ва Ҳизби таҳрир равобите доранд. Ба назар чунин менамояд, ки созмони хеле хурд ҳастанд, шояд 15-20 нафаранд, вале эҳтимоли бо нерӯҳои хориҷӣ, ба хусус "Ал-Қоида" ё ягон хадамоти ҷосусӣ алоқа доштанашон вуҷуд дорад.
Акрами Санг, журналист
Гурӯҳи мусаллаҳи ифротгаро ва террористӣ қувваҳои муайян бо ҳадафу мақсадҳои ғаразнок мебошанд. Ҷамъияти "Ансоруллоҳ" моҳи сентябри соли гузашта, вақте, ки бори аввал дар Тоҷикистон террористи худкуш амалиёти террористиро анҷом дода, бинои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили вилояти Суғдро тарконд, аз худ дарак дод. Тавре маълум аст, ҳамаи иштирокчиёни он амали террористӣ дастгир шуданд, вале то ҳол ба таври расмӣ касе изҳор накардааст, ки иштирокчиён аъзои ҳамин гурӯҳ ҳастанд. Бинобар ҳамин гуфтан мумкин аст, ки "Ансоруллоҳ" ҳоло ягон гурӯҳи муташаккил буда наметавонад. Зеро агар муташаккил мебуд, ба таври ошкоро ҷонибдории аъзоёни худро мекард. Агар ҳар ҷамъияте, ки бошад, ҳадафи ин гурӯҳи ифротгаро танҳо ва танҳо мураккаб сохтани вазъияти сиёсиву иҷтимоиии Тоҷикистон мебошад. Барои онҳо фарқ надорад, ки дар сари давлат кӣ истодааст ва сохти давлатдорӣ чӣ гуна аст. Исломӣ аст, дунявист ё демократӣ. Зеро дар изҳороти ахири худ онҳо гуфтаанд, ки ҳар нафаре намоз мехонад, рӯза мегирад, ҳамаи талаботҳои дини исломро риоя мекунад, вале аз демократия ҷонибдорӣ менамояд, он шахсро онҳо ғайримусулмон меҳисобанд. Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки ин гурӯҳро низ аз кишварҳое идора мекунанд, ки барои ҳамаи тоҷикистониён шинос аст ва дар ҳамсоягиҳои Тоҷикистон қарор доранд. Сабаби ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомил нашудани ин гурӯҳ шояд дар он аст, ки хеле ҷамъияти хурд аст ва эҳтимол маблағҳои кофӣ ҳам надошта бошад, ки то ҳанӯз натавонистааст қудрати худро нишон диҳад. Ҳамзамон ин гурӯҳ ба ғайр аз Тоҷикистон дар ягон кишвари дигар амалҳои террористӣ анҷом надодааст ва барои дигар давлатҳо вуҷуд доштан ё надоштани ин ҷамъият муҳим нест. Агарчанде ин ҷамъият мехоҳад, ки вазъияти сиёсии Тоҷикистонро ноором кунад, аммо аз рӯи навори ахире, ки дар шабакаи интернетӣ рӯзи 7-уми сентябр пахш шуду дар Тоҷикистон танҳо 16-уми сентябр таваҷҷӯҳкарданд, гуфтан мумкин аст, ки ин ҷамъият қодир нест, ки ба вазъияти сиёсии Тоҷикистон таъсире расонад. Фикр мекунам, ки онҳо дар Тоҷикистон аъзову ҷонибдор надоранд. Зеро агар медоштанд, ҳангоми дастгир шудан, баъд аз ҳодисаи таркиши бинои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил лоақал як нафараш изҳор мекард, ки аъзои гурӯҳи "Ансоруллоҳ" мебошад.
Абдусамеъ Дадабоев, сардори Раёсати равобити байналмиллалии Прокуратураи генералӣ
Дар бораи ҷамъияти "Ансоруллоҳ" ба нав хабардор шудем ва ҳоло дар рӯйхати дигар гурӯҳҳои террористӣ ворид нашудааст. Дар хусуси ҳадафу мақсадҳои гурӯҳҳои террористиву ифротие аз қабили Ҳаракати исломии ӯзбакистон ва Ҳизби таҳрир ҷомеа хабардор аст, аммо наворҳои ахири "Ансоруллоҳ", ки дар интернет паҳн гаштааст, аз ҷониби Кумитаи амнияти миллӣ таҳқиқ мешавад. Дар ин бора мо маълумот надорем.
Абдуллои Роҳнамо, сиёсатшинос
Ба назари ман мавҷудияти ҷамоате бо номи "Ансоруллоҳ" хабари наве нест ва эҳтимоли ин ки як гурӯҳи ҷиддие тавонад ба амният ва суботи кишвар халал расонад, вуҷуд надорад. Зеро заминаҳои ин гуна фаъолият дигар пайдо нест ва эҳтимол барои баъзе истифодаҳои таблиғотӣ дар ҷулӯи ин гурӯҳ баъзе хабарҳо паҳн карда шавад, вале дар асл чунин гурӯҳе, ки ба амнияти Тоҷикистон ва мавҷудияти давлату ҳукумат таҳдид кунад, вуҷуд надорад. Мумкин аст, ки якчанд нафаре бо чунин ном ва ақида бошанд, вале ҳамчун як ҳаракати бузурге, ки амнияти як кишварро халалдор кунад, вуҷуд надорад. Имрӯз баланси нерӯҳо дар кишвар чунин аст, ки нерӯи низомие, ки берун аз система бошаду ба амнияти низом таҳдид кунад, ҳоло мавҷуд нест.{jathumbnail off}