Роҳбарони бархе аз кишварҳои Аврупо бар ин назаранд, ки агар вазъи давлатдорӣ дар Русия тағйир наёбад, ин мамлакати федералӣ дар ояндаи наздик ба инқилоб рӯ ба рӯ мешавад. Бино ба гуфти таҳлилгарони ғарбӣ дар Русия авзоъ ба Тунису Миср мушобеҳ аст. Ба назари онҳо дар ҳар се кишвари номбурда вазъ қариб ки якгуна будааст, аммо дар Русия мухолифини ҳукумат пешвои ягонаи қавӣ надоранд, ки сарварии кулли ҳаракатҳои оппозитсиониро ба дӯш бигирад. Дар ҳоли ҳозир, зиёиёну рӯшанфикрони рус дар чорчӯби қавонини роиҷ норозигиашонро баён сохта, аз раҳпаймоиву эътирозҳои шадид худдорӣ мекунанд, менависанд расонаҳои аврупоӣ
Игор Юргенс, мушовири райисҷумҳури Русия дар як мусоҳибааш ба хабаргузории «Bloomberg» ҳанӯз моҳи январи имсол, ҳангоме ки президенти Тунис Бен Алӣ аз табадуллоти аҳолӣ тарсида ба Арабистони Саудӣ фирор карда буд, иброз дошт, ки Владимир Путин барои рух надодани кашмакашиҳо ва ноҷӯр гаштани авзоъ дар Русия беҳтар аст номзадиашро барои дарёфти курсии президентӣ дар интихоботи соли 2012 пешбарӣ накунад. Ба андешаи ӯ, нахуствазири феълиро зарур аст, барои мамлакатро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ накашидан дигар ба Кремл барнагардад ва ба Дмитрий Медведев барои расидан ба вазифааш мухолифат накунад. Ҷаноби Юргенс афзудааст, «бубинед, дар Тунис чӣ амалиёт ба анҷом расид. Мардум намефаҳмад, барои чӣ Русия президенти наверо интихоб кардан наметавонад, дар ҳоле ки ҳамагӣ аз дидани як сурат монда гаштаанд». Ба ақидаи мушовири Медведев, «агар як нафар муддати зиёд ҳокими мутлақ бошад, агарчӣ вазифаашро ба дараҷаи олӣ ҳам иҷро карда меояд, аммо иваз намуданаш тақозои замон аст».
Аммо аз лаҳзаҳое, ки эътирозҳои густурдаи ҷомеа аз доираи Тунис берун шудаву ба мамолики Араб сироят ёфт, ВАУ-и ғарб низ мавзӯи «то кадом андоза инқилоби арабӣ болои мамолики сохти сотсиалистӣ мерезад»-ро пеша кардааст. Дар ҳамин ҳол, маҷаллаи «Foreign Policy» Русияро давлати авторитарӣ унвон кардааст ва қайд менамояд, ки барои сарони ин кишвар сарнагунии президентҳо- Ҳуснӣ Муборак ва Бен Алӣ намунаи ибрат бояд бошад . Русияро бояд ин омили ҷиддӣ ба ташвиш биёрад, ки кай ва дар куҷо норозигии ҷамъият сар мезанад, тавре ки дар чанд кишвари пасошӯравӣ амсоли Укроин, Қирғизистон ва Гурҷистон «инқилобҳои ранга» ба вуҷуд омада буданд…
Маҷаллаи мазкур менависад, тақдири Тунису Миср ва Сурияву Либия давлатҳои Озарбойҷону Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбакистону Тоҷикистонро низ таҳдид мекунад. «Foreign Policy» ба ин назар аст, ки дар ин кишварҳо сохти авторитарӣ ҳукмронӣ мекунад ва шаҳрвандонаш тавони интихоби роҳбари давлатро дар даст надоранд.
Аммо нашрияи «Stratfor»-и амрикоӣ менависад, ки дар маҳалли «риск»- кишвари Қирғизистон қарор дорад. Ҳамчунин, ба навиштаи ҳамин расона Тоҷикистону Озарбойҷонро, ки дар ин ҷумҳуриҳо фишор болои дину мазҳаб ва гуногунандешӣ вуҷуд дорад, хатари мазкур таҳдид мекунад. « Барои боқӣ давлатҳои собиқ шӯравӣ сенарияи арабӣ тақрибан номумкин аст, зеро маданият ва сиёсати ин давлатҳо ба куллӣ фарқкунанда аз мамолики Араб аст»,-тазаккур медиҳад Stratfor» .
Аммо баъзе аз ВАУ-и ғарб боз ҳам умқтар таҳлил кардан доранд, ки таҳовули арабӣ то куҷо Русияро таҳдид мекунад. Нашрияи «Publico»-и Португалия менависад, ки «Русияро тағьироти ҷиддӣ мебояд, вале танҳо донистан зарур аст, ки онҳо кай ва дар кадом нақша ва ба кадом шева он сурат мегирад. Баъзе аз коршиносони ғарб ҳамрангии қазияи Тунису Мисрро бо ҳолатҳои Русия ошкор кардаанд. Пеш аз ҳама, дар ин давлатҳо фасоду ришваситонӣ тақрибан сари ҳар қадам ба амал меояд, сохти давлатдорӣ ҳаракати иҷтимоиро пешгирӣ мекунад ва давлатдорон ин ҳолатҳоро нодида мегиранд ва ё ҳадди аққал, каме «таҳкурсӣ»-ро тағйир медиҳанду бас. Онҳо (давлатмардон) аз ҳама имконот истифода мебаранд, то сари қудрат бимонанд. Бойҳову сарватмандон рушд ва пешравии ҷомеаро дидан намехоҳанд ва онро буғӣ мекунанд», менависад «ИНОСМИ»-и Русия аз номи «Publico». Ҳамчунин, мушкили дигари дар Русия мавҷуд бударо, дар ҳаракатҳои террористӣ, неофашизм ва бадбинӣ миёни қавму миллатҳо қаламдод кардаанд.
Нашрияи «Le Monde»-и Фаронса бошад, суоле ба миён гузоштааст, ки «Инқилоби лолагинро дар Майдони Сурх кай интизор шавем?». Муаллифи матлаб ба он ишора мекунад, ки русҳо дар лаҳзаи ҳасос ба таври ба худ хос ва шеваи назму оромӣ эътироз мекунанд. Гуфта мешавад, фарқияти асосӣ байни Русия аз Тунису Миср дар авзои демографӣ аст. Ба назари «Le Monde» дар ин 2 кишвари арабӣ қисмати асосии аҳолиро ҷавонони то 25 сола ташкил медиҳад ва онҳо аз ҷумлаи норозиёни низом маҳсуб мегардиданд, аммо дар Русия баръакси он мушоҳида мешавад, ки эҳтимоли «инқилоб»-ро ин омил зери суол мебарад…