15-уми июли ҳамин сол як матлабе бо номи «Кӯлоб: Ҳатулкорӣ дар пардохти нафақа» дар хабаргузории «Озодагон» рӯи чоп омада буд, ки аз бемасъулиятии бахшҳои Амонатбонк дар минтақаи Кӯлоб дар мавриди пардохти нафақаи бозмондагон, далел меовард. Дар ҳамин ҳол, раиси раёсати «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба ин матлаби интиқод ҷавобе низ омода карда буд. Дар посухи расмии хонум Ҳасанова навишта буд, ки «Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамеша тарафдори интиқоди асоснок ва ошкор намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта буда, аз таваҷҷӯҳи муаллифон ва расонаҳо арзи сипос менамояд». Раисаи мӯҳтарам дар дигар мегӯяд, « барои пешниҳоди маълумот дар ягон муассиса монеъа вуҷуд надорад».
Аммо намедонам то куҷо раиси раёсат аз фаъолият ва масъулияти кормандонаш огаҳӣ дорад, вале ҳатто муовини он кас, Абдуманнон Саидов на танҳо иттилоъ додан намехоҳад, ки аз сӯҳбат бо журналистон дурӣ меҷӯяд. Гузашта аз ин, дурӯғу фиреб ҳам медиҳад. Дигар чӣ ҷои гила аз зердастони маҳалидоштааш, ки махсус дидаву донистаанд, ки муовини раиси раёсат ин гуна муносибат бо матбуот дорад.
Гап сари он меравад, ки дар таърихи рӯзи 23-юми август ба хотири иттилоъ гирифтан аз як қазияи сарбагумшудаи кормандони бахши минтақавии «Амонатбонк»-и Кӯлоб, ҷониби ин идора роҳӣ шудем. Пешакӣ огаҳӣ ёфтем, ки махсус барои ин қазия аз раёсати «Амонатбонк»-и ҷумҳурӣ комиссиюни тафтишотӣ бо сардории муовини раиси раёсат омадаву дар якҷоягӣ бо намояндагони Бонки миллӣ санҷиш ба анҷом мерасонанд. Дар қабулгоҳи бахши минтақавӣ гуфтанд, ки ҷаноби Саидов банданду қабул кардан наметавонанд (ё шояд намехоҳанд). Як рӯз ба баъд боз пайи иттилоъ ба Амонатбонк омадем. Ҷаноби Саидовро дар роҳрав дида, хоҳиш кардам, ки барои маълумот гирифтан қабул намояд. Гуфт, ки ҳозир вақташ бисёр танг будаасту «саҳари рӯзи дигар ҳатман сӯҳбат мекунем». Саҳари рӯзи дигар аз ҷаноби Саидов дигар дараке набуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси бахши Амонатбонки минтақавӣ Изатуллоҳ Раҳмонов гуфт, ки раис дина бегоҳӣ Душанбе рафт. Вале дар мавриди иттилоъ додан, ҷаноби Раҳмонов гуфт, «ин қазия дар фаъолият надоштани ман рух додаст ва дар ин бора шахсан чизе на медонам ва на гуфта метавонам. Бигзор гунаҳкорон ва комиссиюни марказӣ иттилоъ диҳанд». Ва бо ҳамин, дигар аз айби содиршуда дар бахши Амонатбонк касе иттилоъ додан наметавонист. Гумони ғолиб бар он аст, ки масъулини Амонатбонк зиёд намехоҳанд аз фиребу найрангҳои дар ин бонки замоне маълуму машҳур, рухмедода касе огаҳ шавад, ба хусус васоити ахбори омма. Ва низ аз эҳтимол дур нест, ки муовини раиси раёсати Амонатбонк ҷаноби Саидов, ки қазияи дар Кӯлоб ба амаломадаро таҳти тафтиш нигоҳ медорад, ба зердастонаш супориши қатъӣ дода бошад, то дар ин маврид ба журналистон маълумот надиҳанд. Воқеан, ин ҷиноят ва тафтишоти он ончунон амалӣ мешавад, ки тақрибан касеро аз он маълум нест
Тибқи иттилои расида, танҳо даҳаи аввали моҳи август бахши «Газпром»-и дар минтақаи Кӯлоб фаъолбуда, ба воситаи бахши минтақавии «Амонатбонк»-и Кӯлоб ба маблағи 580-ҳазор сомонӣ ба «Газпром»-и Русия интиқол додааст. Аммо бо гузашти вақт, ин маблағ то ба ҷойи дахлдор нарасид. Масиддиқ Одинаев, роҳбари ин бахш бо аризаи шикоятӣ ба бахши Бонки миллии минтақаи Кӯлоб муроҷиат намудааст. Абдукарим Неъматов, роҳбари бахши Бонки миллӣ ба хабарнигори маҳаллии хабаргузории «Озодагон» гуфт, пас аз шикояти муштарӣ бо иҷозаи раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба санҷиши қазия шуруъ кардем. Ба ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки кормандони Амонатбонк гузашта аз ин, боз 771-ҳазор сомонӣ маблағҳои муштариёни гумрукро, ки ба ҳисоби гумруки минтақаи Кӯлоб маблағ ворид мекардаанд, низ то ба ҳисоби маблағқабулкунанда нагузаронида будаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Неъматов, масъулини бахш ба хотири иҷрои нақшаи даромади бонкӣ маблағи муштариёнро пӯшида, ба ҳақдор интиқол надодаанд. Дар ҳамин ҳол, гӯё фоизҳои муштариёнеро, ки аз Амонатбонк маблағҳои қарзӣ гирифтаанд, рӯпӯш мекардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин маврид 160-нафар аз муштариёни қарзгирифтаро, бехабар аз худашон, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода бурда, кормандони бахши Амонатбонк маблағи интиқолӣ ба «Газпром» ва гумруки ҷумҳурӣ таалуқдоштаро, ба фоизи даромад аз қарз аз ҷониби ин муштариён, нишон додаанд.
Бояд гуфт, ҳанӯз пеш аз рӯ задани фиреби амонатдорон, раёсати Амонатбонк бо сабабҳои барои мо номаълум, дар бахшҳои минтақаи Кӯлоб, ба истилоҳ, як табаддулот ҷорӣ намуд. Роҳбарони чанд бахши Амонатбонкро дар навоҳӣ аз вазифа «сабукдӯш» кард. Аммо ин сабукдӯшӣ танҳо бо иваз намудани ҷойи кори эшон ба анҷом расиду бас. Яъне, раиси як бахшро аз як ноҳия озод карда, дар дигар ноҳия боз ҳам ба сифати раиси бахш «перевод» намуданд. Танҳо як масъули бахши Амонатбонки минтақавӣ, Хуҷаназар Ҷумаев, ки ба гуфтаи роҳбарони бахш дар ин фиреб (шояд ҷиноят бошад, зеро гумон меравад, ин гуна амалиёт аз ҷиноят дур нест) дасти дарозтар доштааст, аз вазифа «пеш» карда шуд.
Аммо пурсида мешавад, ки ин гуна амалиётро танҳо як нафар ба анҷом расонда метавонад? Чаро дигар дастдоштагон ҷавобгӯ нашуданд? Хуҷаназар Ҷумаев мегӯяд, «ин он қадар кори вазнин нест. Рӯзҳои наздик ҳали худро меёбад». Масъулини бахши Амонатбонк ҳам ба ҳамин ақидаанд. Ба гумони эшон, қазияро ба пуррагӣ санҷида, маблағи гумшударо барқарор мекунанд. Аммо бо гузашти беш аз 1-моҳ, то ҳанӯз комиссиони «бонуфузи» Амонатбонк бо сардории муовини раиси Раёсат ҳеҷ не, ки қазияро ҳал карда тавонад. Хуб, маблағро барқарор мекунанд, агар мехоҳанд ва гар не. Вале, зарари моддиву зеҳнии расидаро бонкчиён чӣ гуна рӯпӯш мекарда бошанд? Имиҷи Амонатбонки давлатиро чӣ?
Ин дар ҳолест, ки аз бонкҳои хусусиву ҷамъиятиву саҳҳомӣ ва хориҷии дар ҷумҳурӣ фаъолбуда барои муштарӣ ягон дирамро фиреб намедиҳанд ва миёни сокинон обрӯву рейтинги хубро кашф кардан доранд. Шояд дар ин маврид хонум Ҳасанова ҷавоб мегуфта бошад?
Ҳама медонанд, аммо намедонанд ки чиро медонанд
Воқеан, ба хонуми раис, ки аз номи раисони бахшҳои Амонатбонки навоҳии Балҷувону Шурообод дар ҷавобномааш овардааст, ки гӯё дар Балҷувон ягон бознишастаи нафақа нагирифта набуду несту нафақагир Аҳмад Шерхонови шуроободӣ дар рӯйхати нафақагирони бонкӣ номнавис нагаштааст, гуфтанием, ки ақаллан боре дар ягон вохӯрие аз нафақагирон пурсидаанд, ки нафақаи эшон, ба хусус дар рустоҳо чанд моҳ ба баъд пардохт мегардад? Дар мавриди таъминшавии ҳақи нафақаи сокинони Балҷувон бошад, раиси ноҳия Фотеҳ Аминов дар охирин нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар ҳақиқат ҳастанд нафақагироне, ки чанд моҳа ҳақи нафақаашонро нагирифтаанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи хонум Ҳасанова, «раиси филиали Амонатбонки Балҷувон гуфтаҳои муаллифро пурра рад кард». Намедонам раисони бахшҳои Амонатбонк ба хонум Ҳасанова чӣ гуна баёнот пешниҳод мекунанд, аммо раиси бахши Амонатбонки Балҷувон ҷаноби Абдухолиқ Наботов дар як сӯҳбати тилфонӣ мегуфт, ки барои худро сафед кардан маҷбур шудааст наздики роҳбаронаш гуфтаҳои маро инкор намояд. Ба иқрори ӯ, «нест навоҳие ки ҳақи нафақаро 100-фоиз таъмин карда тавонад ва инро ҳама медонад». Ва шояд ҳамон гурӯҳи корӣ аз кормандони Идораи назорат ва аудити дохилибонкии Раёсат, ки бо супориши раиси Амонатбонк барои тафтишот ба Балҷувон рафта буданд, аз хулосаи тафтиш ба хонум дарак дода бошанд?
Дигар, чаро нафақагир Аҳмад Шерхонови шуроободиро баъди чопи маводи интиқодӣ якбора маблағи пурраи чандмоҳаи нафақаашро пардохт намуданд? О, мешудаст-ку?
Ахиран, чаро роҳбари Амонатбонки ҷумҳурӣ ба вокуниши дурӯғини роҳбарони бахшҳои худ дар навоҳӣ бовар карда, бе ягон санҷишу тафтишот, онро барои худсафедкунӣ ба дасти чоп медиҳад? Сари кафидаи амонатдорон, ки ба амонат хиёнат мекунанд, то ба кай таги тоқӣ мемонда бошад?
Аслиддин Достиев, Кӯлоб{jathumbnail off}