Толибон: То замони ихроҷи охирин сарбози аҷнабӣ бо онҳо меҷангем
Никола Саркозӣ ҳам ба ҳамтои амрикоияш пайравӣ кардан мехоҳад.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Фаронса низ тасмим гирифтааст, ба думболи ихроҷи нерӯҳои низомии Амрико аз қаламрави Афғонистон, ҳарбиёни худро ба ватан бозпас гардонад.
Маврид ба ёдоварист, Барак Ҳусейн Обама, раиси ҷумҳури Амрико пас аз пофишории шадиди сенати ИМА гуфт, 33 ҳазор сарбози кишварашро то сентябри соли 2012 ба хона бармегардонад. Никола Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса чанд соат баъди ин эълом кард, кишвараш ихроҷи нерӯҳои изофии фиристода ба Афғонистонро давра ба давра ва монанд ба ҷадвали замонии ихроҷи нерӯҳои Амрико, шурӯъ мекунад. Президенти давлати исломии Афғонистон Ҳомиди Карзай аз ин тасмими Фаронса ва Амрико гарм истиқбол кардааст, аммо нерӯҳои ҷангии «Толибон» гуфтаанд, то замони ихроҷи охирин сарбози аҷнабӣ аз хоки Афғонистон бо онҳо муқовимат хоҳем кард.
{jathumbnail off}