Аз рӯи омори ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон афроди мубтало ба бемории диабети қанд беш аз даҳ ҳазор нафарро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Солеҳ (ном дигар шудааст) як нафар аз беморони диабети қанд аст, ки аз набудани инсулин азият мекашад.
Доруи «Хумиллин» 70/30 (инсулин) дар ҷумҳурӣ камёфт гардидааст. Ҳамакнун беморони диабети қанд аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо вуҷуди муроҷиат ба маркази ҷумҳуриявии бемории диабети қанд ба даст овардани ин дору ғайриимкон гаштааст. Нусратулло Салимов, вазири тандурустии Тоҷикистон 13-уми июл дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ҳоло дорухонаҳо хусусӣ шудаанд ва аз рӯи талаботи бозор дору ворид мекунанд. Вазорати тандурустӣ ҳуқуқи ба онҳо амр кардан надорад, ки кадом доруро ворид кунанду кадомашро не.
Ин дар ҳолест, ки дар дорухонаҳои кишвар дарёфт кардани инсулин имкон дорад, вале аз як тараф нархаш баланд аст, ки 130 сомонӣ арзиш дорад ва аз ҷониби дигар ҳангоми харидани ин дору чек ва сертификати сифати он дода намешавад. Яъне ин дору ба таври қочоқ ворид мешавад ва дар сурати зараровар ё бесифат будани ин дору фурӯшанда кафолати иваз кардан ё бозпас гирифтанро намедиҳад. Аммо бемороне, ки дар қайди маркази бемории диабети қанд ҳастанд, барои дастрас кардани ин дору ба он ҷо муроҷиат мекунад, вале дар ҳоли ҳозир дастрас кардани инсулин ғайриимкон гаштааст. Шумораи истифодакунандагони инсулинро беш аз ҳазор нафар ҳисоб мекунанд, вале тибқи қонун шумораи умумии беморони диабети қандро ошкор кардан манъ аст.
Як бемори диабети қанд, ки аз ифшои номаш худдорӣ мекунем, зимни сӯҳбат ба мо гуфт, инсулин барои беморони диабети қанд ягона доруест, ки метавонад аз ҷароҳатбардориву лоғаршавии бадани беморон пешгирӣ кунад. Инчунин касоне, ки ба инсулин вобаста шудаанд, танҳо бо он имкони муътадил нигоҳ доштани қандро доранд. Доруҳои дигари диабети қанд мисли инсулин ба онҳо чандон таъсир намерасонад ва дар сурати набудани доруи мазкур бештари гирифторони ин беморӣ ба баландшавии қанд рӯ ба рӯ мешаванд ва эҳтимоли вазниншавии ҳолати онҳо вуҷуд дорад. Аз рӯи омори ғайрирасмӣ афроди мубтало бо ин беморӣ беш аз даҳ ҳазор нафарро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳа
нд. Солеҳ (ном дигар шудааст) як нафар аз беморони диабети қанд аст, ки аз набудани инсулин азият мекашад. Вай мегӯяд: «Меъёри муқаррарии диабети қанд 4,5 то 5 дараҷа мебошад ва дар сурати ба 8-9 дараҷа расидан ҳолати бемор вазнин хоҳад шуд. Аммо меъёри диабети қандамро ҳоло дар 9 дараҷа нигоҳ дошта истодаам. Дар баъзе ҳолат аз ин ҳам болотар мешавад. Ҳоло як доруи инсулин бо худ дорам, агар тамом шавад намедонам аз куҷо дастрас кунам».
Буҷа, инсулин ва қонун
Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ меафзояд, ҳарчанд дорухонаҳо хусусиянд ва ҳангоми ворид кардани доруҳо ба талаботи бозор нигоҳ мекунанд, вале мо назорат мебарем, ки навъҳои зарурии доруҳо ворид гардад. Ин дар ҳолест, ки дар Душанбе маркази ҷумҳуриявии диабети қанд фаъолият дорад ва барои бемороне, ки дар қайди марказ ҳастанд бояд доруҳои заруриро дастрас намояд. Аммо эҳтиёҷмандон мегӯянд, ки барои захираи доруҳо заминаи молии кофӣ надорад.
Дар қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи тиббиву иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд», ки соли 2009 қабул шудааст, аз ҷумла омадааст, «шаҳрвандони мубталои диабети қанд ҳуқуқи гирифтани ёрии ройгони тиббии махсусгардонидашудаи дармонгоҳӣ, дастрасӣ ба нақшаҳои муайяни табобати ин беморӣ ва таъмини ройгони дорувориро доранд». Аммо ин гуфтаҳои қонун танҳо рӯи коғаз мемонад, зеро дар маркази ҷумҳуриявии диабети қанд инсулин нест.
Коршиносони соҳа бар ин боваранд, ки вақте қонун «Дар бораи ҳимояи тиббиву иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд» қабул мешавад, пеш аз ҳама заминаи молии он бояд муайян гардад, ки чӣ қадар маблағ лозим аст ва оё имконияти буҷа ба ҳамин талабот мерасад ё не. Вале вакилон ҳангоми қабули қонуну санадҳо нисбати чунин масоил беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.
Оқибати чунин беаҳамиятиҳост, ки беморони диабети қанд ҷон рӯи каф гузошта дар ин тобистони гарму тоқатфарсо аз набудани дорӯ ранҷ мебаранд.
Исфандиёр Халилӣ{jathumbnail off}