Ваҳдати миллӣ дар қалби сокинони кишвар ба он шарт ҷой мегирад, агар мансабдорон аз имтиёзҳо бар сари тиҷорати хонаводагӣ даст бикашанд ва ҳукумати кишвару парлумон масъулияти ба кор таъмин намудани шаҳрвандонро бар дӯши худ бигиранд.
Дар остонаи таҷлил аз 14- умин солрӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, сарони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, мавҷудияти бархе аз омилҳои мавҷуда, пойдории ваҳдати воқеан миллӣ дар Тоҷикистонро зери суол мебарад ва бояд заминаҳои пойдории суботи воқеӣ дар кишвар фароҳам оварда шавад.
Сулҳу интихоботҳои «ношаффоф»-и Тоҷикистон Дилбар Самадова, раиси бахши суғдии ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, мушоҳидаи мушкилоти зиёд, афзойиши теъдоди бекорон, муҳоҷирати пайвастаи мардум ва вазъи пасти зиндагӣ аз омилҳои аслианд, ки ба рӯҳияи ваҳдатдории
тоҷикон лакнат ворид месозад. Хонуми Самадова мегӯяд, мушоҳидаҳо ҳокӣ аз онанд, ки дар интихоботҳои то ин замон баргузор шуда, ҳамоно тақаллубкорӣ ба авҷи аъло расидаву ҳизби ҳокими халқӣ- демократии Тоҷикистон ҷуз намояндагони худ намегузорад, ки дигар аҳзоби сиёсӣ ба порлумон ва ниҳодҳои давлатӣ дастрасӣ дошта бошанд. «Агар Истиқлолият неъмати парвардигор бар сари халқи тоҷик аст, пас Ваҳдати миллӣ дастоварди халқи тоҷик гуфта мешавад. Аммо, ин дар ҳолест, ки фасод дар сохторҳои давлатӣ баръало мушоҳида мешавад, мардум ҷои кори мусоид надорад ва вазъи иқтисодиашро ҳеч наметавонад беҳтар созад, мутаасифона ин ҳама рӯҳияи ваҳдатдориро дар миёни мардум барҳам мезанад».
IRS : Рахна бар ваҳдати шимолу ҷануб
Файзулло Файзиев, рохбари ҳизби демократ дар вилояти Суғд итминон дорад, ки бо вуҷуди мушкилоти афзун, пулакӣ кардани ягона роҳи Душанбе –Бӯстон- Чаноқ яке аз омилҳоест , ки ваҳдати шимолу ҷанубро халалдор месозад. Ҷаноби Файзиев мегӯяд, пулакӣ шудани ин роҳ дар ҳолест, ки феълан роҳи алтернативӣ дар канори ин ҷода мавҷуд нест ва ин тасмим нигаронӣ ва норозигии сокинонро ба вуҷуд овардааст. Файзиев илова кард: « Бубинед, ягона
роҳе, ки чанубро бар шимол ва шимолро ба ҷануб мепайвандад, пулакӣ аст, хизматрасонии тиббӣ дар Суғд пулакӣ аст, андозбандиҳо дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон як хела нест, балки дар Суғд гаронтар аз ҷануб аст. Арзиши дигар хизматрасониҳо низ дар ин қисмати мамлакат гарон аст, ки ин ҳама нобаробариҳо пойдории ваҳдати миллиро бар қалбу зеҳни мардум барҳам мезанад» .
Ба ин тартиб, масъулини ҳизби халқӣ- демократии Точикистон дар вилояти Суғд, дар зимни як нишаст гуфтаанд, ки агар ҷонибҳои даргир дар Тоҷикистон 27- уми июни соли 1997 бо имзо кардани Созишномаи ризояти миллӣ ва истиқрори сулҳ ба ҳам намеомаданд, Тоҷикистон ба макони террористон ва ҷудоихоҳони минтақа ва мояи хатар ба амнияти минтақаву ҷаҳон мубаддал мегашт. Ва онҳо инро самараи истиқлолияту ваҳдати миллӣ унвон мекунанд.
Заминаҳои пойдории ваҳдати миллӣ риоя карда шавад
Зимнан, сарони се ҳизби сиёсии вилояти Суғд - наҳзати исломӣ, демократӣ ва сотсиал –демократ ба ҳангоми сӯҳбат изҳор мекунанд, ки 14- сол баъд аз имзои созишномаи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистонро, ки ба ҷомеаи ин кишвар сулҳи воқеӣ оварда, вале заминаҳои пойдорӣ ва суботи он аз сӯи давлат ҳанӯз ҳам фароҳам карда нашудааст.
Илҳомчон Ёқубов, як масъули ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, бо даргузашти 14- сол аз ин созишнома эҳсос мешавад, ки танхо аз ваҳдати миллӣ ном мегиранду ҳанӯз ҳам ба далели ҷой доштани омилҳое он наметавонад дар қалби мардум ҷойгузин шавад: «Хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ, вазифасолорй, махдудсозӣ дар роҳи гуногунандешӣ ваҳдати воқеии миллиро рахна мезанад».
Раҳбарони ин се ҳизби сиёсӣ дар вилояти Суғд иддао доранд, ки ваҳдати миллӣ дар қалби сокинони кишвар ба он шарт ҷовидон хоҳад монд, агар мансабдорон аз имтиёзҳо бар сари тиҷорати хонаводагӣ даст бикашанд ва ҳукумати кишвар ва порлумон масъулияти ба кор таъмин намудани шаҳрвандонро бар дӯши худ бигирад ва раванди иҷроиши онро раисиҷумҳур таҳти назорати қатъӣ қарор бидиҳад.
Қамари Аҳрор, шаҳри Хуҷанд
{jathumbnail off}