Анатолий Сердюков бо вазири мудофиаи Тоҷикистон мулоқот мекунад
Интизор меравад, Анатолий Сердюков, вазири мудофиаи Русия имрӯз вориди Душанбе гардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати дифоъи Тоҷикистон, боздиди Сердюков аз Тоҷикистон кӯтоҳмуддат буда, дар Душанбе мулоқоти ӯ бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев баргузор хоҳад шуд. Бино ба қавли манбаъ, зимни нишасти вазирон масоили ҳамкории муштараки низомӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин, масъалаи омода сохтани афсарон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар донишкадаҳои низомии Русия низ мавриди муҳокимаи Хайруллоев ва Сердюков қарор мегирад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, Анатолий Сердюковро райисҷумҳури Тоҷикистон низ ба ҳузур мепазирад ва зимнан масъалаи дурнамои ҳамкориҳои низомии ду кишвар, аз ҷумла мавзӯъи истифода аз пойгоҳи ҳавоии Айнӣ ба баррасии эшон гирифта мешавад. {jathumbnail off}