Рӯзи иди Горди Миллӣ
Горди Миллии Тоҷикистон ҳам соҳиби рӯзи иди касбии худ гашт.
Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон санади марбута ба имзо расид. Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ин баъд ҳамасола рӯзи 3-юми сентябр ҳамчун рӯзи Иди Горди Миллӣ таҷлил мегардад. Бино ба гуфти вакилони МН ин амал ба хотири қадрдонии афсарону аскарони ин ҷузъи низомӣ дар таъмини суботу амнияти кишвар аз сар гирифта шуд.