Пешгирӣ ва ё иқдоми сиёсӣ?
Вакили парлумон Олимҷон Салимзода, мегӯяд, ки тасмими ҳукумати кишвар ҳеч рабте ба воқеоти сиёсии ҷаҳон надошта, он танҳо ба хотири шарҳ додани мафҳумҳои асосии қонун будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Султони Ҳамад, коршиноси тоҷик ин амали ҳукумат ба воқеоти мамолики араб рабт дорад ва бо ин васила парлумони Тоҷикистон имкониятҳои шаҳрвандонро маҳдуд карданист. Зеро, дар натиҷаи тазоҳуроту гирдиҳамоиҳо бархе аз ҳукуматҳои худкома аз сари қудрат рафтанд, ки ин бойиси ташвиши кишвардорон гаштааст. Ба ҳар сурат масъулини Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сиёсиву иҷтимоии кишварҳои араб набояд чунин амал мекарданд, чунки мардуми Тоҷикистон давоми чанд соли охир ҳатто андешаи баргузор намудани тазоҳурот ва ё намоишҳои эътирозиро надорад. Ба гуфтаи султони Ҳамад шаҳрвандони кишвар ҳанӯз ҳам воқеоти солҳои 90-и асри гузаштаро фаромӯш накарда, аз истилоҳҳои «гирдиҳамойӣ» ва ё «гуруснанишинӣ» ҳарос доранд. Ин гуфтаҳоро Раҳматилло Зойиров, раҳбари консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикистон тақвият бахшида, мегӯяд, бархӯрди ҳукумат ва вакилони мардумии кишвар ба ин масъала ва расман назорат бурдани масъулини мақомоти давлатӣ барои баргузории «гуруснанишинӣ» хилофи қонунгузорӣ мебошад.
Масъалаи намоишу гирдиҳамоиҳоиҳои осоишӣ табиати худро дорад ва он бояд на аз тариқи қонун, балки тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шавад. Умуман, намоишҳоро бо роҳи қонунгузорӣ ба танзим даровардан лозим нест. Қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта» аслан ба солҳои 90-уми садаи гузашта рост меояд, замоне, ки ҷомеаи Тоҷикистон худро устувор медонист. Аз ин рӯ беҳтар мебуд агар ин қонунро аз ҷиҳати системавӣ дида мебаромаданд. Ба андешаи манн, парлумони Тоҷикистон барои қабули қонуне, ки ба манфиати ҷомеа аст бетарафӣ зоҳир намуд. Маъмулан ҷамъияти кишвар танҳо пас аз қабули ҷунин аснод бохабар мешаванд, ки ин ҳам як навъ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аст. Намоишу эътироз характери сиёсӣ ва ҷамъиётӣ дошта, он ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дахл дорад. Аз ҳамин хотир вакилони мардумӣ бояд қабл аз қабули тағйирот ҷузъиёти дар назар гирифтаашонро ба муҳокимаи ошкорои мардумӣ мебароварданд. Вале, мегӯяд раҳбари консорсиюми ҳуқуқии Тоҷикисон, мутаасифона то ба имрӯз якдигарфаҳмӣ миёни ҷомеа ва парлумон ба вуҷуд наомадааст.
Бояд гуфт, пас аз таҳаввулоти ҷаҳони араб хабаргузориҳои байналмилмилалӣ бо ишора ба вазъи кишварҳои худкома аз эҳтимоли эътирозҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳушдор медоданд.
Дарси арабӣ ва иттилои русӣ
Султони Ҳамад коршиноси тоҷик мегӯяд, маҳз ҳамин «ҳушдор»-ҳои берунӣ ҳукумати кишварро водор сохтааст, то барои бартараф намудани чунин мушкилот чораҳои қатъӣ андешад.
-Пас аз воқеоти кишварҳои араб дар расонаҳои хабарии хориҷ, ба хусус русӣ сару садо ва таҳлилу хабарҳо зиёд шудааст, ки гӯё дар Тоҷикистон тобистони соли равон ягон намоиши эътирозӣ баргузор мегардад. Ҳукумати Тоҷикистонро ин хабарҳои ба ҳарос овард. Аммо, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) дар баробари таъсири беруна, ҳамзамон ҳузури Амирқул Азимов, вакили тозаинтихобро яке аз сабаби аслии ворид намудани тағйирот ба қонун «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳои осоишта» медонад.
-Ҳадафи аслии ворид намудани Амирқул Азимов низ ба парлумон бояд ҳамин бошад. Ҳоло, бо гузашти андак вақт теъдоди қонунҳои «маҳдудкунанда» барои таъмини амнияти киршвар зиёд хоҳад шуд. Тасмимҳои ба ин монанд агар аз як тараф барои таъмини суботи милливу давлатӣ гирифта шавад, аз ҷониби дигар он ҳуқуқу озодии шаҳрвандонро поймол мекунад, илова намуд Абдулғанӣ Маҳмадазимов.{jathumbnail off}
Ҳумайрои БАХТИЁР