Ал-Масоийя ва www.asiaalwsta.com: Лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон бар зарари ҳамсояҳо нест
«Тарҳҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар он 60 % захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, бар зарари ҳамсоягони он нестанд».
Чанде қабл дар сомонаи арабии www.asiaalwsta.com ва рӯзномаи мисрии шомгоҳии “ал-Масоийя” (“Шомгоҳӣ”) маводи иттилоотӣ оид ба натиҷаи сафарҳои расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо ҷой дода шуда буд, ки иқтибоси боло аз нашрияи мисрӣ аст. Ин мақола, ки таҳти унвони «Сафари Раҳмон таваҷҷӯҳ ба Осиёи Марказиро эҳё менамояд» бо қалами Муҳаммад Салома нигошта шуда, аз натоиҷи боздиди Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо нақл мекунад. Рӯзнома дар идомаи матлаб навиштааст, «истеҳсоли нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ҷойгузини захираҳои энергетикии олудакунандаи муҳити зист (нафту газ) мебошад. Аз ин лиҳоз, зимни сафари Раҳмон ба Аврупо соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳ ва сармоягузории ниҳодҳои бонуфузи молиявии аврупоӣ қарор гирифт.
Бо тайиди ин хабар дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, www.asiaalwsta.com низ сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба кишварҳои Фаронса , Австрия, Люксембург ва Маҷористон шарҳ дода, аз дастоварду ҳадафҳои ин боздид маводи ҷолиб таҳия кардааст.
Ёдрас менамоем, шурӯъ аз 5 то 12-уми июни соли равон райисҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як ҳайати бузурги ҳукумати кишвар аз бархе аз давлатҳои аврупоӣ дидан карда, мулоқоту вохӯриҳои зиёде анҷом дод. {jathumbnail off}