Дар баробари ин профессор Ашӯр Достиев, раиси Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон таъкид кард, ки мутахассисон барои ин марказ дар донишгоҳҳои тиббии Русия омода шудаанд. Ба қавли профессор, то кунун аз сӯи табибони ин марказ даҳ амалиёти иваз намудани гурда бо муваффақият анҷом дода шуда, ин марказ барои анҷоми амалиёти иваз намудани ҷигар ва қалби инсон низ омодагӣ мебинад .
Аз сӯи дигар академик Ғиёсиддин Мироҷов, раиси фарҳангистони улуми тиббии Тоҷикистон кушоиши нахустин маркази пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанберо дастоварди бузурги тибби тоҷик донист, зеро ба гуфтаи вай то ҳол дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин марказҳо вуҷуд надоранд.
Тибқи маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамасола дар ҷумҳурӣ беш аз 100 нафар беморон барои иваз кардани гурда эҳтиёҷ доранд, аммо танҳо 20 дар сади онҳо имконият пайдо мекунанд, ки чунин амалиёти ҷарроҳиро дар кишварҳои хориҷӣ анҷом диҳанд. Зеро амалиёти иваз кардани гурда бо назардошти харҷи сафар ва кишвари қабулкунанда аз 25 то 60 ҳазор доллар арзиш дорад.
Дар баробари ин бемор маҷбур аст, дар муддати се моҳ як бор барои ташхис ва табобат ба ҳамон бемористоне, ки амалиёти иваз кардани гурдаро анҷом додааст, сафар кунад. Аз сӯи дигар бояд ёдовар шуд, ки ду сол қабл бо кӯмаки як идда аз олимони Фаронса дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон нахустин маркази парвариш ва табобат бо ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис шуд.
Ба гуфтаи масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон бо таъсиси чунин марказҳои муосири пажуҳишӣ ва табобатӣ, тедоди бемороне, ки маҷбур ҳастанд барои гирифтани табобат ба хориҷ аз ин кишвар сафар кунанд, наздики 50 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.{jathumbnail off}