Маркази намунавии «Тандурустии босифат» дар шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ гардид
«Тандурустии босифат»-ро сафорати Амрико аз шаҳри Ваҳдат шурӯъ кардааст.
Тавре ба «Озодагон» аз сафорати ин кишвар дар Душанбе иттилоъ доданд, Кен Гросс ва муовини аввали вазири тандурустӣ, ҳамчунин райиси ҳукумати шаҳри ваҳдат Анвари Вайсиддин дар маркази саломатии ин минтақа имрӯз маркази намунавиро ифтитоҳ карданд.
Ба гуфти ҷаноби Гросс лоиҳаи «Тандурустии босифат» ва Маркази намунавии шаҳри Ваҳдат, ки аз тарафи USAID дастгирӣ мешаванд, намунаи қолаби мукаммали кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) мебошад, ки барои аҳолӣ дастрас ва арзон аст. Дар Марказ ҳам омӯзиш ва ҳам хизматрасонии тиббии босифат пешниҳод мешавад. Маркази намунавӣ монанди дигар марказҳои шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва Душанбе, ки аз ҷониби USAID дастгирӣ мешаванд, ба беҳтар намудани вазъи тандурустии Тоҷикистон тавассути хизматрасонии тиббии босифат ва омода намудани кормандони тиб мусоидат мекунад, ки дар муассисаҳои худ хизмати тиббӣ мерасонанд. Комёбии фаъолияти марказҳои мазкур боиси ҷорӣ намудани ин намунаи тандурустӣ дар лоиҳаҳои Корпоратсияи Швейтсария оид ба рушд ва Шабакаи тандурустии Хазинаи Оғоҳон дар Тоҷикистон гардид.
Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи USAID -«Тандурустии босифат» яке аз тарҳҳои сершумори кӯмакрасони USAID мебошад. Аз соли 1992 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тахминан 984 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудааст.{jathumbnail off}