Дар моҳи сентябри соли гузашта нархи роҳкиро дар ҳамаи хатсайрҳои миқёси вилоят ҳудуди 30 дарсад афзоиш ёфта буд. Вале аз рӯзи 10 уми майи соли равон қимати рокиро дар хатсайрҳои самти Хуҷанд- Табошар, Хуҷанд- Консой, Хуҷанд- Зафаробод, Хуҷанд - Шаҳристон 20 дарсад боло рафта, қимати роҳкиро аз 6 ба 8 сомонӣ дакка хӯрдааст.
Тавре аз Ассотсиатсияи нақлиёти мусофиркашонии Суғд ба хабарнигори «Озодагон» дар ин минтақа гуфтанд, болоравии қимати сӯзишворӣ боиси боло рафтани нархи роҳкиро шудааст.
«Болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ ба зиёдшавии нархи роҳкиро оварда расонд. Болоравии нархи роҳкиро дар асоси фармони вазорати нақлиёт ва комуникатсияи кишвар ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллӣ ҷорӣ шудааст», мегӯяд Абдуҷалил Бобоҷонов, муовини директории генералии Ассостсиатсияи нақлиёти автомобили мусофирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
Аммо аксари сокинони вилояти Суғд мегӯянд, гарон шудани қиммати роҳкиро мушкилоти онҳоро бештар кардааст. Мирзошариф Каримов як сокинони ноҳияи Шаҳристон афзуд, кор нест, нархҳо ҳама дар бозор гарон аст. Бо вуҷуди ин нархи роҳкироро боло бурданд. Барои як рафтуомад ба Хуҷанд 20 сомонӣ мегиранд.
Матлуба Орипова, сокини Табошар ва аз ҳамсӯҳбатони дигари мо, мегӯяд, боло бурдани қимати роҳкиро, бештар онҳоеро нигарон кардааст, ки дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд: «Мардум аз боло рафтани нархи роҳкиро мушкилӣ мекашанд. Хонаводаҳои камбизоат дар ҷойҳои мо бисёранд, ки ҳатто барои хариди сару либоси фарзандонашон имкон надоранд. Боло рафтани нарх боз мушкили мардумро бадтар мекунад».
Ҳикматулло ном як ҷавон аз ноҳияи Ашт, бо изҳори таассуф, гуфт, ки бештари хонаводаҳо дар навоҳии дурдасти минтақа бо мушкили фақру нодорӣ ба сар бурда, умдатан мушкили пардохти харҷи роҳ барои сафар дар ин ё он гӯшаи кишварро надоранд. Вай мегӯяд, мутаасифона, дар баланд бардоштани нархи роҳкиро омили шароити зиндагии мардум аз сӯи масъулин ба назар гирифта нашуда, ин ҳол бисёрҳоро ба изтироб овардааст:
«Роҳкирои самти Адрасмон-Хуҷанд ва Хуҷанд – Адрасмон 12 сомонӣ буд, ҳоло ба 16 -18 сомонӣ баробар кардаанд. Бисёре аз донишҷӯён имкон надоранд, ки дар чунин шароит ҳеч не барои гусели фарзандони муҳоҷир ва ё аз ҳоли нафарони дар беморхонаҳои Хуҷанд қарор доштаашон аёдат кунанд ».
Масъулини идораи нақлиёти мусофирбарии Суғд мегӯянд, дар сурати поён нарафтани қимати сӯзишворӣ эҳимол арзиши роҳкиро дар ҳама хатсайрҳои мусофиркашонӣ гарон карда хоҳад шуд.
Бо дигар шудани вазъи сиёсӣ- иктисодӣ дар кишвар фаъолияти автобусҳо, ки як вақтҳо ба таври фаровон ба назар мерасид, комилан барҳам хӯрдааст. Ҳоло бахши аъзами нақлиёти мусофирбарӣ дар ин қисмати кишварро миркоавтобусҳо ташкил медиҳанд, ки бо гарон шудани нархи сузишворӣ ҳамоно камбуди фаъолияти онҳо ба назар мерасад ва ҳеч як аз масъулини ниҳодҳои давлатӣ онҳоро ба танзим дароварда наметавонад ва дар чунин вазъ бештар боз сокинони камбизоят азият мешаванд.{jathumbnail off}Қамари Аҳрор