Телевизион ва озодии порахӯрон
Нуралӣ Давлат, муовини сардабири нашрияи «Фараж» таклиф намуд, ки «бигзор онҳоеро, ки масъулини агентӣ бо ҷурми порахӯрӣ ва ришваситонӣ боздошт мекунанд, дар телевизионҳои давлатӣ нишон надиҳанд.Зеро пас аз чанд муддат мебинем, ки мурофиаи додгоҳӣ ба манфиати собиқ дастгиршуда ҳал шудаасту ӯ ба озодӣ баромадааст. Ҳол он ки аз минбари телевизион гуфта мешавад, ки ҳамин кас амали корупсионӣ анҷом додаст ва онро дастгир намуданд».
Ҳамзамон, хабарнигорон аз фавран надодани иттилои зарурӣ ба намоянагони ВАО, аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда иброз доштанд, ки агар масъулини агентӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ кардан мехоҳанд, пас чаро сари ин масъала чора намеҷӯед? Шамсияи Қосим, хабарнигори ВВС далел овард, ки борҳо барои муайн кардани маблағҳои ҷамъшудаи НОБ- Роғун ба мақомотҳои зиррабт муроҷиат кардаем, мутаасифона дар ин бора маълумот намедиҳанд ва бархеаш барои ин иттилоъ ҳатто мактуби расмӣ талаб мекунанд.
Дар робита ба ин, Алӣ Иброҳим Саидзода гуфт, метавонед аз ҳуқуқҳои конститутсиониятон истифода бурда, аз болои шахсе, ки иттилоъ намедиҳад шикоят баред. Саидзода афзуд « ба ҷузъ аз маълумотҳои хислати ҷиноятӣ дошта, ки дар моддаи 20-и қонун ишора шудааст, дигар маълумотҳоро метавонед фавран аз мақомот дастрас намоед».
Чаро вокуниши мақомот нест?
Дар ҳамин ҳол Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNews» хост кормандони агентӣ чанд мисол аз баррасии мақолаҳои хислати коррупсионӣ дошта, ки дар матбуот чоп шудааст, пеш биоранд, амма масъулини ин ниҳод танҳо қайд карданд, ки « гуфтем ҳаст, ҳаст ба идора биоед, нишон медиҳем».
Оқои Ҷонӣ ҳамчунин афзуд, агар агентӣ пеш аз ҳама як маркази матбуотии таҳлилӣ ва баррасикунандаи мақолаҳои интиқодӣ таъсис диҳад, хеле хуб мешавад. Номбурда аз он изҳори ташвиш намуд, ки вобаста ба қазияи рӯзномаи «ИмрӯзNews», ки он хислати коррупсионӣ дорад, то ҳол агентӣ ҳеҷ гуна вокуниш нишон надодааст.
Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Миллат» низ аз фаъолияти агентӣ изҳори нигаронӣ намуда гуфт, «журналистон ба фоидаи ҷомеа менависанд, боз киро ба додгоҳ мекашанд, журналистро. Аммо масъулини мақомоти мазкур иброз доштанд, ки дар гунаҳкор намудани як шахс бояд эҳтиёткор бошем, то ягон нафари бегуноҳро аз зиндагии осоиштаву фарзандон ҷудо накунем, касеро бе асос ба кунҷи зиндон накашем.
Ҳамин тариқ,оид ба масоили ошкор намудани истифодаи маблағҳои аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ворид гардида, соҳиби мошинҳои гаронарзиш шудани кормандони агентӣ чанд ҳарф радду бадал гардида нишаст ё худ мулоқоти масъулини соҳа бо намояндагони ВАО ба поён расид…{jathumbnail off}
Алишер Зарифӣ