Зиёратшо Хушов, муовини сардори шӯъбаи БДА-и раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе аз мусофирон пурсид, ки ронанда аз онҳо чӣ қадар роҳкиро талаб кардааст? Мусофирон бо як овоз гуфтанд, ки як сомонӣ. Ронанда, ки номашро ифшо кардан нахост, изҳор дошт, ки бо сабаби надоштани танга, ба ҷои 80-дирами муқарраргардида аз мусофирон як сомонӣ гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, мушоҳида мешавад, ки дар бисёри маврид вақте аз мусофирон як сомонӣ ситонида мешавад, онҳо хомӯширо ихтиёр намуда, бақияи маблағи худро талаб намекунанд. Аммо Зиёратшоҳ Хушов мегӯяд, баъзан мусофироне ҳастанд, ки норозигӣ баён мекунанд.
Ронандаи дигар бошад, шиква намуд, ки вай қоидаҳои ҳаракати роҳро нақз накардааст. Вале навори бардоштаи кормандони БДА нишон дод, ки вай чароғаки раҳнаморо дар ранги сурх гузаштааст. Муовини сардори шӯъбаи БДА-и раёсати корҳои доҳилаи шаҳри Душанбе афзуд, ки аксарияти ронандаҳо оддитарин қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд, бахусус ба талаботи чароғаки роҳнамо ва хатҳои махсусе, ки дар гузаргоҳҳо кашида шудааст аҳамият намедиҳанд. «Аз ҳамин сабаб шӯъбаи БДА-и раёсати корҳои дохила тасмим гирифтааст, ҳамаи роҳҳои душворгузари шаҳри Душанберо ҳамарӯза зери назорати қатъӣ бигирад»,-илова намуд номбурда.
Давоми ду соати рейд дар чорроҳаи кӯчаи Неъмат Қарабоев беш аз 14 ронандае, ки ҳангоми сурх будани чароғак ҳаракат кардаанд, нигоҳ дошта шуданд. Ба онҳо тибқи модаи 318 қисми 1-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ санад тартиб дода шуд.
Агар дар ду соат фақат дар як кӯчаи пойтахт 14 ронанда қонуншиканӣ кунад, пас дар як шабонарӯз теъдоди онҳо ба чанд хоҳад расид? Шумо ҳисоб кардед? Агар не, ман ба ҷои шумо шумурдам, 168-то! Акнун ин рақамро ба шумораи умумии кӯчаҳои шаҳр зарб зада, ҳисоби «ронандаҳои саркаш»-ро пайдо кунед.{jathumbnail off}
Ибодулло Тоиров