1 миллион сомонӣ барои таъмири як асбоби мусиқӣ харҷ гардидааст
Арғунун барои аввалин бор пас аз чанд соли хомӯшӣ ба наво меояд.
Ҳамзамон, 27- июни соли равон дар Толори арғунуни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба маросими тантанавии ифтитоҳи Фестивали байналмиллалии «Навои арғунун» баргузор мегардад.Гуфта мешавад барои таъмиру тармими толори арғунун ё «шоҳ»-и асбобҳои мусиқӣ райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 1 миллион сомонӣ ҷудо намудааст ва мутахассисони ширкати «Ригер-Клосс-Орган»-и давлати Чехия тайи се сол таъмири онро анҷом додаанд. Ин толор аз ҷиҳати садобарорӣ (акустикӣ) ва арғунун аз ҷиҳати пайваст буданаш бо барномаи компютерӣ беназир буда, дар миқёси Осиёи Марказӣ ягона аст. Бино ба иттилои садорати донишкадаи ҳунарҳои зебо, дар фестивали «Навои арғунун» навозандагони ин намуди асбоби мусиқӣ – Рубен Абдулин аз шаҳри Қазони Русия ва Любов Шишканова аз пойтахти ин кишвар даъват шудаанд. Тибқи нақшаи қаблӣ консертҳои мусиқии арғунун рӯзҳои 27 ва 28 июн соати 17:00 дар Толори арғунун воқеъ дар донишкада баргузор мегарданд. Бояд гуфт, ҳамакнун Тоҷикистон соҳиби толори арғунунии дорои 350 ҷойи нишаст ва арғунуни дорои садои сеҳрангез гашт, аммо дар саросари кишвар ҳатто як мутахассиси касбӣ ва ё худ арғунуннавоз нест. Ёдрас менамоем, ягона ҳунарманди тоҷикистонӣ, ки ин асбобро хуб идора карда метавонад, Зулфия Халилова аст, ки алъон муқими Олмон асту тайи чанд соли ахир он ҷо кору фаъолият дорад.{jathumbnail off}