Китобхонаи бузургтарин, парчами баландтарину дарозтарин, нишони давлатӣ ва боғи истироҳатии восеъу нерўгоҳи бузургтарин- ин унвони хабарҳое, ки ҳамакнун дар бораи Тоҷикистон нашр мешаванд. Давоми 20 рўзи охир тамоми хабаргузориҳои дунё бо ҳамин мазмун хабару матолибе роҷеъ ба иншооти бузурги Тоҷикистон нашр намуданд. Ба ин ҳама ҳашамату бузургии иншооти Тоҷикистон нигоҳ накарда, дар миён таҳлилгароне низ пайдо шуданд, ки тамоми «дастовард»-ҳои 20 соли истиcлоли кишварро зери суол бурданд. Ба гуфтаи ин гурўҳи коршиносон масъулини Тоҷикистон на ба «худнамоӣ», балки бояд ба сатҳи зиндагии мардум ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷўҳи хосса намоянд. Дар ҳамин ҳол Фирўз Саидов, масъули маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон назари дигар дорад. Ба гуфтаи номбурда феълан Тоҷикистон ниёз ба муаррифӣ дошта, масъулини кишварро лозим аст, то аз ҳар роҳу васила барои ҷалб кардани меҳмонон ба Душанбе талош варзанд. Аз ин рў, агарчӣ имрўз барои бунёди иншооти бузург дар Тоҷикистон аз хазинаву буҷаи давлатӣ маблағ сарф мешавад, вале дар оянда шояд ҳамин иншоот ба яке аз сарчашмаи асосии даромад табдил ёбанд. «Ба назари ман барафрохтани парчами баландтарину дарозтарин аз ҷиҳати иқтисодӣ он қадар хароҷоти калон надошт. Дуруст, ки он маблағ барои мо муҳим буд. Вале аз ҳисоби он маблағ мо наметавонистем мушкилоти умдаи кишварро бартараф намоем. Ин як василае буд барои ҷалби сармояву сайёҳон ба Тоҷикистон. Ба эҳтимоли зиёд мо бар зарари иқтисодиёту иҷтимоиёти имрўзи кишвар онро бунёд кардем, вале дар оянда ин метавонад дар мо ба мисли манораи Эйфели Порис даромади зиёде орад»- мегўяд Фирўз Саидов. Албатта беҳтар мебуд, агар ҳукумати Тоҷикистон дар ҷашни 20 солагии истиқлоли кишвар корхонаҳои бузургтаринро дар кураи Осиё ба истифода медод, вале ҳоло чунин шароит надорем. Аз ин хотир сарф кардани маблағи имрўза барои иншооти стратегӣ дуруст ва ҳатмӣ аст, илова намуд масъули МТС
Ҳуқуқшинос ва яке аз мунтақидони давлати Тоҷикистон, Раҳматилло Зойиров мегуяд, ки ҳукумат бо ин роҳ хилофи сарқонуни кишвар амал кардааст. Чунки мутобиқи сарқонуни Тоҷикистон ҳукумат ҳуқуқи сарфи маблағи буҷаи давлатро барои сохтмон надорад ва бунёди иншооте ба монанди нишону парчам зидди қонунгузории кишвар аст. Тибқи сарқонун ҳукумат ҳақ дорад танҳо барои бунёди иншооти иҷтимоӣ ва устувории сиёсати иҷтимоӣ маблағи буҷаро сарф намояд. Раҳматилло Зоийров тамоми иншооти имрўзаи Тоҷикистонро ба ҷуз аз худанмоии ҳукумат чизе беш намешуморад. «Парчаму нишони баландро наметавонам ба унвони яке аз иншооти воқеан муҳиму дастоварди бузурги давлатӣ қабул намоям. Чӣ гуна мешавад, дар бораи иншооте сўҳбат карда, аз он ифтихор намуд, ки он ба имиҷи сиёсии кишвар чизе намедиҳад. Беҳтар мебуд агар дар давоми 20 сол, ҳукумати Тоҷикистон 20 корхонаро бунёд карда, ба истифода медод, то ҳадди ақал 50 ҳазор нафар аҳолии кишвар бо ҷойи кори устувор таъмин шаванд. Ин аст истиқлоли воқеъӣ, истиқлоли саноатӣ. Танҳо дар ин сурат мо метавонистем аз 20 солагии истиқлол бо тамому шукўҳу ҳашамат таҷлил намоем. Мутаасифона, ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, то ба ҳар роҳу васила худро таблиғ намояд, ки ин дар сиёсати ҷаҳонӣ ба ҷуз аз заъф чизе беш нест»- илова намуд Раҳматилло Зойиров. Ба бовари номбурда 90 дарсади иқдому амалҳои имрўзаи ҳукумати Тоҷикистон бемантиқ ва нодуруст аст.
Савфат Бурҳонов: агар ба ҳукумат ёрӣ намедиҳед, пас канор истед…
Савфат Бурҳонов, хабарнигори тоҷик бар хилофи ин андешаҳо мегўяд, ки дар ин авохир ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар гардидани вазъи кишвар чораҳои зарурӣ меандешад, вале ҷомеа худ хоҳишу талоше барои ислоҳшавӣ надорад. Мушкили аслии сатҳи пасти зиндагонӣ ва иҷтимоиро низ ҷаноби Бурҳонов дар танбалии мардуми тоҷик мебинад. «Ростӣ тақрибан даҳ сол қабл ман ба сиёсати дурнамои ҳукумати имрўза, ба хусус Эмомалӣ Раҳмон бовар надоштам. Ҳеч розӣ шуда наметавонистам, ки нафаре дар кишвари мо ба бунёди иншооти бузург даст мезанад ва ба ин мувафақ мешавад. Аммо давоми солхои истиқлоли кишвар ман шоҳиди бунёди тунелу нерўгоҳҳо шудам, назарам ба ин ҳукумату раҳбари давлат комилан дигар шуд. Ба хулосае омадам, ки агарчӣ имрўз мо, мардуми кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон бовар надорем ва ёрӣ намерасонем, пас бояд ба як сў гузашта, аз рафти фаъолияти ў назорат бибарем, то бибинем чӣ мешавад»-мегўяд Савфат Бурҳонов. Номбурда бар ин назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи тамоми норозигиву эродҳои мардум воқеан исмаш низ бо амалҳояш дар таърих сабт мешавад. Ва тамоми талошҳояш барои сабти рекорди Гиннес низ на ба хотири худ, балки бештар баройи давлати Тоҷикистон будааст.
Зойиров: Раҳмонро бовар кунониданд, ки воқеан шахси таърихӣ аст
Аммо дар ин маврид Раҳматилоо Зойиров назари дигар дорад. Агарчӣ имрўз Эмомалӣ Раҳмонро созмоне бо унвони «Пешвои асри 21» сарфароз намуд, аммо он аз ҳақиқат орӣ аст. Ба назарам чунин созмонҳои пуливу манфиатҷў дар саросари дунё хеле зиёд фаъолият доранд. Мушкилӣ аслӣ ҳам дар ҳамин аст, ки имрўз мардум ва гурўҳе аз сиёсатмадорон Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунониданд, ки ў пешвои ҳақиқии миллат аст. «Дар асл вазъи имрўзаи кишвар монанди рўзҳои охири давлатдории Помпея аст. Зеро дар давраҳои охири мавҷудияти давлати Помпея низ масъулин бештар барои худнамоӣ талош доштанд ва коре барои рушди андешаҳову истеъдод анҷом дода намешуд. Оқибати Помпеяро ҳама медонад. Аз ин рў ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, як каме самти фаъолияти худро тағйир бидиҳад, то кишвари мо ба монанди Помпея нашавад»- илова намуд Раҳматилло Зойиров. Зимнан Фирўз Саидов, масъули маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегўяд, ки бо вуҷуди тамоми мушкилот барафрохтани парчами давлатӣ як паҳлўи мусбат ҳам дорад, ин тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи меҳанпарастӣ аст. Дуруст аст, ки имрўз давлатҳои абарқудрат ба нишону парчами баланд таваҷўҳ зоҳир намекунанд. Ин ҳама барои онҳо дуввумдараҷа аст. Хеле хуб мешуд агар дар оянда ҳукумати Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи иҷтимоии зиндагӣ ба рекдордҳои Гиннес ворид шавад, илова намуд Фирўз Саидов. Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо амали худ эҳтимолан монеаи вуруди ёриии пуливу молии давлатҳои хориҷиву созмонҳои байналмилалӣ гардад. Дуруст аст, ки ҳукумату мардуми кишварҳои абарқудрат ба маризии зоҳирпарастӣ гирифтор нестанд. Ва онҳо сатҳи зиндагиву обрўи худро аз ҳамагуна рамзҳои давлатишон волотар мегузоранд. Аз ҷониби дигар имрўз ҳамин давлатҳое, ки имрўз ба мо ёрӣ мерасонанд худ имкони бунёди парчами баландтару беҳтарро доштанд. Амрико, Бритониё, Ҷопон, Хитой кишварҳое ҳастанд, ки сафиронашон дар маросими ифтитоҳи парчами бузургтарин ширкат доштанд, барои ин давлатҳо барафрохтани парчами аз ин баландтару бузургтар мушкил нест. Аммо ин чиз барои онҳо дуввумдараҷаву саввумдараҷа аст. Онҳо ҳеч гоҳ нишону парчамро барои мардум муқаддас эълон намекунанд. Зеро муқаддас чизеро гўянд, ки ба он даст зада нашавад, тағйирот ворид карда нашавад. Аз ин ҷо мантиқан танҳо Қуръонро метавонем муқаддас бигўем, чун касе имкону қудрати ворид кардани тағиротеро надорад. Вале нишон, парчам барои ҳар давлат дар як рўз метавонад иваз шуда, ба сарқонун низ тағйиру иловаҳое ворид мекунанд. Раҳматилоо Зойиров мегўяд, ки ҷойи таасуф аст, ки имрўз дар тамоми бахшҳои ҷомеа мафҳуми «бузург» бо ҳукумати Тоҷикистон пайвастагӣ дорад. «Тамоми ҷомеа дар мавриди амали ҳукумат парчам, нишони давлатӣ ва китобхонаи бузург ҳарф мезанад. Дар баробари ин метавонам бигўям, ки ҳукумати Тоҷикистон ба бузургтарин хатоҳо низ даст дорад. Масъулини имрўзаи ҳукумати Тоҷикистон дар фасоди давлатӣ ва нақзи ҳуқуқу иқтисодиёти сиёҳ низ «саҳми» арзанда доранд. Аз ин хотир ҳамин вожаи «бузург» бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамрадиф мебошад.
Раҳматилоо Зойиров мегўяд ягона чизе, ки шояд дар таърих сабт шавад он аст, ки дар шароити имрўза давлати Тоҷикистонро мардум идора мекунанд. Давлат бо маблағи мардум фаъолият дошта, аммо барои ҳифзи онҳо кореро анҷом намедиҳад. Аз ин хотир шояд пас аз 200 сол сайёҳҳон воқеан барои дидани парчаму нишони давлатии Тоҷикистон ба кишвари мо ворид шаванд. Ягона чизе, ки барои онҳо ҷолиб хоҳад буд, ин аст ки замоне дар Тоҷикистон ҳукумате ба зоҳирпарастӣ шуғл дошт ва ин иншоот дар даврае бунёд гардидааст, ки мардуми тоҷик аз камбизоатӣ ранҷ мебурданд ва дар ин кишвар ҳеч корхонае ба пуррагӣ фаъолият надошт. Ёдгории таърихӣ шояд ҳамин бошад.