Ба қавли соҳибназарон тамоми бахшҳои саноату иқтисод ва иҷтимоии кишвар ҳоло осебпазиранд.
"Тақрибан ҳамаи абъоди зиндагӣ дар Тоҷикистон мувоҷеҳи хатаранд. Мувоҷеҳи хатар будан, чандон хатаре надорад, агар тавони посух гуфтан ба хатар ва чолишҳоро дошта бошем. Хатарнок ин аст, ки ҳамаи бахшҳои зиндагии мо осебпазир ва шикананда ҳастанд",-мегӯяд Раҳматкарими Давлат, хабарнигори тоҷик. Зимнан, вақте дар мавриди хатароти овезон сари амнияти Тоҷикистон бо чанд коршиносу соҳибназари тоҷик сӯҳбат мекардам, номгӯи дуру дарозе мураттаб шуд. Аз андешаҳои онҳо чунин хулоса метавон кард, ки тамоми бахшҳои ҷумҳурӣ осебпазиранд. Шурӯъ аз иқтисодиёт то фарҳангу иҷтимоъ.
Хатари №1:
Пойгоҳи низомии Русия
Ба ихтиёри Русия гузоштани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон барои ним аср барои аксари коршиносон ғайримунтазир будааст. Баъди эълони ин хабар, ки ин пойгоҳ 49 соли дигар дар Тоҷикистон боқӣ мемонад, як гурӯҳ аз норозиён ҳатто баёния мунташир карда навиштанд, ки "Медведев моро таҳқир кард". Соҳибназарон мегӯянд, аслан муқобили чунин иқдом нестанд, агар ҷониби Русия барои ҳузури низомиёнаш маблағ пардохт кунад, вале тавре аз хабарҳои расонаҳои Русия ва нуқтаи назари мансабдорони он кишвар рӯшан мешавад, Кремл қасди истифодаи ройгони пойгоҳашро дар сарзамини мо дорад. Коршиносон мегӯянд, дар қаламрави як давлате, ки иддаои соҳибистиқлолиро дорад, ройгон мустақар шудани пойгоҳи низомии як кишвар бевосита амнияти онро зери суол мебарад. Комёб Ҷалилов, таҳлилгари масоили амниятии маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон (МТСТ) низ мегӯяд, ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави як кишвар новобаста аз чигунагии шеваи будубоши нерӯҳо омили хатарсоз аст. ӯ мегӯяд, агар дар бахши сиёсӣ хатар надоранд, пас ба амнияти иҷтимоӣ ё дигар соҳаҳо ҳатман таъсири манфие хоҳанд дошт. Аммо аз сӯи дигар ин коршинос гуфт, шояд нерӯҳои бегона дар баъзе маворид омили пешгирикунанда аз хатарҳо дар минтақа шаванд.
Интихоботҳои пуртақаллуб ва ҲИӮ ҳам хатар доранд
Дар мавриди таъмин набудани суботи сиёсӣ ҳамчунин аз интихоботҳои пуртақаллуб мисол зада шуд. "Ҳоло, ки номзадҳои бозанда хомӯшанд, ин аз он аст, ки чорае ба ҷуз хомӯшӣ надоранд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки шикастро мепазиранд, вале ҳаргиз таҳқирро нисбати худ фаромӯш намекунанд ва намебахшанд", -андеша доранд дигар соҳибназарон.
Баъзеҳо Маҳмуд Худойбердиевро дар қатори хатарҳои асосӣ ба амнияти Тоҷикистон ҷой медиҳанд. Ба қавли онҳо ин хатар то замоне, ки Маҳмуд бандӣ нашавад, ё ба ҳалокат нарасад аз миён нахоҳад рафт.
Дар ин замина аз Ҳаракати исломии ӯзбакистон (ҲИӯ) низ ёд мешавад, ки ба амнияти Тоҷикистон таҳдид хоҳад дошт. Таври маълум пайравони ин ҳаракат бештар дар шимоли Тоҷикистон фаъоланд ва қисмати зиёди боздоштшудаҳо низ дар минтақаҳои марзии вилояти Суғд боздошт мешаванд. Гуфта мешавад, аъзои ҲИ? дар ҳоли ҳозир муваффақ нашудаанд, ки дар манотиқи дигар фаъолияти густурда дошта бошанд, аз ин рӯ ба қавли коршиносон мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистонро зарур аст, ҷиҳати роҳ наёфтани пайравони ҳаракат аз тамоми чораҳо истифода кунанд. Аммо соҳибназари тоҷик Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ муътақид аст, ки баъзе сахтгириву фишорҳо аз ҷониби мақомот, ки солҳои охир ба назар мерасад, ба манфиати ҳаракатҳои ифротӣ метавонад бошад.
-Фишор болои ришу ҳиҷоб, манъи таълими динии наврасон ва то сини 18 ба масҷид рафтани онҳо. Аз ин фишорҳо ҳаракатҳои мазҳабӣ ба фоидаи худ истифода мекунанд, ки ба манфиати давлат нахоҳад буд.
Таҳдиди 3:
Чун сухан дар мавриди мазҳабу дин рафт, як ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки "афзоиши намояндагони масеҳият ва дигар ҷараёнҳои динӣ дар оянда таҳдиди бузурге ба амнияти кишвар хоҳад буд".
Толибон ва гурӯҳҳои терористӣ ҳам хатарноктарин хатар хонда мешаванд, вале Комёб Ҷалилов, таҳлилгари масоили амниятии МТСТ мегӯяд, дар қиёс ба маводи мухаддир ин таҳдидҳо кӯчак ба назар мерасанд. Ба қавли ин коршинос. дар ҳолати хавфи ҳуҷуми толибон мақомоти кишвар имкони бо роҳи музокира ҳал намудани қазияро доранд. Бо гурӯҳҳои терористӣ, ки эҳтимоли аз марзи Афғонистон гузаштанашонро тахмин мезананд, низ нерӯҳои Тоҷикистон имкони муқобаларо доранд. "Дар худи марз мо онҳоро сарнагун мекунем, вале дар сурати убури сарҳад низ онҳо сазояшонро мегиранд, чунончӣ дар шарқи Тоҷикистон шоҳиди чунин амалиёт шудем",- мегӯяд Ҷалилов. Аммо ба гуфтаи таҳлилгаег ри МТС дар ҳоли ҳозир муҳимтарин хатар ба амнияти Тоҷикистон қочоқи маводи мухаддир ва нашъаҷаллобонанд.
-Биёр нерӯҳое дар ҷаҳон ҳастанд, ки ин ду омилро ба манфиати хеш ва бар зиёни мо истифода мекунанд- ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ, ҳам аз нигоҳи низомӣ. Ин нерӯҳо кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз ин омилҳо сари мо фишор биёранд ва мақсадҳои худро амалӣ созанд- мегӯяд Комёб Ҷалилов. Ин коршинос иддаоҳоеро, ки гӯё қисмати аслии маводи мухаддири Афғонистон аз тариқи Тоҷикистон мунтақил мешавад, бепоя хонда гуфт, танҳо фисади ночизе аз ин мухаддарот тариқи хоки Тоҷикистон интиқол меёбад, аммо бахши аъзам бо роҳҳои дигар мегузарад.
Иқтисод нест ва агар ҳаст дар гардани муҳоҷирон
Бахши иқтисод низ аз соҳаҳои осебпазир гуфта мешавад. Гузашта аз ин, ба қавли Раҳматкарими Давлат иқтисодиёти Тоҷикистон ба маънои томаш вуҷуд надорад. Ба пешниҳоди ӯ тарзи дурусти ин бахш бояд ингуна бошад: "Иқтисоди дар гардани муҳоҷирони тоҷики маҳз муқими Русия овезони Тоҷикистон". Ҳамин кофист, ки бигӯем, агар аз иқтисоди Тоҷикистон 3,5 ило 4 миллиард доллари муҳоҷиронро ҳазф кунед, аз он чизи зиёде ба маънои иқтисод боқӣ намемонад.
-Ин буҷаи давлатӣ фақат барои бардоштани нозу нузи мансабдорон ва мошинсавории фарзандони онҳо басандаасту бас. Ҷойи кори ин муҳоҷирон дар Русия ва пули ин муҳоҷирон дар навбати худ омили таъмини суботи иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Акнун масъала ин аст, ки Тоҷикистон ҳаргиз дубора ба осонӣ нахоҳад тавонист, ки 1,5 миллион тоҷики муҳоҷирро ба оғуши худ баргардонад. Бекор мондани ин муҳоҷирон ва ё бозгашти ҳатто бештар аз бист дарсади онҳо ба якборагӣ метавонад боиси шиддати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон шавад, балки ногузир хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷират як раванди барномарезишуда набуда, амри худҷӯш (стихиявӣ) мебошад, ки дар пайи талоши ёфтани қути лоямут шакл гирифт ва давлат ҳанӯз ҳам барномаи муассири танзими ин равандро надорад.
Хатари 5:
Никоҳ бо афроди аҷнабӣ
Зимнан, гуфта мешавад, ки муҳоҷират хатари дигаре низ дорад: хатар ба генофонди миллӣ. Ин мавзӯъ аслан гапи наве нест, аммо вақте сӯҳбат сари амнияти миллӣ рафт чанд нафар аз он ҳам ба унвони хатари ҷиддӣ ном бурданд. Гап сари афзоиши раванди муҳоҷират ва зиёд шудани никоҳи расмиву ғайрирасмии бонувони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷист. Маърифат Шокирова, мудири шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии кумитаи кор бо занони назди ҳукумати Тоҷикистон дар зимн изҳор намуд:
-Ҳарчанд мардикорӣ раванди ҷаҳонишавист, аммо дастаҷамъона ва бахусус ба муҳоҷирати корӣ рафтани занони тоҷик, албатта метавонад хатар эҷод кунад, зеро фарзандони дар оилаи пурра тарбия наёфта, мушкилоти зиёдро ба вуҷуд меоранд. Нуктаи дигар никоҳ бо шаҳрвандони хориҷист. Аз нигоҳи демократӣ ҳар нафар дар интихоби ҳамсар озод аст, вале ворид шудани гурӯҳи миллату қавмияти дигар ба ҷумҳурӣ дар зери чатри ҳамсари тоҷик бо амалӣ намудани мақсадҳои муғризонаи хеш, воқеан хатари ҷиддӣ ба амният ва генафонди миллӣ дорад.
Зимнан, бояд гуфт, ки дар ҷануби Тоҷикистон ҳолатҳои зиёди никоҳи занони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла чиноиҳо ба қайд расидааст, ки баъди як муддати кӯтоҳ ин оилаҳо пароканда ва занони тоҷик бо фарзандони бепадар сарсону саргардонанд.
Муҳимтарин хатар:
Набудани синфи миёна!
Бархе коршиносон бар инанд, ки зиёд шудани фосила миёни қишри доро ва камбизоат ба амнияти кишвар таъсири манфӣ дошта метавонад. Ба қавли онҳо чанд соли охир дар Тоҷикистон синфи миёна аз байн рафтан дорад. Дар ин баробар теъдоди онҳое, ки ба қишри нодор шомиланд ба таври бесобиқа зиёд буда, танҳо чанд дар сад синфи сарватмандро ташкил медиҳанд. Амният Абдуназаров, муовини раиси ҲСДТ, ҳизбе ки гуфта мешавад, бояд аслан такягоҳи аслияш синфи миёна бошад, мегӯяд, қишри миёна дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. "Дороҳо агар 5 ё 10 дар сади аҳолиро ташкил диҳанд, дигар мардум нодоранд ва зери хатти фақр ба сар мебаранд. Агар вазъ чунин идома ёбад тоқати мардум тоқ ва косаи сабраш лабрез мегардад. Агар маошро боло баранд, ҳамон рӯз нархро ду маротиба зиёд мебардоранд. Ин нобаробариҳо метавонанд дар Тоҷикистон то андозае нооромиро ба вуҷуд оранд. Муаллимон ҳамашон нодоранд. Маошашон дусад сомонист, дар ҳоле, ки як халта орд дар Бадахшон аз 160 то 180 сомонӣ нарх дорад. Вақте маоши муаллим дусад сомонӣ бошад, ӯро синфи миёна гуфтан мумкин нест. ӯ нодор ва ҳатто гадо аст ва ниёз ба кӯмаки башардӯстона дорад".
Хатари 6-ум:
Забони давлатӣ бечора аст
Забони давлатӣ ва муносибат бо он низ аз феҳрасти мо берун намонд.
Мунаввари Мунавварзод, хабарнигори тоҷик, ки дар масоили забони тоҷикӣ таҳқиқоти зиёд бурдааст, гуфт, ҳамагуна амнияти миллӣ аз амнияти забони миллат шурӯъ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба қавли вай: "Дар Тоҷикистон амнияти забони давлатӣ дар сатҳи хело паст таъмин аст".
Чанд нафар аз ҳамсӯҳбатҳои мо изҳор доштанд, ки агар мақомот сари ба хати форсӣ гузаштан ҷиддӣ андеша накунанд, дар ростои ҷаҳонишавӣ хатари зери гирдоб қарор гирифтани он аз эҳтимол дур нест. Мунаввари Мунавварзод бошад, муътақид аст, ки қабл аз гузаштан ба хати форсӣ дар ин сарзамин бояд танҳо як забони давлатӣ ҳукмрон ва қадру манзалати шойиста дошта бошад, мутаассифона, ин забон имрӯз чунин мақом надорад ё агар дорад, танҳо рӯи коғаз аст!
Дар қисмати фарҳангӣ бархеҳо ба халои филмсозӣ дар Тоҷикистон ишора мекунанд, ки ҷои онро филмҳои туркӣ ба пуррагӣ ғасб мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба андешаи бархе фарҳангиён аз филмҳои дорои фаҳшу зӯроварии ғарбӣ дида, маҳбубияти филмҳои туркӣ хатари камтаре доранд. Аммо нафароне буданд, ки таъкид доштанд, аз филмҳо дида хатароти ҷиддитаре соҳаи фарҳангро фаро гирифтааст-таҳдид ба насли тоҷик. "Бино ба маълумоти мутахассисон ҳоло дар бархе манотиқи кишвар, аз ҷумла дар Бадахшон депопулятсия оғоз шудааст. Ин хатари ҷиддӣ ба насли тоҷик аст, ки мутаассифона касеро аз масъулин нигарон намекунад, балки шояд баъзеҳоро хушҳол низ бикунад",-изҳор намуд як соҳибназари тоҷик.
Гузашта аз ин ба қавли журналист Раҳматкарими Давлат таҳдиди дигар ин аст, ки ҷунбиши фикрӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, то ҷомеаро ба самти дуруст таҳрик бидиҳад. "Андешаро қудратмандон ба кӯмаки шоиру нависандаи тамаллуқкор куштаанд. Ба ҳадде, ки барои аввалин бор аз шеъри Бозор Собир нафратам омад, вақте дар рӯзи 9 сентябр Саидқул Билол мехонд, "Тоҷикистон аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ, бас аст. Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст". Ин замоне шеър буд, акнун ифрот аст. Шеъри олӣ шиори холии бемаънӣ шуд. Ин суханбозӣ вақте маънӣ дошт, ки шеър буд, акнун ки шиор шуд, комилан аҳамияти худро бохт. Агар бо хасу хораш баробар зиндагӣ кардан бас бошад, чаро гӯяндаи ин сутур ба Амрико ва 1,5 миллион хонандаи он сангу хори азизи худро гузоштанду ба Русия рафтанд? Бигузоред, ки он ҳамчун шеър барои таъмини ниёзи ботинии хонанда боқӣ бимонад. Дар кӯтоҳмуддат таҳдиде амалӣ нест, аммо дар дарозмуддат ин таҳдид воқеӣ аст. Дигаргуна шудани тарзи тафаккур, диндорӣ, чеҳраи амалӣ ва фарҳангии тоҷик, бар асари омезиши унсурҳои фарҳангии ақвоми хурду кӯчак, вале қудтарманд, як амри ногузир менамояд. То 30 ё 50 соли дигар мо як тоҷики комилан дигар хоҳем дошт. Ҳамоне, ки Фирдавсии ҳаким гуфта буд:
Бохти Тоҷикистон дар масири ҷанги иттилоотӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулот, ҳамчунин гароншавии арзиши барқ, реша давонидани фасод дар сохторҳои давлатӣ (аз боғчаи кӯдакона то вазоратхонаҳо), тақсими ноодилонаи замин дар Тоҷикистони камзамин низ аз таҳдидҳои дигар рӯи амнияти кишвар маҳсуб мегарданд, ки ин масоил дар фурсати дигар мавриди баҳс қарор хоҳанд гирифт.
Абдулазизи ВОСЕЪ