Дар идома се масъалаи марбут ба вазъи низоми дохилӣ буд. Шукурҷон Зуҳуров ба толор нигоҳ карда гуфт: "Қаҳҳоров барои чӣ ҳузур надорад?" -Вазирон бояд шахсан дар ҷаласаи парлумон ширкат варзанд, ин иқдоми раиси маҷлиси намояндагон нест. "Вақте лоиҳаи қонун аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад, аъзои ҳукумат бояд шахсан ширкат варзад. Инҷо суол пайдо шуданаш мумкин.
Ҷаноби Зуҳуров дар идома гуфт, ки албатта муовинони вазирон хуб кор мекунанд. Номбурда таъкид намуд: "бояд барои мо сабаби инҷо наомаданашонро маълум намоянд. Агар дар ҷаласаи ҳукуматӣ бошанд, узрнок аст. Аммо, мо дигар лоиҳаҳои аз ҷониби ҳукумат ироашударо бидуни аъзо баррасӣ нахоҳем кард".
Дар ҳамин маврид, Шукурҷон Зуҳуров ба намояндаи комилҳуқуқи раисҷумҳур дар палумон, Ҷумъахон Давлатов муроҷиат намуда, гуфт, ки бояд тартиб риоя карда шавад ва вазирон бояд шахсан дар баррасии лоиҳаи қонун иштирок намоянд.
Барои вазирон иштирок дар парлумон ҳатмӣ нест…
Мутобиқи асноди меъёриву ҳуқуқи раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ зимни пешниҳоди лоиҳаи қонун ба парлумон муваззаф мешаванд, то дар баррасии он ширкат варзанд.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон мегўяд, ки вақте лоиҳаи қонун аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ таҳия мешавад, пас иштироки раҳбарият дар баррасӣ ҳатмӣ аст. Агар вазирону руасои кумитаҳои давлатӣ барои иштироки бевосита дар баррасии лоиҳаи қонун ўҳдадоранд, аз ҷониби дигар ин ба манфиати худи онҳост.
-Зеро, буданд ҳолатҳое, ки дар парлумони Тоҷикистон қавонине аз ҷониби муовинон баррасӣ ва қабул шуда, дар рафти амалӣ намудани он раҳбарияти ниҳодҳо сару садо баланд карданд. Онҳо аз мо суол мекарданд, ки чаро дар ин шакл қабул кардаву онҳоро хабардор накардаем. Аз ин хотир дар ҷаласаҳои парлумон вазирону раисон бояд шахсан ширкат варзанд.
Шодӣ Шабдолов дар идома мегўяд, ки баъзан вазирону раисон дар ҳолати ногувор қарор мегиранд. Аз як тараф ҷаласаи парлумон аз ҷониби дигар ҷаласаи ҳукуматӣ. Барои ҳамин, бовар дорам, ки ҳозир нашудани онҳо дар ҷаласаи парлумонӣ маънои эҳтиром нагузоштан назди вакилонро надорад, мегўяд Шодӣ Шабдолов.
Аммо Файзиниссо Воҳидова, таҳлилгари тоҷик бо ин даъво чандон розӣ нест. Вай мегўяд, ки новобаста аз вазъият вазир вазифадор аст, то дар қабули лоиҳаи қонун иштирок намояд ва ё шахсан раҳбарияти парлумони кишварро огоҳ намояд. Баъзан қонунҳои сатҳӣ ҳастанд, ки он фаъолияти ҳамон ниҳодро ба танзим медарорад. Дар чунин ҳолат вазир бояд худ ширкат варзад.
-Ба андешаи ман вазирон ширкати бевоситаро дар парлумон он қадар зарур намешуморанд, ки ин гуноҳи онҳо нест. Зеро, ҳамаи вазирону раисони ниҳодҳои давлатӣ бохабаранд, ки лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат ироа шударо маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бидуни баҳсу мунозира қабул мекунанд, изҳор дошт Файзиниссо Воҳидова.
Ин маънои онро надорад, ки вазир аз ин ба баъд аз ширкат дар ҷаласаҳои парлумонӣ худдорӣ намояд. Раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ барои фаъолияти муассир ва ба хотири эҳтиром назди ҳокимияти қонунгузор бояд барои пешниҳод ва қабули лоиҳаҳои қонун фаъол бошанд. Аммо, мегўяд Файзиниссо Воҳидова то чӣ андоза иштироки раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ дар амалӣ намудани он қонун мусоидат мекунад, ин суолест дигар.
Ин гуфтаҳоро Сўҳроб Шарипов, раҳбари маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон тақвият бахшида мегўяд, ки ширкат надоштани раисон ва вазирон ҳар гуна нофаҳмиҳоро ба вуҷудоварда, вазъиятро метавонад боз ҳам печидатар намояд.
Ҷаноби Шарипов мегўяд, ки интиқоди Шукурҷон Зуҳуров аз вазирон ва раисони ниҳодҳои давлатӣ ба маврид мебошад, чунки дар баъзе аз ҷаласаҳои дохилӣ вазирон аз муовинони худ нигаронӣ мекунанд. Илова бар ин зимни баррасии лоиҳаи қонун саволу ҷавоб шуданаш мумкин.
Барои ширкат накардани вазирон вакилон гунаҳкоранд
Файзиниссо Воҳидова, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки барои ширкат накардани вазирон ва раисони ниҳодҳои давлатӣ дар ҷаласаи парлумон вакилон бевосита саҳмгузоранд. Зеро, давоми солҳои зиёд онҳо аз мавҷудияти нуқсе дар ниҳодҳои давлатӣ эрод намегиранд ва ҳатто дар муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баҳсҳои ҷиддие намекунанд.
-Агар муарифии қонунҳоро сарфи назар намоем, метавон гуфт, ки аксари вакилони мардумӣ давоми 5 соли фаъоилият хомўшанд ва парвое нисбат ба вазъи давлат надоранд. Дар парлумони Тоҷикистон, ки 63 вакил дорад, танҳо ду нафар-Муҳиддин Кабирӣ ва Шодӣ Шабдолов баҳс мекунанд ва иллати аслӣ дар адами фраксияҳои дохилӣ мебошад. Зеро, наздик ба 70 дарсади аъзои парлумон намояндагони ҳизби ҳокиманд ва онҳо ҳатман манфиатҳои ҳукуматро ҳимоя мекунанд, илова намуд Файзиниссо Воҳидова.
Дигаргуниҳои парлумонӣ
Бештар аз як сол мешавад, ки фаъолияти парлумон ва шахсияти Зуҳуров дар ҳокимияти қонунгузор вирди забон аст. Аз Зуҳуров дар парлумон дар аксар маворид ҳамчун як шахсияти ботаҷриба ва навовар зикр меунанд. Бояд гуфт, аз моҳи марти соли 2010 то ба имрўз Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчун раиси Маҷлиси намояндагони маҷилиси олии Тоҷикистон қолабшиканиҳое ҳам намуд.
Беҳтару хубтар баррасӣ намудани лоиҳаҳои қонун, сафари бевосита ба минтақаи Рашт ҳангоми даргириҳо ва дар расонаҳои хабарӣ нашр намудани шумораи телефони вакилон. Аз ҷумлаи корҳои назаррасӣ Шукурҷон Зуҳуров ба ҳисоб меравад.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама аксари коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки тағйироти як соли охири парлумон бештар зоҳирӣ буда, он барои фаъолияти муассири ҳокимияти қонунгузор мусоидат накардааст. Зимнан, таъкид кардан ба маврид аст, ки баррасии тўлонии масъалаҳои рўзномаи ҷаласаи парлумон барои ба назар гирифтани мехонизми қонунгузорӣ давом намеёбад. Тибқи мушоҳида, маъмулан вакилони мардумии тоҷикро имло ва тарзи дурусти ифодаи калима машғул мекунад. Илова бар ин, аксари шумори телефоне, ки дар матбуоти даврӣ нашр шуд, фаъол набуд, ки ин ҳам дар пай суолҳоеро ба вуҷуд овард.
Тағйирот зоҳирӣ аст, мутаасифона…
Дар ҳамин маврид, Файзиниссо Воҳидова мегўяд, ки бо вуҷуди сару садои зиёд дар мавриди тағйирот дар фаъолият парлумон, наметавонад фаъолияти парлумонро муассир унвон намояд.
-Албатта баъзе тағйироти ҷузъӣ ба чашм мерасад. Шукурҷон Зуҳуров дар муқоиса бо Сайдулло Хайруллоев роҳат аз мушкили парлумон ҳарф мезанад. Масъалаҳоеро худ ба баҳс мегирад. Аммо ин тағйироти ҷиддӣ набуда, он бештар зоҳирӣ аст. Дар амал дигаргунии ҷиддие эҳсос намешавад, мегўяд таҳлилгари тоҷик.
Ба сифати далел Воҳидова аз муроҷиати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баҳси фаъолияти ширкати IRS оварда мегўяд, ки бо вуҷуди тамоми нигарониҳо парлумон барои муаяйн намудани раҳбарияти ин ширкат ва бартараф намудани нақзи ҳуқуқи интихобкунандагонаш кореро анҷом дода натавонист. Барои ман ҳамаи тағйироти парлумон сатҳӣ аст, зеро то ба ҳол ҳимоя аз манфиатҳои мардум дар фаъолияти парлумон эҳсос намешавад, гуфт Файзиниссо Воҳидова.
Аз ин хотир, мегўяд номбурда, ҳатто иштироки бевоситаи вазирону раисони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон маънои муассир гардидани фаъолияти парлумонро надорад.
Ба ҳар сурат то куҷо ба манфиат будани ин нигаронии Шукурҷон Зуҳуров бо гузашти вақт муаяйн хоҳад шуд, ки оё аз ин ба баъд қонунҳо дар шакли бояду шояд қабул мешаванд ва ё на.
Хумайрои БАХТИЁР