Президент ба журналистон эътимод надорад?
Эмомалӣ Раҳмон аз замони дар курсии президентӣ нишастанаш ҳамагӣ як маротиба бо журналистони тоҷик мулоқоти рў ба рў дошт. Аммо ба ин дидор, ки 7-уми декабри соли 2009 баъди 17 соли райисҷумҳурии вай сурат пазируфт танҳо журналистон даъват нашуда буданд. Як иштирокчии мулоқоти мазкур гуфт, он бештар ба масоили НБО Роғун бахшида шуда буд. Ба қавли номбурда вохўрии мазкурро намешавад нишасти матбуотии президент бо журналистон номид, зеро он ҷо шоирону нависандагон ва дигар намояндагони аҳли эҷод ҳам ширкат доштанд. "Мулоқот бо журналистон мебоист ба ифтихори 50 солагии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир мегардид, аммо нашуд. Тасмими ниҳоӣ дар мавриди мулоқот моҳи ноябри соли 2009 буд, вале баъдан лағв шуд",-афзуд вай. Ҳамчунин, ба гуфтаи ҳамсўҳбати мо дар мавриди ин мулоқот журналистон ду рўз қабл огаҳӣ ёфтанд. Гузашта аз ин сармуҳаррирони бархе аз расонаҳо барои ширкат ба вохўрӣ бо Дмитрий Медведев, президенти Русия ба Маскав сафар карда буданд.
Аммо бо ин ҳама журналистони тоҷик онро то имрўз ягона мулоқоти рў ба рўи сарвари давлат бо намояндагони "ҳокимияти чорум" унвон мекунанд.
Ба иттилои иштирокдорони "мулоқоти таърихӣ" президент зимни сўҳбат хело самимиву заминӣ ва ошкоро бо онҳо сўҳбат кардааст. Ин дидор дар бинои Кумитаи телевизион ва радио наздик ба чор соат идома ёфт. Баъди ду рўз сомонаи "Время новостей"-и Русия матлаби Аркадий Дубнов "Мы возьмем Самарканд и Бухару. Таджикский президент рассказал о сокровенном"-ро мунташир кард. Худи Дубнов дар ин мулоқот ширкат надошт. Дар матлаби ў гуфта мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз муносибатҳояш бо Ислом Каримов, президенти Ўзбакистон нақл кардааст. Ин матлаб дар зудтарин фурсат аз сўи чандин сомонаи дигари русӣ бознашр шуд. Чанд сомонаи дигар онро ба таври худ шарҳу тафсир кард. Дар посух ба ин матлаб ягона мақоми расмие, ки изҳори назар кард, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон буд. Сўхангўи ин ниҳод он замон гуфт: "маълумоте, ки чанд расонаи русӣ паҳн карданд аз ҳақиқат дур аст". Аз миёни расонаҳои ватанӣ танҳо хабаргузории "Авесто" ба Аркадий ҷавобияе навишт, ки унвони "Чушь Дубнова. Сколько нам ее читать?"-ро дошт.
Ҳар чӣ ҳам буд, ин дидор то кунун барои журналистони тоҷик ягона боқӣ монд. Бархе таҳлилгарон мегўянд, нишасти хабарии аввалини Раҳмон имтиҳоне барои рўзноманигорони тоҷик буд, ки аз он нагузаштанд. Аз он дидори таърихӣ инак як солу панҷ моҳ сипарӣ мешавад, вале аз тасмими баргузории нишасти навбатии Эмомалӣ Раҳмон хабаре нест. Ахиран миш-мишҳое баланд шуд, ки дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар рў ба рўи журналистони тоҷик нишаста ба суолҳои сершумори онҳо ҷавоб хоҳад гуфт. Домани ин гапҳо то куҷо ба воқеият печидаанд? Аз дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон ба "Озодагон" гуфтанд, ки алъон дар мавриди баргузории нишасти хабарӣ бо ширкати сарвари давлат маълумоте надоранд, вале ваъда карданд, ки дар сурати роҳандозӣ шудани чунин як тасмим ҳатман журналистонро огоҳ хоҳанд кард.
Аммо Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, таҳлилгари Маркази "Диалог" чандон бовар надорад, ки дар сурати баргузор шудани мулоқоти вижаи президент бо журналистон онҳое ба вохўрӣ роҳ ёбанд, ки чизи гуфтание доранд. Ба қавли номбурда доир шудани мулоқоти рў ба рў бо президент орзўи тамоми хабарнигорони тоҷик, бахусус онҳоест, ки дар қалб дарде доранд ва раванди мушкилзои кишварро ба хубӣ эҳсос ва таҳлил карда метавонанд. "Аммо бо эҳтимоли қавӣ дар сурати баргузор шудани чунин як мулоқот ширкати рўзноманигорони фаъол ва аз вазъияти минтақа ва ҷаҳон огоҳ ғайриқобили иҷро ба назар мерасад". Ба бовари Сайфуллоҳзода хабарнигорони нашрияҳои ғайриҳукуматӣ, ки метавонанд масоили доғи рўзро дар ҳузури президент рўирост матраҳ намоянд, эҳтимолан ба ин мулоқот даъват намешаванд.
Ба суолҳои хабарнигорони ватаниву хориҷӣ посух додани президент дар бисёр кишварҳо аллакай монанд ба анъана гардидааст. Бино бар иттилои расонаҳо Уго Чавес, президенти Венесуэлла ҳатто ровии як барномаи радиоӣ аст. Ў сари ҳар чанд вақт ва дар вақти муайянашудае ба эфир баромада бо мардум сўҳбат мекардааст. Аз миёни кишварҳои пасошўравӣ метавон гуфт, ки баргузор кардани нишасти хабарӣ ё ҷавоб гуфтан ба саволҳои журналистон дар Русия шакл гирифтааст. Ин чиз аз аҳди Путин оғоз шуд ва Медведев онро идома медиҳад. Ҳамчунин, Медведев чанде қабл бо масъулини се ширкати телевизионии маъруфи кишвараш сўҳбати рў ба рў ва тўлоние дошт.
Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Журналист" мегўяд зуд-зуд дар ҳузури журналистон нишастани президенти Русия аз ду ҷиҳат хеле муҳим аст. Аввалан Русия кишвари паҳновар аст ва ҳам сохти давлатдории федеролӣ дорад, ки махсусиятҳо ва нозукиҳои сиёсӣ дар зери ин қабо ниҳон аст. Бинобар ин, ҳар президенти баргузидашудаи Русияро воҷиб аст, ки тавассути суолу ҷавоби мустақим бо журналистони тамоми кишвар дар фазои шаффоф (чун мулоқоти ў бо рўзноманигорон аз тариқи ТВ-и қариб ними дунё мустақиман пахш мешавад) аз амалҳои иҷронамудааш ба ҳайси сарвари давлат ба мардумаш ҳисобот диҳад. Ба қавли Шарифзода аз паҳлўи дигар бо баргузории чунин нишастҳо райисҷумҳурони Русия ба худ "плюс" зам кардан мехоҳанд:
-Набояд фаромўш кард, ки чунин мулоқотҳо барои президентҳои амалкунандаи Русия, чун дигар кишварҳои демократӣ, як навъ PR (бо маънои мусбиаш) низ мебошад, чун мўҳлати президентии эшон муайян аст ва умеди неке аз интихоботҳои минбаъда доранд.
Дар ҳамин асно раҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Журналист" мегўяд зарурати баргузории як нишасти вижаи райисҷумҳури Тоҷикистонро бо рўзноманигорон намебинад. Иддаои Қироншоҳ Шарифзода чунин аст:
- Барои чунин мулоқоти президенти Тоҷикистон бо журналистон зарурате нест. Чун президент ба суолҳои эҳтимолии журналистон дар ҳар мулоқоташ бо "фаъолон"-и расмӣ зимни суханрониаш пешакӣ ҷавоб медиҳад.
Дар ҳамин маврид бояд зикр намуд, ки чанд сол қабл зимни як мулоқот бо занони фаъол, Бибихонуми Дарвешзода, хабарнигори тоҷик хостори як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Эмомалӣ Раҳмон шуд. Райисҷумҳур ваъда кард, ки танҳо бо ў на, балки бо ҷамъе аз журналистон мулоқот хоҳад кард.
Шумо аз президент чӣ мепурсед?
Ба ҳар сурат мушоҳида мешавад, ки хабарнигорони зиёде мунтазири як нишасти вижаи матбуотӣ бо ҳузури президенти кишвар ҳастанд. Дар робита аз чанд журналисти тоҷик пурсидам, ки дар сурати баргузории чунин нишаст ва даъват шуданашон ба президент чӣ суол хоҳанд дод?
Исматулло Азизов:
-Аз президенти кишвар суол мекардам, ки воқеаҳои мамолики Араб то ба кадом андоза шахсан Шуморо нигарон кардааст? Суоли дуюм: Амрико метавонад, ки барои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ бошад?
Қамари Аҳрор:
-Ба фикри Шумо ҳодисаҳои дар кишварҳои исломӣ назири Мисру Сурия ва Яман ба вуқўъомада, ки ба фирор ва барканории раисҷумҳурони ин давлатҳо боис шуд, барои сарони кишварҳои минтақа то чӣ ҳад хатарангез аст?
Сафарбек Кабиров:
-Агар ин рўз муясарам мебуд, мегуфтам, ки қариб дар ҳама мулоқотҳоятон аз кори вазорату садорат, руасову вузаро шиква мекунед, пас бо ин "гушношунавҳо" чӣ карданиед?
Анўшервони Ёдгор:
-Ўзбакистон аз мухолифони аслии сиёсии тарҳи Роғун маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди кашмакашҳои мухолифатомези ҷониби ҳамсоякишвар дар роҳи бунёди нерўгоҳи мазкур гуфта метавонед, ки агрегати аввали ин нерўгоҳ кай ба кор оғоз хоҳад кард?
Шаҳноза Бобомуродова:
-Ман хоҳиш мекардам, ки аз ҳисоби буҷа як рўзномаи ҳаррўзнашршавандае таъсис дода шавад, ки билкул аз рўзномаҳои имрўзаи ҳукуматӣ фарқкунанда бошад. Як андоза ҷиддитар, бо сабку услуби тоза ва наздик бо журнализми муосир. Кормандонаш низ онҳое бошанд, ки фикри тоза ва дониши кофӣ дар ин соҳаро дошта бошанд.
Субҳон Ҷалилов:
-Шумо Радиои "Ватан" ва барномаи субҳонаи "Субҳи Ватан"-ро гуш мекунед?
Ҳикматулло Сайфуллоҳзода:
-Суоли аввали банда ин хоҳад буд, ки оё баъд аз иҷлосияи Хуҷанд миёни раиси Шўрои олии вақти Тоҷикистон ва президенти Ўзбакистон кадом мулоқот ва аҳде дар мавриди дурнамои кишвар ва низоми давлатдории Тоҷикистон буд ё хайр? Саволи дигарам ин мешавад, ки дар кишвар бархўрд ба арзишҳои исломӣ мутафовит аст ва чаро дар афкори мақомот Ислом дини бегона аст, дар ҳоле ки Шумо Имоми Аъзамро улгуи ҷаҳони Ислом арзёбӣ кардаед? Баъди посухи ошкор пайдо шудан ба ин саволҳо пайдо шудани саволоти дигар осон мегардад.
Маҳмадалӣ Мақсадулло:
-Дархост мекардам, ки ба журналистон, ҳамчун беҳимоятарин қишри ҷомеа ба таври қонунӣ яроқ дода шавад, то дар ҳолатҳои зарурӣ аз худ ва аҳли оилаашон ҳимоя карда тавонанд.
Хуршеди Атовулло:
-Ягон савол надорам, чун ҷавоби ҳама суолеро ки пайдо мешавад дорам.
Саида Қурбонова:
-Дар интихоботи ояндаи президентӣ ҳам номзадиашонро мемонанд?
Саидэҳсони Ҷалолиён:
-Оё Эмомалӣ Раҳмон омодааст бо "мухолифон"-аш (барои мисол Раҳматилло Зоиров, Муҳиддин Кабирӣ, Хоҷимуҳаммад Умаров ва чандеи дигар, ки аз Шўрои ҷамъиятӣ хориҷ буда, имкони сўҳбати мустақим бо президентро надоранд) мулоқот намуда, андешаҳои эшонро дар масоили мухталифи рўзмара тариқи телевизионҳои давлатӣ ошкоро пахш кунанд?
Абдуазими Абдуваҳҳоб:
-Ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳоло ягон суол надорам. Агар суол дошта бошам, барои гуфтани он ҳоло ҷасоратам намерасад.
Умедҷони Саъдулло:
-Президент дар ояндаи наздик тасмим дорад, ки дар Тоҷикистон барои филмбардории сатҳи касбӣ ва баён кардани проблемаҳои сатҳи сиёсӣ аз ин тариқ маблағҳои зиёд ҷудо кунад? Суоли дигар: Оё дар оянда имкони бунёди ягон заводи мошинсозӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст?
Нуралӣ Давлатов:
-Ҷаноби президент! Ба назари шумо, пас аз сари қудрат рафтанатон дар саҳифаҳои таърих Шумо чӣ гуна ёд хоҳед шуд?
Фирдавси Аъзам:
-Агар саодати мулоқот бо раисҷумҳур бароям муяссар бишавад ҳатман аз ў посухи мушаххаси чунин суолҳоро мехостам:
-Омили ташануҷи авзоъ ва сардии муносиботи Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояву ҳаммарзи Ўзбакистон дар чист?
-Соле қабл дар Тоҷикистон таблиғи саросари ва ҷамъоварии муташакилона барои бунёди НОБ-и Роғун сурат гирифт, вале баъди гузашти чанд фурсат шўълаи ин ҳама ташвиқу таблиғ хомўш шуд. Оё ин падида ягон ҷанбаи сиёсие дорад ва умуман донистанӣ ҳастем, ки сарнавишти ин тарҳи ба истилоҳ сарнавиштсоз чӣ мешавад?
-Мусофирати муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои хориҷ то кай идома меёбад ва оё Тоҷикистон дар ояндаи наздик имкони бунёди иншоотҳои муҳиму корхонаҳоро дорад?
-Оё Шумо розӣ ҳастед, ки мо ба хатти аслии худ, яъне форсӣ баргардем?
Талабшоҳи Салом:
-Агар ман бо президент рў ба рў мешудам, савол намедодам, балки хоҳиш мекардам, то дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ба тамаллуқкорӣ хотима бахшад. Зеро шурўъ аз даромадгоҳи беморхона то ферма, ҳама ҷо сухани президент ҳамчун шиор овезон аст, ҳол он ки ҳар як соҳа дорои мутахассису олим аст. Пас, хуб нест, ки дар зоишгоҳ ба ҷойи сухани президент дар бораи шири модар тавсияи олимеро аз соҳаи тиб овезон кунем, ки асоси илмӣ дошта бошад, на назареро, ки шояд нигилизме беш набошад.
Муҳайё Нозимова:
-Мехоҳам аз президент дар мавриди қазияи замини ба Чин додашударо пурсам. Ҳам парлумон ва ҳам вазорати корҳои хориҷиямон ба зарурати додани ин қитъаи замини Тоҷикистон таъкид мекарданд, Шумо чӣ мегўед?
Далери Ғуфрон:
- Аз ҷаноби президент суолам ин мебуд, ки Тоҷикистон кай воқеан ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад.
Вақте аз журналистон мепурсидам, ки бо муҳайё шудани шароит аз президенти кишвар чӣ суол мепурсанд, бештари рўзноманигорони собиқадор хомўш менишастанд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки ба райисҷумҳур саволе надоранд, қисме хоҳиш ҳам мекарданд, ки агар мумкин бошад ба ин саволи ман посух нагўянд…
Ба ҳар сурат ҳоло рўшан нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо журналистон мулоқоти вижае анҷом медиҳад ё ин вохўриро ба вақти дигар мемонад. Аммо бо эҳтимоли қавӣ ҷаноби райисҷумҳур дар суханронӣ ва мулоқотҳое, ки дар чорчуби барномаҳои ҷашнии 20-умин солгарди Истиқлолият баргузор мешаванд, ҳатман ба аксари саволҳои дар боло овардашуда ҷавоб мегўяд.
Абдулазизи ВОСЕЪ