Рӯзномаи «The Daily Telegraph» бо такя ба суханони Сафия менависад, ки Усома бен Лоден зимни ҳуҷуми неруҳои амрикоӣ ба манзили зисташон ҳатто муқовимат нишон надодааст. Бино бар маълумоти ҷадиди ИМА, бен Лоден ҳангоми ҳуҷуми нерўҳои ҳарбии Амрико бидуни силоҳ будааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои қаблӣ бен Лоден ҷониби низомиҳо оташ кушода, ҳатто аз ҳамсари худ ба ҳайси «сипари зинда» истифода бурдааст. Аммо дар асл дар утоқ ду зан ҳузур дошта, ки яке муқовимат нишон додааст.
Ҳамзамон Вашингтон тасмим дорад, дар рўзҳои наздик акси бен Лодени кушташударо интишор намояд. Бино бар маълумоти раҳбари Маркази кашшофии Амрико -Леон Панетта, феълан маъмурияти Кохи Сафед бештар дар мавриди чӣ гуна интишор намудани он андеша доранд.
Ба маълумоти Леон Панетта лаҳзаи қатли бен Лоденро Барак Обама тариқи мустақими наворҳо надидааст.
Аммо, тибқи иттилои қаблӣ Кохи Сафед аз рафти амалиёти махсус тавассути наворҳои видео, ки эҳтимол дар яке аз чархболҳо насб шудааст, назорат мебурд.
Ҳикматулло Сайфуллозода, ра ҳбари маркази «Диалог» бар ин назар аст, ки аслан мубориза бурдан бо терорризм як барномаи стратегии давлат ҳои дунё буда, ки Амрико бо ин амалиёти худ онро зери суол бурдааст.
-Амрико ва НАТО бо мақсади сарнагун кардани гурӯҳи «Ал-Қоида» ва ба хусус бен Лоден ба Афғонистон роҳ ёфта, давоми чанд сол ин ҷо мустақар шуданд. Аммо, аз он ҳама ваъдаву барномаҳо ҳеч кадоме амалӣ нагардид. Чаро вақте тамоми ҷомеаи башарӣ дар робита ба аз байн бурдани бин Лоден ва гурӯҳи «Ал-Қоида» мувофиқ шуданд, Амрикову НАТО ин корро анҷом дода натавонистанд? Ҳатто амалиёти махсус ва маълумоти расмии Амрико дар мавриди кушта шудани бен Лоден зери суол меравад.
Барои мисол Русия дар ин маврид мавқеашро ошкор баён намуд. Аммо Амрико ҳамоно маълумоти « зидду нақиз » медиҳад. Вақте мубориза бо терорризм барномаи байналмиллалӣ аст, пас ин амалиёт дар сатҳи байналмиллалӣ анҷом наёфт? Афроде, ки ин амалиётро тарҳрезӣ ва иҷро намуданд, бояд ба тамоми суол ҳои ҷомеаи башарӣ ҷавоб гўянд. Ин амалиёт тавре анҷом ёфт, ки дар Тоҷикистон Алӣ Бедакиро аз байн бурданд. Ҳамин тавр Усома бен Лоданро гӯйё ба Аф- ғонистон интиқол додаанд ва ё бо риояти қавонини исломӣ «дафн» кардаанд.
Воқеан агар шахсияти бен Лоден аз байн бурда шуд, ин кори хуб аст. Аммо, бояд исбот кунанд, ки чӣ гуна амалиёт буд ва чӣ тавр роҳбари «Ал-қоида» кушта шуд. Нашавад, ки мисли даврони собиқ бо гузашти 56 сол ва ҳатто сад солаҳои дигар таърих исбот карда натавонад, ки Адолф Гитлер куҷост?
Зимнан, таҳлилгарон бар ин назаранд, ки амалиёти махсуси Амрико ба ҷузъ аз «баланд» бардоштани имиҷи сиёсии раисҷумҳури ин кишвар Барак Обама чизе беш нест. Зеро, тибқи як назарсанҷӣ муаяйн гардидааст, ки пас аз амалиёти махсуси Амрико обрӯи Барак Обама 9 дарсад афзоиш ёфтааст, менависад Washington Post. Дар робита Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари Маркази «Диалог» мегўяд, ки ин андеша ҳам то ҷойе имкон дорад, зеро интихоботи раёсатҷумҳур дар Амрико наздик мешавад.
-Аслан, ин амалиёт норўшан буд. Миёни Маркази кашофии Амрико ва Хадамоти амниятии Покистон собиқаи кории зиёд аст, аммо амалиёт якҷониба анҷом дода шуд. Ин ҷо ч ӣ сирре аст. Хабар тавре пахш гардид, ки Усома бен Лоден дар наздикии Исломобод аст, аммо Покистон аз ин бехабар. Ба андешаи ман муносибати сиёсии нерӯҳои матраҳ дар минтақа тағйир меёбад. Ба хусус аз ҷониби абарқудрат ҳои ҷаҳонӣ. Бубинед, дар соли сипаришуда Тоҳир Юлдош ва дар соли ҷор ӣ мулло Абдулло аз байн бурда шуд. Ҳамакнун ба қавле «пири» кори он ҳо низ кушта шуд. Аз ҳамин нуқтаи назар сиёсати ҷаҳонӣ иваз мешавад. Муносибатҳо бо ин шева ҳамеша қабл аз интихоботи президентӣ ва ё баъди он та ғйир мехўранд.
Бояд тазаккур дод, сару садо атрофи қатли бен Лоден зиёд буда, маълумот ва из- ҳороти расмии давлат ҳои хориҷ ҳар лаҳза пахш мегарданд.
Дар робита ба амалиёти махсуси Амрико Русия, Ҳиндустон, Покистон, Аф- ғонистон, Эрон ва дигар кишвар ҳои хориҷӣ изҳорот пахш кардаанд. Аммо дар ин маврид Тоҷикистон ҳамоно хомўш аст. Зимни тамоси пайваста вазорати корҳои хориҷӣ дар сўҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки дар ин маврид изҳороте таҳия накардааст.
Ба андешаи оқои Сайфуллозода, Тоҷикистон дар аксари маворид мавқеашро мустақилона муаяйн намекунад, ҳамеша интизор мешавад, ки шарикони стратегӣ ӣ ч ӣ гуна мавқеъгирӣ мекунанд. Аммо ин навбат мушкил аст, масъала ҳассос. Мавқеи Русия ва Амрико низ дар мавриди амалиёти махсус ва кушта шудани бен Лоден гуногун аст. Тоҷикистон дар миёна қарор дорад. Изҳорот пахш накардани Тоҷикистон ба ҳамин омилҳо рабт дорад.
Вале, новобаста аз вазъият Точикистон бояд мавқеи худро муаяйн намояд ва чанд ҷумлае низ дар ин маврид ба ҷомеаи ҷаҳонӣэ ълон бикунад. Зеро, ҳанўз чанд сол қабл ҳукумати кишвар гуфта буд, ки мулло Абдулло ва дигар саркӯбшудагон ба гурӯҳи «Ал-Қоида» робита доранд.