Аз ин рӯ мо масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ намудем ва ба мувофиқа расидем, ки барои 49 соли дигар ин пойгоҳ дар Тоҷикистон боқӣ бимонад. Феълан санадҳо дар ин бахш таҳия мешаванд ва қарор аст дар семоҳаи аввали соли 2012 дар ин замина санад ба имзо расад." Ин ҳам дар ҳолест, ки зимни баромади худ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи асноди имзошуда миёни ҳарду кишвар сӯҳбат намуда, гуфт, ки он барои амнияти Осиёи Марказӣ бисёр муҳим мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эҳтимоли тамдиди ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон чизе нагуфт: " Мо ҳамкориҳои низомии дуҷонибаро барои солҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор додем ва ҷонибҳо барои таъмини амнияти минтақа омодаанд."
Маврид ба зикр аст, дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев се санад ба имзо расид, ки он ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва низомию амниятӣ ва ёддошти тафоҳумро дар бар мегирад.
Гуфта мешавад, пас аз эълони Дмитрий Медведев дар мавриди ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Тоҷикистон сару садо баланд гардид. Гурӯҳе аз коршиносони тоҷик бар ин назар буданд ва ҳастанд, ки Тоҷикистон ба унвони як давлати соҳибистиқлол набояд санадеро барои муддати тӯлонӣ ба имзо расонад, ба хусус дар мавриди ҳузури низомиён. Ба бовари онҳо дар сурати ба тасвиб расидани санаде ба ин монанд истиқлоли кишвар зери суол меравад. Зеро ин аз он гувоҳ? хоҳад дод, ки давлати Тоҷикистон имкони ҳифзи амнияти давлату мардуми худро надорад.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари анҷумани миллии сиёсатшиносони тоҷик (АМСТ) дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, ки зимни мулоқот руасои ҳарду кишвар талош доштанд то тавозуни манфиати ҳарду ҷонибро нигоҳ доранд. Нодида набояд гирифт, ки дар шароити феъли Тоҷикистон ба пуштибонии низомии Русия ниёз дорад. Аммо ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон дар мавриди бозгашти низомиёни рус ва ё боқӣ мондани онҳо давоми солҳои зиёд дар қаламрави кишвар розӣ шавад. Дар сурати сар фаровардани Душанбе ба шартҳои Маскав ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ноустувор ном бурда метавонанд, ки ин ҳатто истиқлоли кишварро зери суол мебарад, илова намуд Абдулғанӣ Маҳмадазимов.
"Бигузор низомиёни рус боқӣ бимонанд. Вале дар шакли мушовир ва на барои солҳои зиёд. Ба андешаи ман Русия ба ҳеч ваҷҳ розӣ намешавад, то ба Тоҷикистон барои ҳузури низомиёнаш маблағе пардохт намояд. Дар ин маврид пофишорӣ намудани Душанбе, метавонад Маскавро ба хашм орад"- мегӯяд раҳбари АМСТ.
Чанде пеш сару садо атрофи барои ҳузури низомиёни рус 300 млн. доллар талаб намудани Тоҷикистон баланд гардид. Дар зимн гурӯҳе аз коршиносони тоҷик баён доштанд, ки талаби мақомоти кишвар воқеъӣ буда, Русия барои истифода қаламрави Тоҷикистон бояд маблағ пардохт намояд. Аммо он замон таҳлилгарон дар мавриди ҳузури давомдори низомиён ҳадсе намезаданд. Ба бовари номбурда имзои санад дар мавриди ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон барои муддати тӯлонӣ ба манфиати Душанбе хоҳад буд, зеро Афғонистон бо мо ҳамсарҳад аст. Ба хусус дар ҳолате, ки низомиёни Тоҷикистон қавӣ нестанд ва инро ҳаводиси минтақаи Рашт исбот намуд, илова намуд Абдулғанӣ Маҳмадазимов. Раҳбари АМСТ бар ин назар аст, ки Тоҷикистон аз фурсати муносиб истифода бурда, бо ин роҳ, яъне бо ёрии техникии Русия бояд қисмҳои ҳарби ҳавойии худро устувор намояд.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки феълан Тоҷикистон дар вазъияти "ногувор" қарор дорад. Зеро Русия барои "розӣ" кунонидани Тоҷикистон ба шартҳои худ, метавонад аз усулҳои қаблиаш ба монанди боло бардоштани боҷи гумрукӣ, болоравии қимати маводи сӯхт, таҳдид бо радди марз намудани шаҳрвандони тоҷик аз қаламраваш ва имкони ҷорӣ намудани низоми раводид истифода бубарад. Ба бовари коршинсон дар сурати ба вуқӯъ омадани чунин ҳолат Тоҷикистон барои ҳузури низомиёни рус давоми 49 соли дигар розӣ хоҳад шуд. Зеро дар соли 2005, дар остонаи интихоботи президентӣ ба хотири "гарм" нашудани фазои сиёсӣ масъулини Тоҷикистон маркази назоратии қайҳонии "ОКНО"-ро барои солҳои зиёд дар ихтиёри ҳукумати рус гузоштанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари гурӯҳе аз рӯшанфикрони кишвар ҳукумати Тоҷикистон ҳуқуқи барои 49 соли дигар додани иҷозаи боқӣ мондани русҳоро надошта, бояд андешаи мардумро ба назар бигирад. Ба бовари онҳо Тоҷикистон қабл аз имзо зери санади ба ин монанд бояд як ҳамапурсии шаффоф ва ғайримунсифона миёни шаҳрвандон баргузор намояд.
Бояд гуфт, рӯшанфикрони Тоҷикистон дар ҳоле талаби баргузории ҳамапурсиро доранд, ки зимни ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои ИДМ Дмитрий Медведев гуфт, ки давлатҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ ниёз ба нозирони байналмилалӣ надошта, аз ин ба баъд нозирони ИДМ худ аз интихоботҳо назорат мебаранд.