Вале дар Тоҷикистон барои ҳамаи сокинон нархи ягона муқаррар шудааст. Муҳим нест, ки об ба баландошёна мебарояд ё не, муҳим он аст, ки сокинони биноҳои баландошёна ҳам, ки ба хонаҳояшон об намеравад, баробар бо дигар истиқоматкунандагон, ки обашон доимӣ ҳаст пул супоранд. Дар ҳамин ҳол як қисми аҳолии шаҳри Душанбе ё бо соат об мегиранд, ё бо насос об мекашанд ва ё об надоранду аз поён мебароранд. Аммо барои ин худхизматрасонӣ боз баробари сокиноне, ки обашон доимо ҳаст маблағ месупоранд.
"Душанбеводканал" танҳо ба берун кор дорад…
Масъулини корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези шаҳри Душанбе" барои хизматрасонӣ аз аҳолӣ пул талаб мекунанд ва шурӯъ аз 15 -уми октябр барои аҳолӣ ?иммати он боло меравад. Ба қавли Мирзомурод Убайдов, масъули фурӯши оби КВД "Обу корези шаҳри Душанбе" ҳар як сокини хонаҳои бисёрқабатаи то 12 ошёна акнун ба ҷои 2 сомониву 47 дирам, 3 сомониву 50 дирам ва истқоматкунандагони хонаҳои аз 12 ошёна боло 4 сомониву 38 дирам ҳаққи обро бояд супоранд. Барои хизматрасонӣ пул ситонидани КВД "Обу корези шаҳри Душанбе" дар ҳолест, ки ба андешаи сокинон сифати хизматрасонӣ хеле паст аст. Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки аслан системаи обкашии Душанбе солҳои 1960-80 насб шудааст ва имрӯз барои иваз кардани 1 метр лӯлаи обкашӣ ба гранти хориҷӣ умед мебанданд. Дар ҳоле, ки обе, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон истифода мекунанд, ба меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ нест. "Дар сурате, ки оби нӯшокӣ ба меъёри беҳдоштӣ ҷавобгӯ нест, барои он пул пардохт карда намешавад. Вале дар Тоҷикистон бо ин сатҳи пасти хизматрасонӣ боз нархи обро боло мебаранд" мегӯяд ӯ.
Ҳолатҳое мешавад, ки лӯлаи обкашӣ мекафад ва ҳафтаҳо об намеояд, аммо барои таъмири он худи сокинон маблағ ҷудо мекунанд. Оё ин корхона ба гирифтани пул кор дораду ба омадани об масъул нест? Ҳалимбой Абдуллоев, муовини директори КВД "Обу корези шаҳри Душанбе" оид ба маркетинг мегӯяд, ки корхонаи онҳо таъмири лӯлаҳои обкаши берун аз биноро ба ӯҳда дорад ва масъулияти дуруст кардани қубурҳои дохили бино ба ӯҳдаи ЖЭУ аст.
Бархе аз сокинони пойтахт аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар хонаҳояшон аслан об намебарояд. Ҷамолиддин, яке аз истиқоматкунандагони кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев мегӯяд, ки дар бинои 4 ошёнае, ки онҳо сукунат доранд об аз якум ошёна боло намебарояд. Ин вазъият на танҳо дар бинои онҳо, балки дар хонаҳои дар шафати он қарор дошта низ ҳукмфармост. Аксари сокинон барои кашидани об насос насб кардаанд, ки барои нерӯи барқ чанд баробар аз нархи муқаррарии об(3,50 сомонӣ дар моҳ) маблағи зиёд пардохт мекунанд. Вай гуфт: "Аслан ин чӣ гуна хизматрасонист, ки бо насос об мекашем ва шароити насби дастгоҳи обгармкунӣ ҳам мушкил аст?! Зеро агар насос зиёд кор кунад тез аз кор мебарояд. Инчунин барои хизматрасонии об пул мегиранд, аммо обро хуб тоза намекунанд, ки аз сабаби ифлосии он ҳар ду-се моҳ насосамон маҳкам шуда, аз кор мебарояд ва боз бо арзиши 120-150 сомонӣ насос мехарем, ки ин хароҷоти оилавиро даҳчанд зиёд мегардонад".
Вале Ҳалимбой Абдуллоев мегӯяд, ки аз рӯи қоида насб кардани насос мумкин нест. Аз сӯи дигар онҳо хизматрасонии об то дохили биноро таъмин мекунанд ва аз хонаҳое, ки бо насос об мекашанд, маблағ меситонанд. Ба ошёнаи боло об мебарояд ё не, ба масъулияти ЖЭУ дохил мешавад.
Аммо суоле пайдо мешавад, ки вақте обро худи сокинон мекашанд, яъне барои худашон хизматрасонӣ анҷом медиҳанд, чаро боз маблағ супоранд?
Муовини директор оид ба маркетинг бар ин назар аст, ки насби насос сабаби боло нарафтани об мегардад. Вай афзуд, ки чаро қаблан ба ин биноҳо об мебаромаду акнун намебарояд? Зеро насоси зиёде насб шудааст, ки аз руи қоида мумкин нест ва ҳамчунин қубурҳои обкаши дохили бино кӯҳна шудааст, ки сабаби боло нарафтани об мегардад.
Аммо мантиқан насосро зиёд ба кор андохтан ғайриимкон аст, зеро месӯзад ва дар вақти зарурӣ обро кашида, боз хомӯш мекунанд. Вале саволи матраҳ ин аст, ки агар насби насос мумкин набошад, сокинон чӣ кор кунанд? Обро бо даст аз поён кашонанд? Пас дар ин сурат Душанбе, пойтахти кишвар аз деҳот чӣ фарқе дошта метавонад? Ин танҳо мушкили хизматрасонии оби шаҳр набуда, аз рӯи гуфтаи бархе аз сокинон дар баъзе маҳалҳо об набошад ҳам аз истиқоматкунандагон боз пул талаб карда мешавад. Фаридун Шоинбеков, намояндаи Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон (ИИТ)мегӯяд, ки тибқи моддаи 6-и қонун "Дар бораи ҳуқуқи истеъмолгарон", шаҳрванд танҳо ҳаққи молу хизматрасониҳоеро мепардозад, ки воқеан гирифтаст. Аммо дар ҳамин ҳол нагирифтани обро бояд худи истифодабарандагони об исбот намоянд. Одатан аз ошёнаи сеюм боло дар шаҳр об намебарояд. Дар ин ҳолат истиқоматкунандагон бояд ҷамъ шуда, як санад тартиб диҳанд, ки аз санаи фалон об надоранд ва имзо намуда ба корхонаи "Обу коррези шаҳри Душанбе" равон намоянд. Ин ҳуҷҷат далели истеъмолгарон хоҳад шуд, ки воқеан об нагирифтаанд, изҳор дошт ӯ.
Баъзе сокинон танҳо шабона об мегиранд, бархеи дигар аз рӯи соат ва қисмате ба таври шабонарӯзӣ, вале ҳама якхел пул месупоранд. Муовини директори КВД "Обу корези шаҳри Душанбе" оид ба маркетинг мегӯяд, ки фарқ надорад, ки истиқоматкунандагони биноҳо як шабонарӯз об мегиранд, ё танҳо шабона ва ё аз рӯи соат. Аз рӯи қоида барои ҳар як нафар дар шабонарӯз истифодаи 360 кубометр об пешбинӣ шудааст ва бо ин ҳисоб маблағ ситонида мешавад.
Аммо намояндаи ИИТ, Фаридун Шоинбеков мегӯяд, ки агар об танҳо шабона ояд, бояд нисфи маблағ пардохт гардад. Масъулини корхонаи "Обу коррези шаҳри Душанбе" барои таъминоти 24 соата дар 30 шабонарӯз аз ҳар сокини пойтахт 3 сомониву 50 дирам мегиранд. Дар сурати танҳо шабона омадани об бояд нисфи маблағи он, 1 сомону 75 дирам гирифта шавад. Ё муштарӣ метавонад тақозо кунад, ки барояш ҳисобкунак насб намоянд. Насби дастгоҳҳои ҳисобкунӣ вазифаи ниҳоди хизматрасон маҳсуб меёбад, мегӯяд ӯ.
Аммо ба гуфтаи Ҳалимбой Абдуллоев об пулакӣ нест, балки хизматрасонӣ пулакист. ӯ 1 литр оби тозаи нӯшокии дар мағозаҳо ба фурӯш гузоштаро мисол оварда мегӯянд, ки 1 литри он 1 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки 1 куб обе, ки онҳо ба аҳолӣ медиҳанд, 32 дирам аст. Аммо муқоисаи оби мағоза бо оби лӯлаҳои пойтахт то кадом андоза дуруст аст, посухи мантиқӣ мехоҳад. Пеш аз ҳама оби мағоза аз лиҳози тозагӣ бо оби лӯлаҳои мо муқоисанашаванда аст ва дигар ин ки Тоҷикистон мисли Арабистон дашту саҳро нест ва обро ҳам бо арзиши баланд намехарад, ки қимат фурӯшад.
Дар бораи сатҳи пасти хизматрасонӣ ва сарфаи ношаффофи малағ аз ҷониби КВД "Обу корези шаҳри Душанбе" чанд соли пеш собиқ пешвои Ҳизби наҳзати ислом, Саид Абдуллоҳи Нурӣ изҳори назар карда буд, ки баъдан ин корхона аз болои роҳбари собиқи ҲНИТ даъвои судӣ кард.
Саид Қаландаров, раиси идораи оби корхонаи "Обу корези шаҳри Душанбе" ба зиёд будани камбудиҳо оиди хизматрасонӣ таъкид карда, сармоягузорӣ нашудани барномаҳои хубе дар ин заминаро қайд намуд. Ба андешаи ӯ аз ин сабаб сифати оби ошомиданӣ ҳам хуб нест ва хизматрасонӣ ба пояи дигар давлатҳо намерасад. Вай мегӯяд, ки ба таври мисол 30 дарсади моҳонаи мардуми Олмон барои хизмати коммуналӣ, бахусус об сарф мешавад ва боз давлат дастгирӣ мекунад.
Мушкили дигари хизматрасонии об дар он аст, ки ҳаҷми истифодаи обро барои ҳар як хонаи истиқоматӣ як хел муқаррар кардаанд. Дар ҳоле, ки дар баъзе хонаҳо шояд 2-3 оила ё 8-10 кас ва дар баъзеи дигар шояд 2-3 нафар зиндагӣ мекунанд. Барои то андозае бартараф кардани ин проблема масъулин насб кардани ҳисобкунакҳои рақамиро (счётчик) пеш гирифтанд. Аммо ин тадбир ҳам чандон муассир набудааст. Дар як бинои баланошёна танҳо як ҳисобкунак насб карда мешавад, ки ду 15 як 30 аст. Зеро боз тақсими об ба ҳар як хона ба таври умумӣ ҳисоб карда мешавад ва ҳар кас аз рӯи меъёри истифодабарии об маблағ намесупорад. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомот танҳо дар маҳаллаҳои 65-ум,(51 бинои истиқоматӣ), 64-ум(43 бино), 61-ум(55 бино) ва 63-юм насб карда шудааст, ки тақрибан 200 бино дар пойтахт дорои ҳисобкунак аст. Ин дар ҳолест, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8000 биноҳои истиқоматӣ мавҷуд аст, ки аз ин 40 дар садаш ба шаҳри Душанбе рост меояд. Яъне дар Душанбе беш аз 3 ҳазор бинои истиқоматӣ мавҷуд аст, ки 200 ҳисобкунак дар қиёс бо 3000 бино хеле ночиз аст.
Дар бозори Султони Кабир ҳисобкунакҳои чинӣ 20 сомонӣ ва русӣ 50 сомонӣ арзиш доштаанд. Агар ба дар ҳар бинои пойтахт(3000 бино) бо арзиши 20 сомонӣ яктои ҳисобкунак монда шавад, 60 ҳазор сомонӣ ё 12 500 долларро ташкил медиҳад. Дар сурати ба ҳар хона як ҳисобкунак насб кардан ба ҳисоби миёна агар ҳар бино 50 нафар истиқоматкунанда дошта бошад, шумораи умумии аҳолӣ бо назардошти 3000 бино ба 150 ҳазор нафар мерасад, ки барои харидани счётчик 3 млн. сомонӣ ё каме беш аз 600 ҳазор доллар маблағ лозим аст. Ин маблағро ёфтан мумкин аст.
Ба иттилои сухангӯи шаҳрдории Душанбе, Шавкат Саидов ахиран Бонки ҷаҳонӣ барои таҷдиди системаи обкашии Душанбе дар шакли грант 16 миллион доллар ҷудо кардааст. Аз рӯи барнома давоми 5 соли оянда ин 16 млн. доллари БҶ ва 3 млн. доллар аз буҷети пойтахт барои таҷдиди системаи обкашӣ истифода мешавад. Гуфта мешавад, ки барои кам кардани талафот ва сарфаи об аз ин маблағ 76,5 ҳазор ҳисобкунак харидорӣ ва дар хонаҳо насб мегардад. Инчунин маблағи мазкур барои худтанзимкунанда шудани корхонаи "Обу корези шаҳри Душанбе" истифода мешудааст.
Бо ин ҳама дар ҳоли ҳозир барои ҳамаи сокинони пойтахт, хоҳ обашон аз рӯи соат аст ё то ошёнаҳои баланд намебарояд, меъёри пардохти маблағ якхела аст. Исо даҳ куб обро истифода барад ҳам байни ӯ ва Мӯсо тақсим мешавад.
Барои худтанзимкуниву таъмиру таҷдиди системаи обкашӣ солона аз мардум ва корхонаҳо пул ситонида мешавад. Ҳоло шуиораи муштариёни корхона 397 ҳазор будааст ва агар онҳо 3,50 сомонӣ пул диҳанд дар як моҳ 1 млн. 389ҳазору 500 сомонӣ мешавад ва дар як сол 16 млн. 674 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин корхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои хориҷӣ ҳам маблағ месупоранд. Ҳамзамон аз ҷониби созмонҳои молии байналмилалӣ грантҳо ҷудо мешавад.
Аммо раиси корхона Саид Қаландаров мегӯяд, ки тамоми маҳсулоту дастгоҳҳои обтозакуниро аз хориҷа мехаранд. Маҳсулоти обтозакунӣ, ки аз Русия ворид мешавад, пеш 180 доллар арзиш дошт, ҳоло ба 480 доллар баробар шудааст. Арзиши аслии 1 метри кубӣ оби истеҳсолкарда 87 дирамро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки ба муштариён бо 32 дирам мефурӯшанд. Корхонаи "Обу корези шаҳри Душанбе" дуввумин истифодабарандаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон, пас аз корхонаи алюминий мебошад, ки моҳона 12 миллион киловат соат нерӯи барқ истифода мекунад.
Яке аз мушкилоти умда то ҳанӯз ифлос омадани об аст, ки аз лӯлаҳои обкашӣ қуму лой ва занги қубурҳо берун меояд. Ин боиси маҳкам шудани лӯлаҳо, аз кор мондани насос ва дастгоҳҳои обкашӣ мегардад. Ҳамзамон бо хлор тоза кардани об то имрӯз идома дорад ва ба андешаи мутахассисон дар бештари кишварҳо, аз ҷумла Русия низ обро бо хлор тоза мекунанд. Бо вуҷуди он ки хлор обро аз ҳар гуна моддаҳои заҳролуд тоза менамояд, аммо инсонро ба бемориҳое монанди саратон гирифтор месозад. Дар Душанбе соли 2010 бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 2 миллион доллар дастгоҳи нави обтозакунӣ насб гардид. Ба гуфтаи мақомот пештар барои тоза кардани об аз хориҷа хлори моеъ меоварданд, ки зараровар буд ва ҳангоми ворид кардан ба проблемаи зиёд мувоҷеҳ мешуданд. Бо насби таҷҳизоти нав дигар хлор ворид намегардад ва дар ҷояш коркард карда, истифода мебаранд. Вале дар ҳар сурат истифодаи хлор ба саломатӣ зараровар будааст. Барои аз ин бемориҳо эмин мондан бояд технологияҳои нави экологиро истифода бурд, ки ин технологияро академик Петрик ихтироъ кардааст ва ин технология боз аз он ҷиҳат бартарӣ дорад, ки дигар ба иваз кардани лӯлаҳои гаронарзиш ҳоҷат намемонад, мегӯянд мутахассисон.
Дар ҳамин ҳол ба андешаи коршиносон ифлосиву норасоии оби нӯшиданӣ ва сифати пасти хизматрасонӣ мушкили хоси танҳо сокинони пойтахт набуда, балки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Дар барномаи давлатии таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ омадааст, ки аз 66 шаҳру маркази навоҳии ҷумҳурӣ танҳо 52 тои онҳо системаи обкашӣ доранд. Беш аз 70 дар сади системаи обкашӣ таҷдиди назар мехоҳад, ки ин ҳама ба сатҳу сифати хизматрасонии оби нӯшокӣ таъсир мерасонад. Ба иттилои расмӣ феълан дар қаламрави вилояти Хатлон 80 дарсади аҳолӣ аз оби ҷӯйбору рӯдхонаҳо истифода мекунанд ва танҳо камтар аз 20 дарсади сокинони ҷануби кишвар бо оби коркардшуда ва соф таъминанд.
Дар Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 2005 мавзӯи оби тоза бардошта шуда буд ва соли 2005-2015-ро Созмони милал "Соли оби тоза" эълон карда буд. Дар робита ба ин шиорзаниҳо созмонҳои хориҷӣ барои таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ корҳоеро анҷом доданд, аммо мардум мегӯянд, ки корро бесифат анҷом додаанд. Масалан, дар ноҳияҳо тавассути лӯла об оварда шудааст, лекин намояндагони созмони хориҷӣ барои гузоштани қубур ва рӯйпӯш кардани он на мутахассисон, балки сокинонро ба ҳашар даъват кардаанд. Дар дар тобистон бошад асосан мардон ба муҳоҷират мераванд ва занон ба кор ҷалб мешаванд ва ҳоло бештари чунин системаи обкашие, ки занҳои деҳот дуруст карда буданд, аз кор баромадааст ва боз барои таҷдиди он маблағи зиёде лозим аст. Аммо пуле, ки барои бунёди онҳо сарф шуд, агар қарз бошад, ба гардани мардум меафтад ва шояд бо далели баргардонидани он дафъаи дигар нархи об боз қиматтар шавад.
Ҳоло суоле пайдо мешавад, ки барои таҷдиди системаҳои обкашии шаҳри Душанбе чӣ қадар маблағ лозим аст? Ба қавли Зулфиқори Исмоилиён корхонаи "Обу корези шаҳри Душанбе" барои барқарор кардани шабакаҳои обрасон 600 млн. доллар талаб карда буданд. Вале бо 600 млн. доллар метавон як шаҳрак бунёд кард. Ёд дорам, ки аз соли 1996 то соли 2003 ҳудуди 100 млн. доллар грант барои тоза кардани об ҷудо шуда буд, вале ин шабакаҳои обрасонӣ дар ҳолати аввала боқӣ монданд. Ҳатто дар расонаҳо баҳсҳое ҳам буд, ки ин пулҳо ба сирқат бурда шудаанд. Ҳоло масъулини корхонаи "Обу корези Душанбе" аз Бонки ҷаҳонӣ қарздор аст ва сабаби боло бурдани нархи обро ҳам баргардонидани қисме аз қарз ва қимат шудани маҳсулоте, ки барои тоза кардани об аз хориҷ ворид мегардад, маънидод кардаанд. Вале агар он маблағҳое, ки аз ҷониби созмонҳои молии байналмиллалӣ ихтисос ёфта буданд, ба маврид истифода мебурданд, пурра барқарор кардани шабакаҳои обрасонӣ имкон дошт. Дар кӯчаҳои Душанбе имрӯз аз сабаби берун задании об аз лӯлаҳо чашмаҳои маснӯии зиёде пайдо шудаанд, вале ҳеч кас эътибор намедиҳад. Лекин бо далели он ки об масраф мешавад, масъулини идораи "Обу корези Душанбе" маҷбуранд, ки аз мардум маблағи бештар гиранд, то он камбудиҳояшонро ҷуброн кунанд.
Аммо Ҳалимбой Абдуллоев чунин мешуморад, ки агар сокинон масъулият эҳсос карда, ба корхона занг зада, аз мавзеи қубурҳои кафида моро огоҳ кунанд, таъмир мекунем. Аммо худи сокинон ҳам бояд дар масъалаи сарфаи об беаҳамият набошанд. Зеро бебарқу газ зиндагӣ карда мешаваду беоб не, илова кард ӯ.
Барои бартараф кардани мушкили мавҷуд дар хизматрасонии об ба андешаи коршиносон бояд дар ҳар як хонае, ки об дода мешавад, ҳисобкунакҳои об насб кунанд. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, дар он сурат ҳар як хонавода мувофиқи имконияташ обро истифода мебарад ва ба сарфакорӣ аҳамият медиҳад. Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пули об низоми муайяне надорад, ки мушкилоти зиёдеро ба бор оварда. Аз ин рӯ, то замоне, ки одамон аз рӯи ҳисобкунак маблағро худашон бурда ба бонк насупоранд, масъалаи ҷамъоварии маблағи об ба низом намедарояд, мутмаинан мегӯянд коршиносон. "Паҳлӯи дигари масъала ин гирифтани қарз аст. Чаро мо қарзро барои таъмин кардани об истифода намебарем? Беҳтар аст, ки тендер эълон шавад ва ягон ширкати хориҷии дар соҳаи системаи обтаъминкунӣ таҷрибадор системаи обрасониро таъмир кунад. Фикр мекунам, барои ин пули зиёд лозим нест. Мутаассифона, маблағҳои зиёдеро мегиранду кори анҷомдода маълум нест" мегӯяд Исмоилиён.
Харҷи маблағе, ки аз рӯи барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ дар давоми солҳои 2007-2020 барои аҳолии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, 3324843,7 сомониро ташкил медиҳад, ки ҳудуди 700 млн. доллар аст. Агар бо қимат шудани нархи об ва харҷи ин қадар маблағ дар соли 2020 шабакаҳои обрасонӣ барқарор нашаванд, пас дигар умеде аз беҳбудии вазъ нахоҳад монд. Аммо як чиз мушаххас хоҳад шуд, ки аз ин ба баъд Бонки ҷаҳонӣ аз "Водоканал" пул талаб мекунад ва онҳо аз мардум пул мекананд. Дигар роҳи баргардонидани қарз боқӣ намемонад!
Исфандиёр Халилӣ