Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аз амалӣ нагаштани қонуну санадҳои марбута оид ба фарҳанг дар Тоҷикистони ибрози нигаронӣ намуд.
Вакили мардумӣдар палатаи поёнии парлумон Шодӣ Шабдолов зимни баррасии лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» гуфт: « Ҳамон муҷассамаҳои Ленин дар гирду навоҳии кишвар дуруст нигоҳ дошта намешавад, баъзе умуман хароб шуданд. Барои мисол, муҷассамаи дар шаҳраки Ваҳдат ва Шаҳринав ҷойгир шуда, аъзоёни ҲК ба он ҷо рафта, гирду атрофи муҷассамаи Леиниро гулгузорӣ ва нигоҳубин намуданд. Дар ноҳияи Ленин вақте рафтанд аллакай мақомоти маҳалли ин чизора ба назар гирифта, гирду атрофи ҳайкалро поккорӣ кардаанд.
Шодӣ Шабдолов афзуд, камбудиҳо дар робита ба амалӣ нагардидани бархе аз пешниҳодҳои вакилон дар бораи фарҳанг, махсусан дар ҳоле ки фарҳанги тоҷикон фарҳанги ҷаҳонӣ шудагӣ аст, ба назар мерасад. Масъулин дар ҳифзу нигаҳдории ҷойҳои таърихӣ, муҷассамаҳои фарҳангӣ аслан кам талош мекунанд. Дар ҳамин робита вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ гуфт, барои эҳё, нигаҳдорӣ ва нигоҳубини ёдгориҳои таърихӣ аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешавад ва вазорат бо имконоти мазкур онҳоро таъмиру тармим мекунад. Райиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров қайд кард, ки мо бояд барои ҳифзу нигаҳдории ҷойҳои таърихӣ талош намоем.