Хизмати алтернативии ҳарбӣ. Бошад ё набошад?
Чанде пеш лоиҳаи қонуни «Хизмати алтернативии шаҳрвандӣ», аз ҷониби Анҷумани ҳуқуқдонҳои ҷавони Тоҷикистон таҳия ва баррасӣ шуд. То куҷо ин тасмим дастгирӣ меёбад ва натиҷаҳои дигар давлатҳо ба мо чиро нишон медиҳад? Хабарнигори «Озодагон» дар робита ба ин бо котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ҳамсӯҳбат шуд.
Озодагон: Тавре хабар доред, лоиҳаи қонуни «Хизмати алтернативии шаҳрвандӣ»пешниҳод шудааст . Оё Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ин қонунро ҷонибдорӣ мекунад?
Фаридун Маҳмадалиев: Албатта чунин пешниҳод аз ҷониби як созмони ғайридавлатӣ анҷом шуда ва аз тарафи Вазорати мудофиа лоиҳаи хизмати алтернативии шаҳрвандӣ пешниҳод карда нашудааст. Аммо Вазорат ҷонибдори чунин шакли хизмат ва шаклҳои дигари хизмат ҳаст ва дар ин самт корҳоеро низ анҷом дода истодаем. Бояд ба инобат гирифт, ки барои анҷоми ҳар коре аввал шароитро муҳайё сохтан лозим.
Озодагон: Ба назари Шумо чаро ин мавзӯъ матраҳ гардид? Шояд шумораи нафароне, ки хизмати алтернативӣ кардан мехоҳанд зиёд аст ё ба хотири ғанӣ кардани буҷет ва ё ниёзи мардуми кишвар ба пешниҳоди хизмати алтернативӣ боиси чунин пешниҳод гаштаааст?
Фаридун Маҳмадалиев: Масъалаи ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби бо пуррагӣ, ё ин ки тамоман фаъолият накардани корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ номумкин мебошад, чунки онҳо наметавонанд сари вақт шаҳрвандони ба хизмати алтернативӣ даъватшавандаро ба кор таъмин намоянд.
Озодагон: Агар ин лоиҳаи пешниҳодӣ пазируфта шавад оё метавонед гуфт, ки як нафар барои анҷоми хизмати алтернативӣ чи қадар маблағ бояд супорад?
Фаридун Маҳмадалиев: Дар мавриди барои адои хизмати алтернативӣ маблағи муайян супоридани шаҳрванд, танҳо оилаҳои шахсони сарватманд метавонанд маблағи муайяншударо супорида, аз хизмати ҳарбӣ озод шаванд ва ин тартиб барои даъватшавандагоне, ки ба хизмати ҳарбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъват мешаванд, бетаъсир намемонад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавон буда, бояд барои адои хизмати ҳарбӣ даъватшавандагони ҷисман солим, соҳибмаълумот ва соҳибкасб даъват карда шаванд, ки ҳалли ин масъаларо дар шароити имрӯза танҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» таъмин карда метавонад.
Новобаста аз ин дар Раёсат ва шӯъбаҳои дахлдори Вазорати мудофиа барои ҳалли масъалаи ҷорӣ намудани хизмати алтернативӣ, таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Конфронси илмие, ки бо иштироки намояндагони якчанд (Русия, Молдова) давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил рӯзи 14 июни соли равон дар кохи Ваҳдат баргузор шуд ба қабул ва амалӣ намудани хизмати алтернативӣ бахшида шуда, баҳри ҳалли мусбии ин масъала заминагузорӣ карда шуд.{jathumbnail off}