Кенн Гросс, сафири Амрико дар Душанбе афзуд, мехоҳам ба халқи Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот табрикоти худро изҳор намоям, Эъломияи умумии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид озодии матбуотро ҳамчун пояи асосии ҷомеаи демократӣ ҳимоя менамояд. Барои нигоҳ доштани ҷомеаи солим шаҳрвандони инфиродӣ бояд ҷиҳати изҳор намудан ва шунидани фикру мулоҳизаҳои мухталиф озод бошанд. Аз номи Президент Обама ман бори дигар ҷонибдории доимии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро аз озодии воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон тасдиқ мекунам.
Сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои озод ва мустақили ахбори омма дар мушорикат бо Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзоёни воситаҳои ахбори омма кор мекунад. Ҷаноби Гросс дар поении номааш навиштааст, ки бесуботӣ бештар на аз озодии аз ҳад зиёд, балки аз озодии аз ҳад маҳдуд маншаъ мегирад. Изҳори озоди нуқтаҳои назари мухталиф мамлакатро нерӯмандтар мегардонад ва қадами нахустини ноилшавӣ ба ризоият аст.