Озодагон: Ҷаноби оқои Қосимиён ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ барои хабарнигорони тоҷик чист?
Руҳуллоҳи Қосимиён: Талоши мо барои тақвияти таҷрибаи якдигар мебошад. Ҳадафи аслӣ ҳам расонидани иттилоъ ба мухотабони тоҷик мебошад. Умедворем, аз ин давраи омӯзишӣ хабарнигорони тоҷик қаноатманд буда, барои инъикоси ҳаводиси Тоҷикистон таҷрибаву дониши ондӯхтаашонро истифода мебаранд. Ба назари ман ҷомеаи расонаии Эрон дар қиёс бо ҷомеаи расонаии Тоҷикистон қавитар аст. Вале мо талош дорем, то фазои иттилоотии Тоҷикистон низ хеле устувор бошад. Аз ҳамин лиҳоз, мо тасмим дорем , то дар хабаргузории «Форс» бахше бо забони сиррилик боз намоем. Барои фаъолият дар ин бахш ҳатман хабарнигорони тоҷик даъват мешаванд. Ин гоме барои ҳамкории устувори оянда хоҳад буд.
Озодагон: Пас, шумо низ бар ин назаред, ки мавҷудияти хатти сиррилик монеи ҳамкории боз ҳам густарда бо Тоҷикистон ҳаст?
Руҳуллоҳи Қосимиён: Он чизе, ки дар зеҳни ғайритоҷикон аст, он аст, ки миллати тоҷик ҷузъи асили фарҳанги форсист. Мо ғайритоҷикон ин дидро дорем, ки тамаддуну фарҳанги тоҷиконро як тамаддуни адабиёти форсӣ медонем, на сиррилик. Дар сурати ҳамкории устувор мо ба тамаддуну ҳувияти аслии якдигар наздик мешавем. Роҳандозии бахши сирриликии фаъолияти хабаргузории «Форс» низ маҳз ба ҳамин хотир аст. То ҷое мо огоҳӣ дорем, феълан дар мадориси Тоҷикистон забон ва хати порсӣ тадрис мешавад. Албатта шумо якбора наметавонед аз хати сиррилик ба порсӣ бигзаред, вале ҳамин тадрис шудани забони форсӣ худ гоме ба пеш аст. Ба назари ман Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки фарҳангу таърихи як доранд, дар сурати роҳандозии хати форсӣ метавонанд ҳамкории наздиктаре дошта бошанд.
Озодагон: Ҳадаф аз роҳандозии бахши алоҳида бо хати сиррилик дар хабаргузории «Форс» чист?
Руҳуллоҳи Қосимиён: Бояд гуфт, ки хабаргузории «Форс» барои баргузории чунин давраҳои омўзишӣ тасмим дошт ва интихоби аввал низ Тоҷикистон шуд. Чун мо бо ин кишвар таъриху фарҳанги як дорем. Мо адабиёт, таърих ва тамаддуни муш тарак дорем.
Роҳандозии бахши алоҳида танҳо ба хотири иштироки фаровони ҳарду ҷониб дар тамоми ҷанбаҳо мебошад. Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои зиёди сиёсӣ ва иқтисодӣ доранд. Мо дар талоши он ҳастем, ки равобити расонаии ҳарду кишвар ба як равобити ҳасанае табдил бишавад. Мо алоқамандем, ки рўзноманигорони тоҷик дар расонаҳои эронӣ қалам бизананд. Давлатҳои мо ҳамкорӣ доранд, Ҳамкории бюрократӣ. Мо расонаҳо бояд худ мустақилона ҳамкорӣ дошта бошем. Дар ин ҳол расонаҳои Эрон метавонанд аз сиёсати расонаии Тоҷикистон ва ё баръакс хабарнигорони тоҷик метавонанд аз сиёсати расонаии Эрон истифода кунанд. Мо бояд ҳамкориро дар тамоми ҷанба ба роҳ бимонем. Расонаҳоии хабарии тоҷик аз он сиёсати шўравие, ки ин ҷо ҳаст бояд як зарра фосила бигиранд. Кишварҳои форсизабон бояд сиёсати расонаии як дошта бошем.
Озодагон: Ҳамчун хабарнигор дар робита ба фаъолияти расонаҳои хабрии Тоҷикистон чӣ гуфта метавонед. Дар Тоҷикистон озодии баён риоя мешавад?
Руҳуллоҳи Қосимиён: Аслан расонаҳо дар ҳар кишвар пойбанди ҳамон сиёсат ҳастанд. Мо ҳам дар Эрон истиқлоли расонаӣ дорем ва ҳамзамон аз сиёсати кишварамон фаромўш намекунем. Ҳар кишваре тибқи Қонуни Асосӣ як сиёсати мушаххас дорад, ки Тоҷикистон ҳам аз он истисно нест. Он чизе, ки мо мушоҳида кардем, метавон гуфт, он дар Эрон нест. Ҳамзамон, он озодие, ки мо дар Эрон дорем дар ин ҷо ба назар намерасад. Сиёсати озодии баён ҳамин чизро талаб мекунад. Ба мушоҳидаи манн, баъзе аз расонаҳои интернетии шумо дар нисбат ба расонаҳои навишториатон истиқлоли бештару беҳтар доранд. Дунёи имрўз дунёи инқилоби интернету шабака аст. Расонаҳои навишториро маҳдуд карда мешавад, вале ҷилави интернетро касе гирифта наметавонад. Хусусияти дастгоҳҳои диҷититол (рақамӣ) ҳамин аст, ик ҳар чӣ зудтар иттилоъро расонанд. Аз ҳамин ҷиҳат метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон озодии интернетӣ бештар аст.
Мусоҳиб: Ҳумайрои Бахтиёр