Боз сари як навҷавони тоҷикро буриданд. Албатта аз ҳукумате, ки дар лобалои сари ҳамдигарро буриданҳои гурӯҳҳои даргири тоҷик ба сари қудрат омада, интизори вокуниши ҷасурона доштан корест хандаовар. Аммо бо ин вуҷуд…
Шояд яке аз бузургтарин ҳикмат дар низоми офаринишу ташаккули фарҳанг ва суннат ин ривояти ҳазрати Иброҳиму Исмоил бошад. Ҷанбаҳои гуногун дорад, амсоли раҳму шафқати Худованд, садоқат ба Офаридгор, фирефтаи зарқу барқӣ дунёи моддӣ нашудан ва беш аз ин ҳам ба суннат ё одат табдил нашудани буридани сари инсон ва қурбонии фарзанди одам. Намедонам чаро ҳоло ин фикр ва ин ривоят ба хотирам омад. Шояд ба он хотир, ки ҳайвонсириштоне дар пойтахти кишвари Русия боз сари як ҳамватани моро буридаанд. Шояд Ҷонибеки 24-сола қурбониест ба хотири бетарафиҳо, тарсуиҳо, ғуломгуна буданҳо, ҳаққи худро талаб накардану наситонданҳо, ба дӯстии дурӯғини онҳо бовар карданҳо, ба хотири манфиати ночизе аз арзишу усул гузаштанҳо… хуллас қурбонии оҷизии ману мо.
Як ошное, ки мансабаке дар ҳукумат дорад, вақте эътирозу нороҳатии маро аз ин ҳодиса мешунид, ба оҳанги таскину сард гуфт, ки «сиёсат эҳсосотро намеписандад ва вокуниш ба ин гуна ҳодисаҳо бояд бо назардошти манфиати кишвар сурат бигирад». Агар сиёсат чунин аст, ман аз ҳафтод пушташ безорам. Гӯри падари ин сиёсату сиёсатбозиҳо оташ бигирад, ки як навҷавонро мисли гӯсфанд сар буридаанду мо бишинем манфиат ҳисобу китоб бикунем. Агар воқеан ҳукумат пеш аз вокуниш ба ин ҳодисаи мудҳиш дар паи арзёбии манфиат бошад, дигар ба ҳеч ваҷҳ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки дар ҳеч куҷо иддаои ҳукумати мардумӣ будан дошта бошад. Ҳарчанд банда шахсан ба ин амр хеле хушбин нестам. Гузашта аз ин ҷасорати озодавор тасмим гирифтан ва дар баробари ноадолатӣ ва таҳқир қад алам карданро дар ин болонишинҳо то ҳол мушоҳида накардаем. Агар инҳо ҳамон миқдор, ки барои тамаллуқу чоплусӣ ба шахси аввал фикр мекунанду талош доранд, дар ростои дифоъ аз ҳуқуқу сарбаландии миллат ва ҳар як шаҳрванди ин кишвар фикр мекарданд ҳеч оқипадари модарбахатое ҷуръат надошт, ки нисбати тоҷик ин гуна таҳкиромез муносибат кунад.
Боз сари як навҷавони тоҷикро буриданд. Ин амал дар пасманзари гузаштҳои ҳукумати кишвар ба хоҳишҳои бузургманишонаи ҳукумати рус мабнӣ бар 49 соли дигар дар хоки Тоҷикистон боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия боз як муште бар сари ифтихори тоҷик аст. Шояд он фарзандони озода ва боғурури миллат, ки аз ин созиш нороҳат шудаву аз тариқи шабакаи иҷтимоӣ дар интернет онро таҳқир арзёбӣ карда буданд, имрӯз бештар хуни дил мехӯранд. Охир барои ҳама рушан аст, ки тоссарҳо сохтаву парвардаи мансабдорони рус ҳастанд ва ин ки ҳар вокуниш дар баробари андешаҳои бузургманишонаи ҳукумати Русия дар Тоҷикистонро ҷосусакони ниҳодҳои ҷосусии ин кишвар ба Маскав хабар мерасонанд. Аммо ин ҳақиқат мусаллам аст, ки то замоне ҳукумат манфиати як гурӯҳ ва ҳатто гоҳе як шахси соҳибмансабро манфиати ҳамаи мардуми кишвар медонад ва бар ин меъёр тасмим мегирад, тоҷикро чун мардуми бепушту паноҳ таҳқир мекунанд. Онҳо, ки имрӯз мансабаке доранду соҳиби қасру кушку мошинҳои гаронарзишанд, пеш аз ҳама масъули бурида шудани сари Ҷонибек ва Салоҳидинҳои тоҷик буданду ҳастанд. Ҳатман рӯзи посух гуфтан хоҳад расид, агар тасмиме арзанда нагиранд.