Санъати эстрадаи Тоҷикистон, ки гардонандагони он шоу бизнесро ба маънии тӯйгардак мефаҳманд, шаҳри бедарвозаро мемонад. Расму оинҳоро танзим карданд, ришу мӯйлаби муаллимонро танзим карданд, масҷидравии наврасонро танзим он тараф истад, тамоман табу эълон доштанд…
Ва танҳо санъати мусиқиро касе натавонист танзим намояд. Ҳатто кӯшиш ҳам накард. Дар ин майдони бесару нӯг, ки «ҳар кас медонаду дави аспаш», чӣ корҳое, ки намешавад. Аввалан бахшиш, ки ин тавр андешаронӣ дорам, вале ин майдон то он ҷо беназорат аст, ки бародар ба хоҳари худ изҳори муҳаббат карда, посухи ҳамсон мешунавад ва ҳазорон каси дигар зери ин наво хурсандиву рақс мекунанд. Аҷаб нест, онҳое ҳам кафкӯбӣ кунанд, ки танзиму назорати асолати фарҳангу санъат вазифаи ҷоноҷонашон аст
.