Моҳи август маъмулан ҳамчун моҳи имтиҳон барои пазируфта шудан ба донишгоҳҳо маъруф аст. Кам иттифоқ меафтад, ки ин моҳ мисли имсол ба ин ҳад зиёд моҳи имтиҳон шуда бошад. Ба вижа барои мардуми мо имсол моҳи август саропо моҳи имтиҳон аст. Аз сӯи дигар на ҳама ва на ҳамеша аз имтиҳон муваффақу сарбаланд берун меоянд.
Азбас инсон ба зоти худ як ҳастии маънавист дилам мехоҳад аз имтиҳони маънавии имсол, яъне аз моҳи шарифи Рамазон оғоз кунам. Ин моҳ аз як сӯ имтиҳонгоҳи сабри мусалмонҳо бошад, аз сӯи дигар остонаи дарвозаи раҳмату мағфират аст. Воқеан фақат лутфи Худованд аст, ки дар гармтарин рӯзҳои сол уммати ҳазрати Муҳаммад (с) рӯзадоранду дар баробари аташу ташнагӣ сабр мекунанд ва умедворанд, ки Худованди раҳмон аз оташу аташи дӯзах эминашон медорад.
Имтиҳони ҳамасола дар ин моҳ ҳамон имтиҳони қабул ба донишгоҳҳост. Ҳоло ҳарфу ҳиҷо дар мавриди наҳваи баргузории ин имтиҳонҳо ҳамеша будаву солҳои ахир зиёдтар шудааст. Бархе бо қасам хӯрдан иддао мекунанд, ки дар фалон донишгоҳ ин миқдор маблағ барои қабул шудан асту дар ин донишгоҳ ин қадар. Чун ин ҳама аз ҳадди овозае бештар нест, пардохтан ба он кори беҳуда ба назар мерасад. Беш аз ин чун умумигӯӣ аст дар ин маврид беш аз ин ҳарф задан худо нахоста метавонад боиси озурда гаштани хотири он устодоне шавад, ки дасту дили пок доранд.
Барои аҳли бозор низ, ба вижа дар пойтахт, ин моҳ имтиҳонҳои зиёд дорад. Аз як сӯ ҳукумати шаҳр барои боло набурдани нархи маҳсулот онҳоро муваззаф карда, аз сӯи дигар меъёрҳои инсоф ва он ҳам дар ин моҳи Шариф, масъулияташонро дучанд гардонда. Албатта ин имтиҳон барои онҳоест, ки на дар забон, балки дар амал мусалмон ҳастанд.
Дар ин баробар ин моҳ метавонад бештарин имтиҳон барои ҳукумати Тоҷикистон бошад. Чанд рӯзи дигар бистумин солгарди истиқлоли кишвар таҷлил мешавад. Ба назар мерасад дар ин моҳ бузургтарин имтиҳон барои ҳукуматдорон парҳез аз дурӯғ аст. Ҳатто ба хотири хуш омадан ба ҳар касе ҳам бошад гуфтани дурӯғ ва он ҳам дар мавриди арзише беназир мисли истиқлол шояд нобахшиданитарин гуноҳ бошад. Таърихро намешавад сохт, зеро таърихи сохта давом надорад. Меъмори истиқлоли ин кишвар касе ба ҷуз шодравон устод Тоҳири Абдуҷаббор нест. Ҳатман як рӯз ин воқеият барои ҳамеша ошкор хоҳад шуд, ки ӯ муаллифи эъломияи истиқлоли ин сарзамин аст ва аксари онҳое, ки имрӯз мушти истиқлолхоҳӣ ба сина мезананд, дар асл мухолифи истиқлол буданд ва худро берун аз низоми шӯравӣ ҳатто тасаввур карда наметавонистанд.
Имтиҳон ҳамеша натиҷа, ё ҳамон баҳо дорад. Ҳоло оё аз имтиҳон киҳо муваффақу сарбаланд берун меоянд? Оё дар остонаи бистумин солгарди истиқлол метавон амалкарди сардамдоронро нишони гузаштан аз имтиҳон донист? Оё вақти эълони баҳо кай хоҳад буд? Магар ин пурсишҳо худ як имтиҳон ва интизори посух нестанд?