Посухи расмии «Амонатбонк» ба маводи интиқодии хабаргузории «Озодагон»
Рӯзи 15.07.2011 дар сомонаи «Озодагон» мақола бо номи «Кӯлоб: Ҳатулкорӣ дар пардохти нафақа» аз чоп баромад, ки дар он муаллиф (Аслиддин Достиев) дар хусуси мавҷудияти қарздории маблағҳои нафақа, сари вақт дастрас нагардидани нафақапулиҳо ва давоми рўзҳои 12-ум то 14-уми июли соли ҷорӣ кор накардани дастгоҳҳои бонкомат дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон, сухан гуфтааст. Муаллиф камбудиву норасоиҳоро дар самти пардохти нафақа дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мавриди танқид қарор дода, дар баробари дигар ташкилотҳои масъул як идда интиқотҳоро нисбат ба фаъолияти муассисаҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ин минтақа, пешниҳод намудааст, ки Раёсати бонк ҷиҳати дурустии далелҳои номбурда санҷиши мукаммал доир намуд. Сараввал мехостем ба иброз намоем, ки Амонатбонк ва тамоми муассисаҳои он дар саросари кишвар ҳамчун мақоми хизматрасон фаъолият намуда, дар сурати ба суратҳисобҳои бонкӣ ворид гардидани маблағҳои нафақа масъулини бонк онҳоро дар мӯҳлатҳои камтарин дастраси нафақагирон менамоянд. Теъдоди умумии нафақагироне, ки Амонатбонк ба онҳо хизмат мерасонад дар миқёси ҷумҳурӣ 547 ҳазорро ташкил медиҳанд. Албатта фаъолияти рӯзмарра ва монеъаҳои зиёд ба хусус дар системаи кӯҳнашудаи корӣ сабабӣ пайдо шудани камбудиву норасои мегардад. Аммо ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани онҳо Раёсат, роҳбарият ва тамоми кормандони бонк кӯшиш мекунанд. Дар мавриди кай ворид гаштани маблағҳо ва чӣ гуна пардохт гаштани нафақа, агар муаллифон ба муассисаҳои бонк муроҷиат мекарданд, далелҳои мӯътамад ва асоснок дастрас менамуданд, ки барои пешниҳоди маълумоти мазкур дар ягон муассиса монеъа вуҷуд надорад. Ҷиҳати пардохти нафақаи нафақагирони шаҳри Кӯлоб қайд кардан ҷоиз аст, ки пардохти нафака дар тамоми қаламрави шаҳр тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст ва мувофиқи рўйхати пешниҳодгардидаи мақомотҳои ҳифзи иҷтимоӣ нафақапулии онҳо бо таври автоматӣ ба ҳисобҳои кортии онҳо интиқол дода мешавад, яъне ин маънои онро дорад, ки дар ҳолати аз ҷониби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маблағгузорӣ гардидани маблағи нафақа нафақагирон худи ҳамон рӯз метавонанд маблағҳояшонро бе ягон мамоният аз дилхоҳ гушаи ҷумҳурӣ тавассути дастгоҳҳои терминалии пардохтӣ (банкомат, пост-терминал), ки дар ҳоли ҳозир дар минтақаи мазкур 11 адади онҳо фаъолият мекунанд, дастрас намоянд. Ҳамчунин дар мақола омадааст, ки гуё аз мушоҳидаи Сулаймон Холов як хабарнигори маҳаллӣ, санаҳои аз 12-ум то 14-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб, банкоматҳо кор намекардаанд ва нафақагирон тўли ин муддат натавонистаанд, маблағи нафақаашонро бигиранд. Дар ин маврид гуфтанием, ки аз ҷониби кормандони Идораи кортҳои бонкии Дастгоҳи марказии бонк ҳамарӯза тариқи мониторинг фаъолияти банкоматҳо назорат карда мешаванд. Тибқи натиҷа ва маълумотҳои ҷойдошта, дар санаи 12, 13, 14-уми июли соли 2011 ҳарду банкомати дар шаҳри Кӯлоб васлгардида 556 амалиёти хизматрасонии кортиро иҷро намуданд, ки ҳаҷми умумии маблағҳои пардохтшуда ба мизоҷон 85 433 сомониро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо далели онанд, ки банкоматҳо дар вазъи хуби корӣ қарор дошта, ба таври максималӣ фаъолият кардаанд. Дар баробари банкоматҳо инчунин 9 адад пост-терминал, ки дар ихтиёри оҷонсиҳои филиали минтақа қарор доранд дар ҳолати хуби корӣ буда, ба нафақагирон хизматрасонӣ намудаанд.Дар мавриди қарздории нафақа дар ноҳияи Балҷувон аз роҳбарияти Амонатбонки ин ноҳия пурсиш гузаронида шуд. Роҳбари филиали Амонатбонки ноҳияи Балҷувон Наботов А. гуфтаҳои муаллиф, ки гуё «баъзе аз нафақагирон ҳанўз нафақаи моҳои апрел ва майро нагирифтаанд» пурра рад намуд ва аз рӯи ҳисоботҳои оморӣ ва тавозунӣ низ маблағҳои воридшуда барои моҳҳои зикршуда бо пуррагӣ пардохт карда шудаанд. Новобаста ба ин аз ҷониби кормандони Идораи назорат ва аудити дохилибонкии Раёсати Амонатбонк гурӯҳи корӣ ба ин ноҳия фиристода шуд ва дурустии ин рақамхо зери тафтиш қарор дода мешавад. Дар хусуси ду нафар нафақагирон аз ноҳияи Шӯрообод, ки гўё давоми 8 моҳ нафақаашонро нагирифтаанд, роҳбари филиали Амонатбонк-и ноҳияи мазкур – Бобоев М. иброз намуд, ки як моҳ қабл нафақагир Шерхонов Аҳмад оид ба нагирифтани нафақааш муроҷиат намуда буд, ки сабаби он нагузаштани маблағи нафақа ба суратҳиби бонк мебошад. Ҳамчунин, аз гуфтаи роҳбари филиал муайян гардид, ки ному насаби ин нафақагир то моҳи майи соли ҷорӣ дар рўйхатҳои ном ба номи ба Амонатбонк пешниҳодгардида сабт нагардида буд. Баъд аз ҳалли масъалаи мазкур бо мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ному насаби ў дар рўйхатҳои ном ба номи моҳи июн сабт гардидааст, ки дар ҳолати бо пуррагӣ маблағгузорӣ шудан, нафақаи шаҳрванд Шерхонов А. дастрас карда мешавад. Дар баробари гуфтаҳои боло илова менамоем, ки гузариш ба шакли наву замонавии хизматрасонӣ яъне пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ маҳз ҷиҳати боло бурдани сатҳи хизматрасониҳои бонкӣ дар ин самт мебошад. Амонатбонк дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ҷиҳати иҷрои ин барномаи давлатӣ кӯшиш ва заҳмати зиёд ба харҷ медиҳанд. Имрӯз як идда навоҳӣ ва минтақаҳои кишвар ба ин намуди хизматрасонӣ гузаштааст, ки рӯз то рӯз самараҳои дилхоҳ дода истодааст. Ин оғози кор аст ва ҳамагон медонем, ки оғози ҳар амал аз печидагиҳо ва мушкилоте иборат аст, ки бо тақозои вақт бартараф мешавад. Ҳамчунин қобили қайд аст, ки фаъолияти мунтазам ва самараноки дастгоҳҳои пардохтӣ бештар ба инфрасохтори маҳалҳо аз қабили хизматрасонии алоқа, интернет, қувваи барқ ва ғайра вобастагӣ дорад. Албатта мутахассисони бонк ҷиҳати пешниҳоди роҳҳои алтернативӣ ва сарфи назар намудани баъзе монеъаҳо (аз қабили фаъолияти пост терминалҳо бо батарейкаҳо дар ҳолати набудани барқ, пайваст ба хатти алтернативии алоқаи Интернет) заҳмати зиёд менамоянд, вале ин монеъаҳо метавонанд низоми фаъолияти онҳоро халалдор намояд. Дигар аз масоли ҳалталаб дар ин маврид ин донишу малака ва фарҳанги истифодаи кортҳои бонкӣ аз ҷониби дорандагони онҳо ба хусус нафақагирон мебошад. Амонатбонк дар ин самт ҳам кору маблағи зиёдро ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ пиёда менамояд. Роликҳои тарғиботии телевизионӣ, овезаю дастурҳо оид ба истифодаи дастгоҳҳои пардохтӣ, ташкили гурӯҳои махсуси фаҳмондаҳӣ дар филиалҳо, гузаронидани машварату семинарҳо бо мутахассисон ва як зумра чорабиниҳои дигар, ки бо ин мақсад гузаронида мешавад. Баҳри муроҷиати шаҳрвандон дар Раёсат ва ҳамаи Филиалҳои бонк телефонҳои боварӣ насб карда шудааст, ки тавассути онҳо шаҳрвандон ва ба хусус нафақагирон метавонанд оид ба ин ё он масъала муроҷиат намоянд. Ҳамчунин ҳар рӯзи шанбе аз соати 9-00 дар бинои асосии Раёсати бонк ва Филиалҳо дар ҷойҳо қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст, ки дар он ҳамагуна масълаҳо шунида ва баррасӣ мешаванд.Ғайр аз ин дар даҳлези биноҳо қуттиҳои арзу шикоят гузошта шудааст ва почтаи электронии Бонк ҳамрӯза дар ҳолати корӣ қарор дошта шаҳрвандон метавонанд ҳангоми муроҷиат аз инҳо истифода баранд. Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳамеша тарафдори интиқоди асоснок ва ошкор намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта буда, аз таваҷҷӯҳи муаллифон ва расонаҳо арзи сипос менамояд. Аммо дар иртибот ба гуфтаҳои боло онҳоро ба ҳамкорӣ ва дастҷамъона ба роҳ мондани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ, даъват менамояд.
Раиси Раёсати «Амонатбонк»: Гулнора Ҳасанова {jathumbnail off}