Зарифӣ бо Аппатурай вазъи Афғонистону минтақаро баррасӣ карданд
Муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва ҳамкории ҷумҳурӣ бо созмони НАТО дар Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, пас аз зӯҳри 22 июни соли 2011 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ фиристодаи вижаи дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Ҷеймс Аппатурайро, ки дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.Зимни ин нишаст мавзӯъи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва НАТО, ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва созмони номбурда дар чаҳорчӯби Барномаи “Ҳамёрӣ баҳри сулҳ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо вазъ дар Осиёи Марказӣ, таъмини амният дар сарҳадот ва раванди барқарорсозии сулҳ дар Афғонистонро муҳокима карданд.{jathumbnail off}