«Кор бо Сергей барои мо ифтихори бузург аст, - гуфтааст, Ян Хендерсен, раҳбари кулли шӯъбаи русиягии Sony Music. – Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то мусиқии Сергейро ба аудиторияи бештари тамошобинон пешниҳод намоем».
Албоми Сергей Лазарев «Electric Touch» соли 2010 таҳия гардид. Сабтҳои он дар Амрико, Англия, Швейсия ва Русия анҷом шуд. Дар ин албом беҳтарин продюсерони сатҳи ҷаҳонӣ ҷалб шудаанд. «Ман тамоми нерӯ ва таҷрибаамро зимни таҳияи ин албом сарф кардам, - изҳор доштааст, Сергей Лазарев. – Аз натиҷаи кори худ фахр мекунам. Electric Touch бидуни шак давраи ҷадиде дар эҷодиёти ман аст».
Диски мазкур аз сӯи коршиносони бахши шоу-бизнес баҳои баланд гирифтааст. 3 июни соли равон «Eleрctric Touch» ҷоизаи «Муз-ТВ»-ро дар номинатсияи «Беҳтарин албоми сол» дарёфт кард.