Гурӯҳи «Челси» бошад, бо сабаби рафтани Роман Архипов аз «чоргона» ба «сегона» табдил шуд. Тибқи иттилои сомонаи «СтарсНюс» сабаби рафтани Рома ҳамдигарнофаҳмиҳои эҷодӣ будааст. Манбаъ навиштааст, Рома ҳамеша ба хард-рок таваҷҷӯҳи бештаре дошт, дар ҳоле, ки аъзои дигари гурӯҳ тасмим доштанд, ки бо усули мусиқии поп қуллаҳои шӯҳратро фатҳ кунанд. Виктор Дробиш, продюсери «Челси» гуфтааст, онҳо фаъолияти гурӯҳро дар ҳайати Арсений Бородин, Алексей Корзин ва Дэн Петров идома дода, алъон тасмими пайдо кардани нафари чорумро надоранд.{jathumbnail off}