Тоҷикистон бояд ҳар чӣ зудтар даст ба ислоҳоти иқтисодӣ занад.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари душанбегии Бонки Ҷаҳонӣ иттилоъ доданд, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ ахиран ёддоштномаеро нашр ва ба ҳукумати ҷумҳурии мо ирсол доштааст. Дар номаи мазкур ҳамчунин омадааст, «дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам оғоз кардани соҳибкорӣ мушкил аст ва баъзе аз амалкардҳои пешинаи давлат, роҳи сармоягузоронро бастааст.Тоҷикистон барои рушдуи муназзами иқтисоди кишвар ва табдил додани он ба як иқтисоди гуногунҷанба бояд дар чаҳор самт кӯшиш кунад. Мусоидат ба сармоягузории хусусӣ дар арсаи кишоварзӣ, таъмини суботи макроиқтисодӣ ва мудирияти муносиби маблағҳои давлатӣ, нигаҳ доштани мизони феълӣ ва ё зиёдтар кардани кӯмакпулиҳои муҳоҷирон, таъмини муназзами кишвар бо нерӯи барқ ва афзоиши содироти он».{jathumbnail off}