Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсарро бинобар сабаби анҷом ёфтани мўҳлати фаъолияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доир ба масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Покистон гуфтугў сурат гирифт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти сесолаи Холид Усмон Қайсар ба ҳайси сафири Покистон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки корҳои дар ин муддат оғозёфта ба анҷоми мантиқии худ расонда мешаванд.Бо ишора ба имкону захираҳои фаровон ба густариши бесобиқаи ҳамкории судманди дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир изҳори боварӣ карда шуд.Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Покистону Афғонистон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия сурат гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши сеюми сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе - Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ба ин раванд такони ҷиддӣ мебахшад.