Ҳамватанони арҷманду гиромӣ!
Интихобкунандагони мӯҳарами ҳавзаи
интихоботии Сино, рақами 4- и шаҳри Душанбе!
Рӯзи 15 майии соли равон шумо барои тақдири чаҳор соли дар пеш будаи хеш рақам мезанед. Аз якояки шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям дар интихоби вакил- намояндаи худ дар мақоми олии қонунгузори кишварамон- Маҷлиси намояндагон иштибоҳ накунед. Банда, Саидов Толибшо Баротович (Толибшоҳи Сайидзода), журналист, муҳаррири нашрияи «Миллат», ки аз тариқи худпешбарӣ барои дарёфти курсии вакили Парлумон дар ҳавзаи номбурда номнавис шудаам ва агар шумо овози хешро дар 15 май бароям бовар бикунед, ман раъйи шуморо амонат медонам ва ба амонат хиёнат нахоҳам кард. Аз ин рӯ ҳамдиёрони арҷманду гаронқадр аз шумо хоҳиш менамоям аз номзадии журналист, намояндаи қишри рӯшанфикри ҷомеъа ҷонибдорӣ намоед. Аз даргоҳи Худованд барои хонадони ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ сулҳу амонӣ, файзу баракат, ободиву хушбахтӣ мехоҳам.
Худоё, чунон кун, ки анҷоми кор,
Ту хушнуд бошиву мо растагор!
Бо умеди ободӣ ва сарбаландии миллати шарифи Тоҷикистон
Саидов Толибшо, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон