Суғд: Беш аз 9 кило ҳашиш забту мусодира шудааст
Тавре ба хабарнигори «Озодагон» аз РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар шимоли Тоҷикистон маводи нашъадор кашфу мусодира гардидааст.
Манбаъ афзуд, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар рохи мошингарди Саидқӯрғон-Оқтеппаи ноҳияи Спитамен шаҳрванди Қирғизистон Сайдулло Сангинов, сокини деҳаи Қурғони ноҳияи Лайлак дастгир карда шудааст. Аснои кофтуков ва азназаргузаронии борхалтаи варзишии ӯ, аз дохили он 10-баста ёфт шудааст, ки он ҳашиш буда миқдори умумияш 9 килову 130 граммро ташкил медод. Оиди ин ҳодиса нисбати шаҳрванди Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 4 ( муомилоти ғайриконунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо )-и КҶ боз гардида, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}