Афғонистону Фаластин дар Тоҷикистон сабқати футболро доир месозанд
Тими миллии футболи давлати исломии Афғонистон фардо бо хатсайри Кобул- Душанбе вориди Тоҷикистон мешавад.
Тавре ёвари президенти федератсияи футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашов ба «Озодагон» иттилоъ дод, дастаи мунтахаби Афғонистон тамринҳои омўзишӣ-машқии худро дар шаҳри Норак баргузор менамояд ва ба нақша гирифтааст, ки дар давоми ин машқҳо бо дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии дӯстона анҷом бидиҳад.
Бозии аввалини худро бошад, бо тими миллии Фаластин дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода мегузаронад. Сабқат миёни ин ду даста барои ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон сурат мегирад.
Хоркашов афзуд, дастаи мунтахаби Фаластин санаи 27-уми июн мувофиқи нақша тавассути хатсайри Душанбе -Истамбул ба Тоҷикистон меояд. Аз сабаби номусоид будани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ набудани варзишгоҳи марказии шаҳри Кобул бо қарори кумитаи иҷроияи конфедератсияи футболи Осиё бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон 2014 байни тими миллии Афғонистон ва тими миллии Фаластин рӯзи 29-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.