Эрон: Мо омодаем, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунем
Эрон омода аст, ки фанноварии ҷадиди ҳастаиашро дар ихтиёри кишварҳои дигар гузорад.
Фақат ба шарти он ки ин давлатҳо ба созишномаи паҳн накардани силоҳи атомӣ бипайвандад ва агар ин равандро Агентии байналмилалии назорати маводи ҳастаӣ (МАГАТЭ) таҳти контрол дошта бошад. Дар ин бора нойибрайиси ҷумҳурии исломии Эрон, ҳамзамон сарвари ташкилоти энергияи атомии ин давлат Фаридун Аббоси Давонӣ, дар як ҳамойиши МАГАТЭ иброз доштааст. «Мо хостори онем, ки дигар кишварҳо аз таҷрибаи мо, ки тӯли 30 соли ахир новобаста ба таҳримҳои мухталиф андӯхтем, истифода кунанд». Фаридун Аббосӣ таҳримҳои байналмилалиро дар қиболи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон «нажодпарастии ядроӣ» унвон кардааст. Ҳамзамон, ӯ гуфтааст, «ман бо роҳбари МАГАТЭ ҷаноби Юкия Амано мулоқот доштам ва аз ӯ даъват кардам, ки Теҳрон омода аст, дарҳои худро барои тафтиши масъулини агентӣ барои назорати маводи ҳастаӣ боз кунад».
Давонӣ ба мавзӯъи нерӯгоҳи ҳастаии «Бушеҳр»-и Эрон ишора карда гуфт, дар ин маврид мушкил вуҷуд надорад ва низоми бехатарии истгоҳ ба таври олӣ фаъолият дорад. Бино ба қавли ӯ, нерӯгоҳи атомии «Бушеҳр» ҳоло барқ истеҳсол намекунад ва кай ба тавлиди барқ шурӯъ кардани он аз муҳандисону технолологҳо вобаста аст. «Ин амал бозгӯи он аст, ки мо то кадом андоза ба таъмини амният дар ростои энергияи атомӣ таваҷҷӯҳ дорем», ҷамъбаст кардааст Фаридун Аббоси Давонӣ. {jathumbnail off}