Шаби гузашта дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт чорабинии «Посбони хотира» баргузор гардид.
Тибқи иттиллоъи шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, дар ин маросим, ки шаби дароз то субҳи имрӯз идома ёфт, садҳо нафар аз сокинони пойтахт ва гӯшаву канори кишвар ширкат доштанд. Маврид ба ёдоварист, маҳфили мазкур ба хотири ёдбуди қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ доир гардид ва рафти онро ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои мавсум ба «Мир» ба навор гирифт.
Соати чори субҳ ба вақти шаҳри Маскав, гирдиҳамомадагон шамъҳоро фурӯзон карданд ва аз ин роҳ эҳтироми худ нисбат ба хотираи шаҳидони ин ҷангро баён доштанд. Гуфта мешавад, ки дар маҳфили ёдбуд сокинони 19 шаҳр аз ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ширкат доштанд.
Ёдрас менамоем, маҳз 70 сол муқаддам дар ҳамин рӯз Адолф Ҳитлер, сарвари Олмони фашистӣ ба артиши натсистиаш аҳдшиканона ба СССР ҳуҷум кард.Ин ҷанги хонумонсӯз риштаи ҷони беш аз 27 миллион нафар шаҳрвандони советиро канда, 9-майи соли 1945 пас аз 1418 шабонарӯз бо пирӯзии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом пазируфт.Маврид ба тазаккур аст, ки дар набардҳои ин ҷабҳа 300 ҳазор фиристодагон аз Тоҷикистон низ ширкат доштанд, ки аз нисф зиёди онҳо ба таври абадӣ дар корзор монданд. 55 нафар фарзандони шарифи миллат унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советиро шарафёб гардида, 70 ҳазори дигар бо нишону медал ва ифтихорномаҳои роҳбарияти вақти шӯравӣ сарфароз шуданд.{jathumbnail off}