«Тобистони бачагӣ» дар таътили тобистона
Дар истироҳатгоҳи «Шарора»-и дараи Варзоб озмуни маърифатӣ таҳти унвони «Тобистони бачагӣ» сурат пазируфт.
Дар ин бора аз маркази матбуоти кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Чорабинии мазкур ба муносибати рӯзи ваҳдати миллӣ бахшида шуда, иштирокчиён аз рӯи шартҳои зерин: иншо, қироати шеър, намоиши гӯшаҳо ё рӯзномаи деворӣ ва иҷрои суруд дар мавзӯҳои Ватан, Модар, Забон, Ваҳдат, Тоҷикистони соҳибистиқлоли ман, Душанбе- шаҳри сулҳу ваҳдат баромад намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни беҳтарин аз тарафи мутасаддиёни чорабинӣ қадрдони гардиданд.