Пан Ги Мун барои дуввум бор дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интихоб гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи генералии ташкилоти мазкур дар Ню-Йорк, аксари ширкатдорон ба ҷонибдории роҳбари вақти созмон овоз додаанд. Гуфта мешавад, Пан Ги Мун панҷ соли дигар вазифаи котиби генералии СММ ба ӯҳда гирифта, то соли 2016 ваколаташ идома мекунад. Бино ба навиштаи бахши русии «ВВС» , собиқ вазири умури хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ- ҷаноби Мун номзади ягона барои курсии дабирӣ буд, ки шӯрои Амнияти СММ бо як овоз аз ӯ ҷонибдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи ӯ расонаҳои мухталиф ҳамчун роҳбари хусусияти номуайян дошта сўҳбат мекунанду дипломатҳое низ ба фаъолияташ эътирозҳо доштаанд. Охирҳои соли 2007 як гурўҳ кормандони дастгоҳи СММ аз он нигаронӣ доштанд, ки раҳбари ҷадид ҳангоми интихоб ва таъини кадр авлавиятро ба ҳаммеҳанони худ медиҳад. Вале ин шикоятҳо дар зудтарин фурсат мавриди таваҷҷўҳи Вашингтон қарор гирифта, баъдан бо хулосаи «раҳбарияти нав дастаи худро таъин мекунад», анҷом ёфт.
Дар соли 2008 исми Пан Ги Мун ва фаъолияти вай боз ба сархати хабарии расонаҳо баромад. Номаи шикоятии муовини намояндаи доимии Норвеж дар СММ Мона Йуул дар расонаҳои хабарӣ паҳн гардид, ки дар он номбурда аз сифати фаъолияти котиби генералии СММ шикоят мекард. Пан Ги Мун ба ин сару садо мавқеъгирӣ накарда, хомўширо риоя кард. Сару садоҳо атрофи рафтор ва амалҳои Пан Ги Мун тайи солҳои ахир низ дар матбуоти даврӣ ва расонаҳои дунё зиёд ба назар мерасиданд. {jathumbnail off}