Ҷасади нафари дуюми қурбоншуда аз селхезии ноҳияи Фархор пайдо гардид.
Чанд лаҳза қабл дар ин бора аз маҳалли ҳодиса масъули дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Дӯстмурод Забиров ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, бародарон Фазлиддин ва Фахриддин Мирзоевҳо (сокинони рустои Майдапата), ки аввалӣ 18-сол ва дуюмӣ ҳамагӣ 16-сол доштанд, шоми гузашта зери сел монда ба ҳалокат расида буданд. Ҳоло ҷасади Фазлиддин ҳам дарёфт гардида, ба соҳибонаш супорида шуд. Забиров афзуд, дар натиҷаи омадани сели шаби гузашта дар минтақаҳои гуногуни кишвар бар асари бориши зиёд дар маҷмӯъ се нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҷустуҷӯи ҷасади Гулсара Хоҷаева, сокини деҳаи Шингаки ноҳияи Панҷакент бошад, то ҳанӯз натиҷае надодааст.
Бино ба қавли манбаъ селхезии бештар дар навоҳии Фархор, Панҷ, Шаҳринав ва шаҳри Панҷакенту Ваҳдат ба вуқӯъ пайваста, бар асари он роҳҳо вайрон шуда, ба хоҷагиҳои аҳолӣ ва киштзорҳо хисороти ҳангуфт расидааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки як сол қабл аз ин ҳам дар ҳамин шабу рӯз обхезӣ ва селрезӣ ба мушоҳида расида, ҷони бештар аз 50 -нафарро гирифт, 30- тани дигар бе ному нишон шуданд.Зарари аз ҳама бештар ба шаҳри Кӯлоб расида, оқибатҳои он то ҳоло комилан бартараф нагардидаанд. Хисороти ворида бошад, тибқи иттилои расмӣ беш аз 600 миллион доллари амрикоиро дар мегирифт.