«Сӯхтор» дар фурудгоҳи Душанбе ба таври оҷил бартараф гардид
Тамрини навбатии хадамоти оташнишонӣ дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт сурат пазируфт.
Дар асоси нақша- чорабинӣ вобаста ба амалиёти оташнишонии сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии вазорати корҳои дохилӣ дар фурудгоҳи мазкур машқҳои тактикӣ баргузор гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуотии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Муҳамадюсув Шодиев иттилоъ дод, ҳангоми гузаронидани машқҳои тактикии оташнишонӣ дар фурудгоҳи мазкур дар ҳолати фуруд омадани ҳавопаймо, гӯё шартан ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, дар он сӯхтор ба амал меояд. Оташнишонон бо як чустучолокӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ сӯхторро бартараф мекунанд.
Дар машқи тактикӣ хадамоти техникии садамавии фурудгоҳ, қисмҳои оташнишонии шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо истифода аз техникаву таҷҳизоти муосири оташнишонӣ аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.
Гуфта мешавад, аз тарафи сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД чунин машқҳои тактикӣ дар ҳудуди дилхоҳ иншоот мунтазам гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин гуна тамринҳо омодагии доимии оташнишонон ба гузаронидани амалиётҳои сӯхторнишонӣ мебошад.{jathumbnail off}